Ин афсона мисли афсонахои дигар бо «Буд набуд..» сар намешавад. Ин афсона бо тарзи дигар огоз мешавад:
— Буд ва хаст кудаке! Ин кудак буд ва хасту бояд монад! Бобову бибии он кудак аз шахсиятхои бузург буданд. Ачдодони донишманду тавоно дошт он кудак! Он кудакро, мисли хама кудакони дигар, наздиконаш дуст медоштанд. Хамсояхо уро бад намедиданд, вале дуст хам намедоштанд! Хамин буд огози афсонаи як кудак! Ва ман мисли хар афсонаи дигари ин сахифа, аз хар гушаи ачоиби зиндагонии он кудак менависам. Зеро маълум аст, ки аз хар афсона ба ёд факат хамин гуна лахзахои шавковар боки мемонад. Мисли он, ки аз нашрхои хабарии ТВ-хои мо ба ёд хамон симои телевизиони ва нигоххои масткунандаи духтарони натток мемонаду халос….
…Он кудак боре ба хамсолони худ гуфт, ки «ман орзу дорам, ки хар мох $ 10 000 кор кунам, мисли падарам!» Хамсолони у хайрон шуданд ва пурсиданд, ки «падари ту хар мох $ 10 000 кор мекунад?» Кудак ба хамсолонаш фахмонд, ки падари у хам хамин гуна мисли у орзу мекунад, ки хар мох $ 10 000 кор кунад!…
… Он кудак бо модараш ба хар кучо мерафт. Кудакони мо аз пушти мардхо кам гиря мекунанд-ку! Гумонам, хамин дилбастагие, ки мо ба занон ва духтарон дорем, аз хамон чо маншаъ мегирад, яъне мо аз даврони кудаки, ки барои кучое рафтан аз пушти зан (модару хохар) гиря мекунем, то пири зану духтари зеборо, ки бинем, кадом куввае моро аз пушти у ба суи у телла медихад! Хулоса, ки он кудак бо модараш ба кучое мерафт. Дар рох мардеро диданд, ки кал буд! Он кудак баланд ба модараш мегуяд, ки «оча, и мардаки кала бин? Саруш ягон дона му надорад?». Модар дархол бо садои паст ба у мегуед, ки «хап кун бачам, мефахмад!» Кудак хап мекунад. Вале хайрон мешавад! Факат дар хона аз модараш мепурсад, ки «оча, хаму мардаки кал худуш хамура намедонист, ки саруш ягон дона му надорад?….Баъд ту чуба мара гуфти, ки хап кун, ки мефахмад?…»
…Он кудак, мисли кудакони имруз аз таваллуд дар дасти момодоя набуд. Он вакт мисли имруз занхое, ки дар тарбияи кудакони худашон мушкили доранду азият мекашанд, дар хонаи шахси дигаре кор карда пул намеёфтанд. Он кудак пул ёфт! Аз кучо ёфт дар ин афсона наомадааст. Ёфт! Худо додаш! Вале он пулхо калбаки буд, барои бозихои кудакон буд. Рафт ба «Универмаг» ва мошинчаи калонеро гирифта, назди фурушанда омад. Хамон пулхоро ба суи у дароз кард. Фурушанда мебинад, ки пулхои он кудак оварда факат бозича хастанд, яъне барои бозихои кудаконаанд, калбаки ! «Бо ин пул мошинча харида намешавад! Ин пулхои ту, баччачон, хакики нест!»-гуфт фурушанда. Кудак, ки хозирчавоб буд гуфт «чи, мошинчаи шумо хакики аст?»…
…Он кудак имруз калон шудааст. Аммо хамон ходисаи дар богчаи №5-и нохия рухдодаро хеч гох фаромуш намекунад. Ходиса чунин буд:
Мураббия:
-Бачахо, дар кучо бозичахои аз хама хубу тарбияи бехтарин хаст?
Кудакон (хама якчоя):
-Дар СССР!
Мураббия:
-Бехтарин мураббияхо ва богчахову мактабхо дар кучо аст?
Кудакон:
-Дар СССР!
Мураббия:
-Хаёти мардум дар кучо бе мушкили ва дурахшон аст?
Кудакон:
-Дар СССР!
Мураббия:
-Ба хар кудак зиндагии осоишта ва шароити хуби зиндагиро дар кучо фарохам меоранд?
Кудакон:
-Дар СССР!
Хамин вакт, ин кудак ба гиря сар мекунад:
-Хола, мара СССР баре-еен!…
…Дар хамсоягии он кудак оилаи сарватманде зиндаги мекард! Боре хама хурду калон дар зери сабдаи деха чамъ омада сухбат мекарданд. Он бой набуд, факат писарчаи эркаи хурдиаш буд. У накл мекунад, ки «падари ман шаб картошка хоб дидааст, чи мешуда бошад?» Он кудак, ки акнун хеле хозирчавоб буд, мегуяд, ки «чи мешавад? Ё бахор мешинонанд ва ё тирамох чамъу гираш мекунад!» Агар падари он кудак, яъне хамон марди мансабдор, хамон чо мебуд, гумони мо, ки зермаънихои «картошка хоб дидан» ва «шинондан»-у «чамъу гир кардан»-ро ХУБ мефахмид!…
…Дар замони он кудак хам баркро тез-тез хомуш мекарданд. Махсусан фасли сармо! Боре муаллима аз он кудак мепурсад- «кани гуй, ки барк аз кучо пайдо мешавад?» Он кудак бо бовари аз чо бархоста мегуяд, ки «маЪлима, барк ай чангал пайдо мешавад!» Муаллима хайрон шуда, мепурсад, ки «чи хел фахмиди инро»? Он кудак чавоб медихад, ки «маЪлима, хами сахарии барвакт отам нав ришоша собун карда буд, ки барки хонамон мурд. Ба отам хакорат кард, ки «онашона ов бара маймунора, бо светора куштан!…»
…Падари он кудак дар коргохе мухосиб-хазинадор буд. Он кудак сахифахои газетаи овардаи падарашро варак зада, ба руйхати намоишномахои театри диккат медихад ва якеи онро мехонад: «рузи 27 январ, театри Лохути, намоишномаи «Ревизор!» Дархол аз падараш мепурсад, ки «ДоДо, хами «Ревизор» комедия аст ё трагедия? » Падараш чавоб медихад, ки «бачам агар ревизор шинос ва худи бошад, комедия аст, вале агар ревизор ношиносу бегона бошад, трагедия аст, бачем, трагедия…. «
Имруз дар хама чо кудаконро «ояндаи мо» мегуянд. Ман намефахмам — барои чи онхо имрузи мо набошанд? Онхо-ку имрузи моро зебо мекунанд? Мо бошем, фардои онхоро мушкил хохем кард! Худи хамон пирии мо худаш танхо саду як ранчу дард дорад! Боз ки медонад, ки мо бо чи кисмате сарбории зиндагии онхо мешавем? Фардо шояд ин кудакон намедонанд, ки бо бомбаву силохи зиёду гуногуни падару бобояшон сохта чи кор кунанду амакбачахоро дар Исроилу Фаластин чи гуна ошти бидиханд ва сархаду роххои бастаро чи тарз бикшоянд?! Аз ин нигох хаёлам, ки кудакон имрузи моанд!
Мисли афсонаанд онхо, афсонаи вокеи ва На бофташудае барои калонсолон!!!
Рузи 12 июн Рузи умумичахонии мубориза бо мехнати кудакон аст!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: $, СССР, Точикистон, афсона, кудакон, мураббия, оянда, пул, сархад, силох |












— Афсонаи ачиб,.. лекин он кудак хам доно будаст )))
НравитсяНравится
Хакикате ки номашро афсона монди. Ба фикрам он кудак кудакихои худи Шумо аст? Узр агар ба иззати нафсатон расида бошам. Каламатон хамеша сабз бошаду Худованд нигахдоратон.
НравитсяНравится
Саломалейк…..Ин хакикати кудакихои кариб хамаи наврасони замони шурави ва имрузи точик аст 🙂 Ману писарони ман хам дар он миён хастем…
НравитсяНравится
Бо «афсонаи » кудаке мегашт бо куттии худ, дар хиёбони лаби бахри кабуди устод Турсунзода мукоисашаванда аст!Ин афсонаро то ба хамсоя шуданамон навис он тарафашро худам менависам!
НравитсяНравится
Услубаш оли! хам комедия ва хам трогедия дорад…мисли хамон ревизор. Ин кадар хачву танзро чи гуна гунчондааст, кас монда ношуда мехонад, кайф мекунад. Хамин идеяхо агар дар сари ман меомаданд..ким чи хел бемаъни карда мефахмондам ё онхоро дар алохидаги навишта ЛАТИФА ном медодам…чунин афсонаи зебо сохта наметавонистам…гап нест!
НравитсяНравится
Саломат бошед….:) Ташаккур барои шумо, ки ба ин сахифа таваччух мекунед.
НравитсяНравится