2 сентябри соли 2010

   Рузи дониш хам гузашт.  Донишчуёни курсхои аввал хам то чое ба шахр одат карданд. Дигар шояд аз касе рохро  то Донишгох ва баргаштан напурсанд, аммо хаёлам ки то дергох аз хамдигар хоханд пурсид, ки  «ту чанд долларда дохил шуди?» ва ё «туро ки дохил кард?»…

Имруз дар бораи дарвозахо, толорхои консерти ва хосияти онхо, дар бораи хусуси кардани вазоратхонахо, таърихи камонсози,  муассисахои таълими барои занхо ва духтарон ва каноатмандии кормандони рохи охан аз касбу корашон навиштам. Читать далее →

«Ман худододам…»

Кудаки  

Зохир Нуралиевич  Бобоев- Мураббии Шоистаи Точикистон, Сармураббии тими мунтахаби чавонони то 17 солаи кишвар- дар шахри Душанбе, дар кучаи ШАФАК таваллуд шудааст. Харчанд, ки баъзехо гумон мекунанд, ки у зодаи нохияи Хамадони ва  ё Фархор аст, баъзехо хаёл мекунанд, ки аз Кургонтеппа аст, мардуми дустдори футбол дар нохияи Рудакиву Шахринаву Шахритус гумон мекунад, ки у хамшахрии онхост. Хатто баъзан хаёл мекунанд, ки аз Бадахшон аст…У аз он, ки хеле масъулиятшиносу ватандусту дидадарост, хама дар симояш нафари наздику азизро мебинанд. Ва вокеан хам у фарзанди ТОЧИКИСТОН аст… Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти