«Ман худододам…»

Кудаки  

Зохир Нуралиевич  Бобоев- Мураббии Шоистаи Точикистон, Сармураббии тими мунтахаби чавонони то 17 солаи кишвар- дар шахри Душанбе, дар кучаи ШАФАК таваллуд шудааст. Харчанд, ки баъзехо гумон мекунанд, ки у зодаи нохияи Хамадони ва  ё Фархор аст, баъзехо хаёл мекунанд, ки аз Кургонтеппа аст, мардуми дустдори футбол дар нохияи Рудакиву Шахринаву Шахритус гумон мекунад, ки у хамшахрии онхост. Хатто баъзан хаёл мекунанд, ки аз Бадахшон аст…У аз он, ки хеле масъулиятшиносу ватандусту дидадарост, хама дар симояш нафари наздику азизро мебинанд. Ва вокеан хам у фарзанди ТОЧИКИСТОН аст…

У замоне ба футбол ру овард ва онро дуст дошт, ки хатто кеди хам барои бози надошт. Бо калуш бози

Бозии собикадорони футбол, Душанбе соли 2003

мекард. Аз кудаки дар кучаашон наврасон ва  хатто аз худаш калонсолонро ба кавли худаш «машк» медод. Боре ба Чагатай-дехаи хамсояи Душанбе мераванд. Аз кучаашон то майдони хариф медаванд. Бозиро бо галабаи худашон анчом дода, ба хулосае меоянд, ки бояд ин галабаро хотирмон кайд кунанд. Ва хама-гайр аз як хамдастаашон, ки бо велосипед буд, хуро ба дарёчаи Душанбе хаво дода, ба ин канори дарё мегузаранд. Яъне то майдон давида мераванд ва аз он майдон то карибии хона шино карда меоянд…

Киссаи ду сатил зардолу

Аллакай гуфтем, ки Зохир Бобоев футболро замоне дуст дошт, ки хатто пойафзоли варзиши надошт. Ба падараш мегуяд, ки ба у пойафзоли варзиши бихарад.  У ки дар 77 солагии падараш ба дунё омада буд ва писари дустдори падар буд, хохишашро бояд ичро мекарданд. Падар мегуяд, ки «бачам, аз хамин зардолу як сатил чинда бурда фуруш ва кеди бихар!» У болои зардолуи хавли мебарояд ва як сатил зардолу мечинад.  Он вакт як сатил зардолу нархи як кедии хубро дошт. Аммо Зохир, ки он замон синфи 7 буд, хост боз  як сатили дигар зардолу бичинад. Хаёлам, ки мехост, ду кеди бихарад. Аммо бо сатили дуюми зардолу сарозер омад. Ба замин афтид. Дигар на ба бозор рафт ва на бо пули зардолу кеди харид. Зардолухои чиндаи уро хушк карданд ва падар худаш пойафзоли варзишиаш  харид. Гумонам, хамин ходиса ва хамон як сатил зардолуи гуфтаи падар барояш дар зиндаги сабак шуд. Яъне, хар кадар ки ичозат аст ва раво хамон кадар бояд гирифт ва хурд. Зохир мегуяд, ки «ман холо хам пули изофаву пули дигаронро наметавонам, ки аз худ кунам. Бояд хар кадаре, ки раво асту ичозат, хамон кадар бигири ва ба хона бубари» Сатили дуюми зардолуро падар нагуфта буд-ку…

Подабони ва аввалин бозии футбол

Зохир Бобоев.Соли 2004

Хамон руз навбати подаи оилаи Зохир буд. У гову моли мардумро дар наздикии майдони футбол мечаронд. Дар он майдон бошад, тими футболи Раёсати Тролейбусхои Душанбе бо кадом тими дигаре бози мекард. Зохир метавонист, ки тамошо накунад? НЕ! У хам дар куча бози мекард-ку?! Боз «мурабби» хам буд. У бозиро бо шавк тамошо мекард. Хамин вакт мураббии тими РТД (ДТУ) Борис Султонович Хочаев кадом футболбозашро аз майдон берун мекунаду ба Зохир нигариста мегуяд, ки  «Э бача, футбол бози карда метавони?». У метавонист. Пойафзоли варзишии нафари дигарро ба пояш мепушаду ба майдон мебарояд. Мурабби уро химоятгар таъин мекунад. Ман тасаввур мекунам, ки он замон Зохир на дар андешаи гову моли мардум буд ва на дар хаёли товони зарар аз гум шудани онхо. Факат мехост, ки худашро нишон бидихад. Мурабби уро мешиносад. Бозиаш писандаш меояд. Пагох ба у либоси варзиши медиханд. Зохир Бобоеви наврас акнун хам дар ин даста бози мекард, хам посбону богбони  хамон майдон буд. У имруз бовар мекунад, ки хунар ва истеъдод худододи аст, ки чизе сабаб мешаваду он рушд меёбад. Ва хам мегуяд, ки «агар хамон мурабби намебуд, Худо медонад, ки холо ман ки мешудам ва дар кучо мебудам…»

Падари Зохир посбони мактаби миёнаи раками 62 буд. Модараш хам дар мактаб кор мекард. У накл мекунад, ки чи гуна то ба аскари рафтанаш ба онхо кумак мекард-фарши синфхона ва рохравхои мактабро мешуст, сахаргохон хамрохи модараш дар печхои  мактаб алов мегиронд, хамрохи падар дар каровулхонаи у шабро руз мекард… Хулоса, ки мехнат мекард. У накл мекунад, ки дар сафархо баъзан то 40 шабонаруз мондааст. Ва тахминан баъди хафтаи аввали сафараш ин хама кучахову кудакихову оилаву хонаи падариву хонаи худаш ба ёдаш меоянд, пеши руяш чилва мекунанд….

Баракати як суми падар

Гуфтем, ки Зохир аз кудаки бо мехнати халол одат карда буд. Кудакони замони шуравиро ба ёд доред, ки чи гуна интизори идхои 1 май ва 7 ноябр мешуданд. Зохир хам ин ду идро интизор мешуд.. Як вакт сахари ид назди падар истод. Падар ба у, ки бо чурахояш бояд ба боги ба номи С. Айни меомаданд ва  «ид мекарданд»,  як сум дод. Зохир дигар чурахояшро, ки пули бештаре бо худ гирифта буданд мисол овард.  Якеаш, ки писари  магазинчи буду кариб 10 сум дошт.  Ба умед буд, ки аз падараш пули бештаре мегирад, зеро писари хурдии падар буд ва хам баробари волидонаш кор мекард. Аммо падараш гуфт, ки «бачам, пулхои мо бо  дузди ва  бо рохи фиреб ба даст наомадааст. Баракати хамон як суми ту дигар аст…»

Чурахо омаданд ба боги ба номи С. Айни. Зохир бо як сум як лимонади  «ДЮСШ» хариду як пирожки ва як бор дар кадом чархофалаке нишаст. Боз бояд бо чанд тини бокимонда то хона меомад. Гизои «идона»-и дигар чурахояш  аз гизои у фарк дошт. Онхо-ку пули бештаре доштанд. Аз кариб 10 сумие, ки онхо

Зохир Бобоев ва сутунхои зиндагии у.

доштанд, факат ду ё се сумашро сарф мекунаду суи хона рахсипор мешаванд. Дар хамон чое, ки холо бозори «Варзоб» аст, як гурух аз наврасону калонсолон, ки рус буданд ва дар хамон минтака гуё «шэф» буданд, онхоро ихота мекунад. Ид буд, онхо хам пули бештаре доштан мехостанд. Хулоса, ки кисакоби сар мешавад. Аввал киссахои Зохири наврасро мекобанд. Ончо чизе набуд. Як сум чи мешавад, тамом шуда буд…Дигарон, ки 7-8 сумии дигар дар кисса доштанд, намехостанд, онро бароварда ба он «рохзанон» бидиханд. Ва «хучаинони он минтака» хам чурахои Зохирро лату куб карданд ва хам пулхои онхоро гирифтанд.

Зохир ба хона омаду киссаи рузи идро ба падараш накл кард. Падараш гуфт, ки «диди, бачам, баракати як суми мехнати мо дигар аст…»

Имруз писари дуввуми Зохир Бобоев номи падари бузургвораш-НУРАЛИРО дорад!

Аскари

Замоне, ки ба аскари рафт, аллакай футболбози дастхои футболи «Спартак», «Чашма»-и (Шахритус) буд ва дар чандин мусобикахои дохили Точикистон ва берун аз он ширкат карда буд. Аз синфи 7 то хатми мактаб ба аксари кишвархои СССР-и собик сафар карда, дар майдонхои онхо бози карда буд. Зохир Бобоев мегуяд, ки «замони хатми мактаби миёна ман аз пули худам ба даст оварда хатто  мошин харида будам». Дар ин муддат у аз мураббиёни футбол-Эдуард Корбов, В.С. Корчеев, Г.Д.Сироватский, Ю.Р. Карамян нозукихои футболро меомузад. Ман аз Зохир пурсидам, ки барои чи дар дастахои асоси мураббиёни точик набуданд? Харчанд  маълумам буд, ки ба мураббиёни точик, хатто бо доштани истеъдоди хуб ва тачриба хам имкони сарварии командахои асосиро намедоданд. У хам хаминро гуфт ва мисол овард Б.Хочаевро, ки зодаи Дарвоз буд ва метавонист, ки мураббии тими асосии футбол бошад! Акнун бубинед, ки бо амри такдир дар ду соли хизмати аскари-аввал омузиш дар Округи харбии Ленинград ва баъд хизмат дар Мурманск,  у ягон бор футболбози накардааст! Ин гумонам, санчиши дигари такдир буд, ки уро ба кисм ва вохиди махсусе бурд, ки ташвишхои тамоман дигар дошт. Вале хамин ду сола дури аз футбол хам мухаббати уро ба футбол кам накард. Баракс…

Баъди аскари

Зохир Бобоев замони аскар будан. Мурманск, солхои 1981-83

 Баъди хизмати аскари Зохир ба Точикистон меояд. Харчанд афсарон аз он кисми низоми пешниход мекунанд, ки ба Маскав рафта, ба Мактаби Милиса хучат супорад. Хатто нишонии он мактабро хам медиханд ва ваъда медиханд, ки кумакаш мекунанд. Аммо Зохирро мешавад бе Точикистон тасаввур кард? Меояд ба Ватан!   Падари азизаш факат 15 руз писари «тиллои»-и худро баъди хизмат  мебинаду аз дунё чашм мепушад. (Зохир, ки дар 77 солагии падар таваллуд шуда буд, уро хамин гуна -«тиллои» мегуфтанд!) У дохил мешавад ба Донишкади Политехникии Точикистон (ихтисоси 0501 -механик-технолог). Факат барои он, ки дар мусобикахои футбол шарафи Донишкадаро боло мебардошт, дархол шинохта ва дустдошта мешавад. Хатто Ректори хамон вактаи Донишкадаи Политехники Наримон Холович Ёкубов, ки худаш дустдори футбол ва донишчуёни варзишдустдор будааст,  уро дуст медоштааст. Агар мухассили хамон солхо хастед, хуб медонед, ки он вакт «просто так» масалан аз мавсими пахтачини донишчуро озод намекарданд. Аммо Зохирро озод мекарданд, озод мекарданд ба хотире, ки  банди футболаш кунанд. Ва у дар  банди футбол озод буд. Шояд хамин аз дарсу аз пахтачинихо ба хотири футбол озод кардани Зохир ба манфиати Донишгохи Политехники нашуд. Зеро Зохир Бобоев ин Донишкадаи машхурро, ки замони шурави на хар кас ба он дохил шуда метавонист, бо Донишкадаи тарбияи чисмони иваз кард!  Замони тахсилаш дар он Донишкада ба Ректории шодравон Иброхим Хасанов рост омад. Зохир ба ёд меорад, ки чи гуна муносибаташ бо Ректор хуб буд ва хатто Ректор хангоми санчишу имтихонхо ба муаллимон мегуфтааст, ки «Зохирро нопурсида бахо гузоред…» Аммо Зохир мегуяд, ки «маро албатта мепурсиданд ва ман кушиш мекардам, ки ин бовариро, ки ба ман зохир мешавад, сазовор бошам». Иброхим Хасанов  ба Зохир дуо хам медихад. Ба хар сурат, мардуми донишманду ботачриба мутахасиси ояндадорро хуб мешиносанд… Мисоли дигар ин дастгири ёфтани Зохир Бобоеви чавон аз чониби Раиси футболи Точикистони Шурави Юрий Рашидович Вохидов аст.

Огоз

Зохир мегуяд, ки «махз хамин шахс -Юрий Рашидович Вохидов-барои мурабби шудани ман рох кушодаасту имконият фарохам овардааст».  Ва Зохир хам бар ивази хама гуна дастгирихои ин устодаш, ки уро ПАДАР мегуфт, писари нахустинашро ВОХИДЧОН ном мегузорад! Бори аввал кушишу гайрат ва истеъдоди худододии Зохирро дида, уро хамин нафар барои мурабби шудан дар тими футболи нохияи Ленин (хозира Рудаки) тавсия медихад. Аз ончо у ба нохияи Шахринав  ва баъдтар ба нохияи Масква (холо Хамадони) меравад. Баъд тими «Хосилот»-ро ба у бовар мекунанд. Дар ин маком у хам сазовори бовари ва шухрат мегардад. Зеро он тим бо рохбарии мураббии худ -Зохир Бобоев аз Чемпионати Точикистон то Лигаи дуюми футболи СССР мебарояд. Бо пош хурдани худи СССР ин тим хам пош мехурад. Зохир мухлисони «Хосилот»-ро ба ёд оварда мегуяд, ки «онхо мисли мухлисони англиси хастанд. Онхо нафакат ба як тим, балки ба хунарманд ва футболбози бехтарин новобаста аз тимаш кафкуби мекарданд. Барои онхо мухимтар аз хама комбинатсияхои хуб, зарбахои зебо ва истеъдод, буд, ки новобаста ба муаллифи он  ва мансубияти у ба ин ё он гурух мухлисон барои у каф мекуфтанд». Зохир Бобоев, ки то ин вакт

Дар Тайланд, соли 2000

аллакай «ситора» буд, ба тими «Ситора» (Душанбе) даъват мешавад. Ин тим хам борхо дар дохили Точикистон кахрамон шуда, дар берун аз кишвар бо тимхои пуркуввати «Спартак» (Маскав), «Динамо» (Тбилиси) ва гайрахо бози кардааст. Баъди ин огоз мешавад фаъолияти у дар тими Регар. Ман агар гуям, ки махз Зохир Бобоев тими Регарро овозадору ба мардум шиносу дустдошта кард, хато намекунам. Ин мурабби факат ба поки ва хоксориву тарбияи дурусти варзишгарон такя мекунад ва эътимод дорад. Зохир мегуяд, ки «дар варзиш, дар майдон, ки чои мукаддас аст, бояд аввалтар аз хама пок боши ва факат барои манфиати Ватану обруи кишвар кору фикр куни» У дар кабули шогирдон ва омузиш факат ба варзишгарони бо тарбияи дуруст ва бо дасту дили пок тавачух мекунад. Худи намозгузор будани хайати дастаи наврасони то 17 солаи футболи Точикистон нишони хамин аст, ки варзиш аввал  поки асту баъд  гайрат ва  кушиш! Баъди тими Регар уро «Равшан» -и (Кулоб) ба огуш гирифт. Зиёданд мураббиёне, ки ба музофот онхоро барои санчиш мефиристанду онхо дар он дурихо кор карда наметавонанд ва ё намехоханд. Аммо Зохир Бобоев ин «санчиш ва шояд ..чазо»-ро бо сарбаланди пушти сар кард! Шояд хамин тахаммул ва токату кушиш сабаб шуд ва барои у суи Тими мунтахаби Точикистон рох кушод.12 сол у тимхои аввали наврасону калонсолони футболбозро машк додааст. Ва инак 26 сол аст, ки хаёти худро бо футбол пайвастааст. Зохир накл мекунад, ки аз сафару омузиши  хоричи кишвар хам хеле чизро омухтаву аз бар кард. Ва хатто аз бахри баъзе тавсияхое, ки то рафтанаш ба хорича ба онхо такя мекард, гузар кард. Зеро тавсия ва коидахои пешрафтаи дигар ва амиктару пуртаъсирри чахониро омухта буд…

Тахсил

Зохир ба ёд меорад, ки у дар назди 10 мутахасиси бехтарини футболи дунё омухтаву сабак гирифтааст, аз сухбату тавсияхои онхо бахравар шудааст. Яке аз онхо Арсен Венгери машхур аст, ки соли 1996 инструктори ФИФА буд ва холо мураббии «Арсенал»-и Англия аст.  Зохир аз Раиси хамонвактаи Кумитаи тарбияи чисмони ва варзиши Точикистон- Зебуниссо Рустамова миннатдор аст, ки хамон сол барои ба Абу Даби рафтани у мусоидат карда буд. Давраи дигари омузиширо у дар Олмон сипари мекунад. Хар сафари у ба хорича хам тамошову чахонбини  буд, хам тачрибаомузи ва хам имкони болобурду сайкали хунар. У тули фаъолияти худ ба давлатхои Малайзия, Куриё, Хитой, Тайланд ва гайра сафар кардааст. Дар Арабистони Саъуди  бошад, сафару зиёраташ ба хам омехта гардид…

Хочи Зохир Бобоев:  «Ман худододам!»

Зохир Бобоев ин майдонро барои хамон ТОЧ дуст медорад!

Зохир накл мекунад, ки чи гуна падараш дар бораи Хонаи Худо ба онхо кисса мекард. Падар, ки аз Куръон бохабар буд, ба фарзандонаш васият мекунад, ки акалан як нафари шумо бояд Хонаи Худоро зиёрат кунад. Замони дар он кишвар будани Зохир хамрохи тими футболе, ки он вакт рохбари мекард, хамин насихату васияти падараш ба ёдаш меояд. Абдусалом Рачабов дар он сафар  дар хайат хамзамон  тарчумони забони араби буд. Зохир хеле мехохад, ки хач кунад. Аммо мегуянд, ки ин номумкин аст. Онхо ку тамоман бо дигар сабаб дар ин чо хастанд. Зохир накл мекунад, ки хамин вакт  аз дур ба суи онхо омадани  кадом шайхеро дар ихотаи ду корманди пулис мебинад. Туберо ба даст гирифта, суи он шайхи араб медавад. Он кормандони пулис уро нигох медоранд. Бо кумаки тарчумон А. Рачабов Зохир  Бобоев ба онхо мефахмонад,  ки » ман сармураббии тими футболи Точикистон хастам. Ва тасодуф хам бошад, васияти падар хамин аст ва ман мехохам, ки хонаи Худоро зиёрат кунам». Он шайх мепурсад, ки «шумо мусулмон хастед?». Баъди шунидани чавоби саволаш, у ваъда медихад, ки ба онхо кумак хохад расонд. Ин вокеа дар холе сурат мегирифт, ки таёраи варзишгарони точик бояд баъди чанд соат суи он шахре, ки бозихо ончо баргузор мешуд, ба парвоз меомад. Он шайхи араб ба ваъдааш вафо мекунад. Гайр аз чанд нафар, ки гайримусалмон буданд, ба дигарон имкон даст медихад, ки он чои мукаддасро зиёрат кунанд. Сафар бо тайёраро бошад, бо дастгирии хамон шайхи араб ба фардо мегузоранд. Маблаги чуброни катъи он сафарро хам хамон марди саховатманди араб пардохт мекунад. Зохир накл мекунад, ки «падару модари ман дар орзуи зиёрати Хонаи Худо буданд, аммо ин ба онхо муяссар нашуда буд. Вале  ман имруз дар ин манзили мукаддас хастам». У  40 дакика у бе ист ва бе ихтиёр ончо  гиря мекунад. Имруз хам намедонад, ки он ашки алам буд ва ё шоди. Факат  ба ёдаш хаст, ки  симои нуронии падару модар ва тамоми наздикону пайвандонаш он замон пеши назараш аз пушти пардаи ашкхояш чилвагар буд.  Як микдор  аз оби зам-замро, ки аз ончо бо худаш гирифта буд, ба Ватан меораду  ба сари гури падараш-ба гуристони Хучамбиёи поён бурда  ба бехи дарахти руи гури у, ки имруз сарсабз аст, мерезад…

Бекори ва «рахмат»

Замони дигаргунихо расиданд. Зохир Бобоев аз соли 2004 то соли 2008 ба ягон тими мунтахаб даъват нашуд! Бе футбол кучо метавонист, ки биравад? Мушовири кард. Дар  тими «Гвардия», «Точиктелеком»-и Кургонтеппа, «Равшан»-и Кулоб  маслихатгар буд. Мураббиён он тимхо-ку ин гуна тачрибаву натичаи кор надоштанд, ки Зохир Бобоев дошт! Дар ин муддат дар Мактаби махорати олиии варзиши хам кор кард. Холо хам аз он даргох канда нест. 

Уро соли 2009 ба тими наврасони то 16 сола даъват мекунанд. Давраи дигари  мухим «санчиш»-и у фаро мерасад. Дар он гурухе, ки тими мунтахаби наврасони то 16 солаи Точикистони буданд,  тимхои Непал, Лубнон, Бахрайн ва Эрон хам бози мекарданд. Гайри интизори хама дар гурухи худ тими Точикистон бе он, ки ягон туб ба дарвозаи худаш сар бидихад,  бо 9 туби бечавоб ва 10 хол зинаи аввалро мегирад. Бозихои наврасони то 16 солаи точик бо Бахрайн бо хисоби 2:0, бо тими Лубнон 3:0, бо тими Непал-4:0 ва тими Эрон, ки хеле пуркувват аст, бо хисоби 0:0 ба охир мерасад. Ин дар таърихи футболи точик бори аввал буд. Инро касе наметавонад, ки инкор кунад! Зохир Бобоев бо наврасони сарбаланду пирузи тими мунтахаб ба Точикистон бармегардад. Ба у ва шогирдонаш барои ин пирузи ва муваффакияти беназираш, факат РАХМАТ мегуянд…

Берун аз майдон

Зохир Бобоев берун аз майдон хам дар хаёли майдон аст,  дустдори табиати бихиштосои Точикистон, ки амсолашро дар хар гушаи дигари чахон кофтаву  наёфтааст. Рузхои чоршанбе зиёрати мавзеъхои мукаддасро дуст медораду рузхои чумъа  барои адои намози он руз ба  масчид меравад. У кисса мекунад, ки дустдори пиёдагарди ва хам истифодаи наклиёти чамъияти аст. Байни мардум будан мехохад…Хатто боре 30 км пиёда мегардад. Манфиати пиёдагардиро бехисоб мегуяд. Зохирро табиати диёр афсун кардааст ва уро бо ахли оилааш хар вакт ба огуши худаш мекашад.  Барои бахилону хасудхурону гайбатчиён мегуяд,  ки  «онхо бесавод хастанд, зеро одами босаводу донишманд, хеч гох бахилу бадният ва хасудхур намешавад!» Худаш, ки замони навраси ба намуди якхарбахои шарки хам таваччух дошт, аввал мехохад, ки писаронашро ба махфили бокс  ё каратэ барад. Аммо онхо ба воситаи модарашон мегуянд,ки «мо мехохем, ки мисли падарамон футболбоз шавем ва бигзор падарамон моро барои рафтан ба сексияхои дигари варзиши мачбур накунад». Зохир мегуяд, ки «ман мехохам писарони ман аввалтар аз хама инсон бошанд. Ин мухимтарин чиз аст!»

 Касбро бояд мисли Зохир дуст дошт то муваффак шави. Писарони у хар лахза азобу озори падарро аз футбол ва аз «дустдорон»-и дуругакии футбол ва варзиш медиданд, вале бубинед, ки хамон садокату сабурии падарро омухтанду бо рохи у мераванд. Ва маълум аст, ки барои онхо хам ин рох-рохи хамвору осонраве нест. Зохир новобаста ба хама мушкилот дар фикри дигар кардани касбу кори худ нест. Харчанд дустону шиносу рафикони зиёде кариб дар хама самту сохахо дорад.

Мусикиро у бенихоят дуст медорад, аммо аз он, ки мо ба санъаткорону хунармандони чавон муносибати на он кадар хуб дорем, нигарон аст. У мегуяд, ки «дар Точикистон хамин, ки як нафар хунарманди чавон ба майдони санъат омад, дархол ба у дарафтода, мавриди танкиди шадид карораш медиханд, дасгириаш намекунад. Дилсузони хунар аслан бояд ин тавр рафтор накунанд, яъне факат камбуди накобанд! Барои мардуми хунарманд имруз хам шароити хубу имконияти васеъ  фарохам нест, танкид бе дастгирии касе  онхоро дилшикаста мекунад. Хунармандони чавони мо аксаран   факат орзу мекунанду халос…»

Дар огуши Шериддин ва бо хаёли футбол!

Зохир Бобоев аз замони дар нохияи Масква кор карданаш дустдори хунару садои Одина Хошим будааст, хамон гунае, ки устод Одина хам дустдори футбол буда ва ба тамошои бозихои футбол меомадааст. Зохир бо у чанд маротиба хамсухбат хам шудаву аз сухбаташ лаззат бурдааст. Аз сарояндагони имрузаи точик Зохир Бобоев дустдори хунару садои Афзалшохи Шоди аст. Пурсидам, ки барои чи? Гуфт, ки «барои он, ки у барои Самарканду Бухорои точикнишин зиёд пурсуз ва шоиста суруд мехонад…»

Як замон дар Душанбе дар кадом мехмонхонае Зохир Бобоев бо овозхони ирони Саттор  вомехурад.. Он сафари аввалини Саттор ба Точикистон буд.  У бо харорат дар мавриди ин вохуриаш мегуяд. Худи Саттор барои даъватнома гирифтани Зохир ва хамдастахояш мусоидат мекунад. Дар барномаи консертии Саттор Зохир ва ахли оилаву шогирдонаш дар каторхои аввал буданд…

Оила барои у дар катори мукаддасоти дигар чои мукаддас ва хостание аст, ки уро хар нафас ва дар хар кучо ба огушаш мехонад. Зохир хама инсонхои хубро дуст медорад. Кушиш мекунад, ки ба некии онхо бо накуи чавоб гуяд. Номи хусуро ба писари хурдиаш гузоштани Зохир хам гумонам, нишони марди бонамак ва озода будани у аст! Писари хурдии Зохир ШЕРИДДИН ном дорад. У мегуяд, ки «агар ман  духтарчадор мешудам, хатман номи модари азизамро ба у мегузоштам!»

Рост аст, ки модари точик хар руз Зохир Бобоев таваллуд намекунад! Модаре, ки дар ниходи фарзанд ин гуна эхсоси дустдори ва садокатро ба Ватан, хохиши мехнату нияти покро тарбият намудааст, сазовори хама гуна эхтирому кадршиноси ва човидони кардани номаш аст!

Точик бе назари Худо нест!

 Поки ва ростиро шиор кардан асоси комёбихои ин мурабби аст. Харчанд орзуи дар тимхои пешрафтаи чахони дар хоричи кишвар кор карданро дорад, аммо дар андешаи тарбияи насли чавони футболбозони оянда аст. У мегуяд, ки «ман метавонам, ки бо дастгири  кудакони 5-7 соларо ба тарбия ва машк фаро гирифта, дар зарфи 10-12 сол онхоро чемпиони чахон кунам.»  Ки дигар аз мураббиёни имрузи мо хамин гуна ба худаш бовари дорад???  Ба андешаи у барои тарбияи хуби насли кахрамон дар варзиши Точикистон маоши хуб, гизои шоиста, майдонхои бехтарини бози, либосу лавозимот лозим аст. Зохир мегуяд, ки «ман мебинам, ки касе хар руз таваккуфгохи мошинхо месозаду магозаву маркази тичорат. Чаро варзишгоххо намесозем-варзишгохи футбол, волейбол, баскетбол…

«Футбол факат барои Душанбе нест, футболи махалхоро хам бояд ривоч дод.  ФФТ ва Кумитаи  чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумат бояд аввалтар аз хама мураббиёнро тачрибаи пешрафта омузонанд ва барояшон бехтарин шароитро фарохам оваранд . Агар хамин гуна масъулиятшиноси бошад, футболи точик овозаи дунё мешавад. Точик бе назари Худо нест»- мегуяд, Зохир Бобоев!

Орзухо ва бетаваччухи

 Ба андешаи Зохир Бобоев мо -точикон метавонем, ки футболро бехтар ва фоидаовартар хатто аз тичорати алюминий кунем. Факат бояд барои самараи хуб имруз зааминаи хуби машки ва истирохатиро фарохам оварем, яъне барои дар оянда ба куллахои баланд расидан, имруз бояд маблагхоро окилона ва ба самтхои зарури равона кунем. Ба назари у барои комёбихо дар футбол  тарбияи дурусти варзишгарон  лозим асту поки ва ростиву масъулиятшиноси! Зохир мегуяд, ки  «ман медонам, ки бо кадом рох футболи точикро метавон  ба сатхи чахони баровард ва бо бехтарин командахо дар як сатх гузошт. Вале маро хамон тавре, ки зарур аст, истифода намебаранд»  Ва хам у мегуяд, ки «барои манфиати Ватан хама бояд аз як гиребон сар барорем. Мутаасифона холо чунин нест…» Зохир хар лахза такрор мекунад, ки «бахилону хасудхурон ва бемаъулиятон аслан ашхоси бесаводанд. Насли ояндаи мо бояд босаводу тансихат бошад ва рухи поку дасту дили пок дошта бошанд»

Марадона ва  Зохир Бобоев

Дируз як хабарро хондам, ки сармураббии тими Аргентина Диего Марадона гуфтааст агар тими миллии кишвараш чемпиони дунё гардад, у луб лучи модарзод  даври як ансамбли меъморие медавад. Аммо Зохир Бобоев мегуяд,  ки «агар тими наврасони то 17 солаи футболи точик дар Чемпионати Осиё голиб биёяд, ман ва хама шогирдонам як муддат руза мегирем ва  тамоми мавзеъхои мукаддаси Точикистонро зиёрат мекунем».  Зохир имруз Куръонро бо кирилли мехонад ва минатдор хам хаст, ки ин гуна имкониятро бо тарчума кардани ин Китоби Мукаддас барои у ва мардуми Точикистон фарохам овардаанд. Ният кардааст, ки хамин тарчумаи Куръони Каримро бо хуруфи кирили 7 маротиба бихонад!

Гуё ки анчом…

Мухаббат метавонад, ки ба туб ва майдону дарвоза бошад. Гармтар ва самимонатар аз мухаббат ба пул ва сарват!

Хатто аз аввалин сухбат хам  бо Зохир Бобоев пай бурдан мумкин аст, ки дустдори Ватану касбу кораш аст.  Ба чои кор ва ба майдони мукаддаси футбол на барои он меравад, ки сарвату пул ёбад ва ё аз хакки шогирдону хамкоронаш чизе ба хона биорад. Масъулияти баланди варзишгари ва муаррифии Точикистонро хуб хис мекунад. Як калби пури орзу ва накшаву ниятхои нек дорад. Мешавад, ки уро бо ин дили пур ба оянда, бо ин сари пурсавдову шурида аз накшаву хаёли футбол ва назари некаш  ба фардо танхо гузошт?  На! У барои унвону мартаба кор намекунад, вагарна барои хамон муваффакияти барои Точикистон ва футболи точик беназираш, ки болотар гуфтем, у чизе талаб мекард ва хам метавонист, ки чизи  зиёде  талаб кунад.  Аммо мухаббат ба касбе, ки барои он тавсия ва дуои падари азизашро гирифтааст, дигар аст!  Обру ва эътибораш миёни мардуме, ки дустдори футболанд, хеле боло аст. Дар хар намозаш барои ояндаи Точикистони азиз  ва футболи точик дуо мекунад. У вазифаи худро хам дар оила, хам дар майдон ва хам дар зиндаги чун Мард, Мурабби ва Инсон сарбаландона ва бо хисси баланди худшиноси ва Худошиноси ичро мекунад.  Ва барои хушбахтиву номи нек  хамин кофист!

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти