Дируз баъди зухр ман хангоми ба кор омаданам миёни рохи калон-дар руи гузаргохи руизамини чанд дона мева ва сабзавотро дидам. Ин дар хиёбони Сино, ру ба руи маркази кудаконаи «Лимпопо», каме поёнтар аз Саристгохи автобусхо (автовокзал) буд. Ронандаи таксие, ки аз он тараф меомад, гуфт, ки «як мардака мошин зад. Вай ба фикрам, ки устоди ракс буд. Караболо бурдануш..!» Ман ханузам намедонам, ки у ки буд. Ному насабаш шояд акнун мухим набошад, зеро у як инсон аст, ки дар руи гузаргохи худаш уро мошин пахш кардааст! Фардо шояд ман (ки мисли он нафар коидахои харакати рохро вайрон накарда, бештари маврид аз хамон гузаргохи руизамини рохро убур мекунам) дар хамин холат карор мегирам. Хайрон мешавам….
Як вакт, баъди он, ки як мусофиркашро дар Душанбе дар руи рохи катора тепловоз пахш карда буд, ман хамин гуна пурсишро миёни шунавандахои Радио баргузор карда будам, ки «барои камтар кардани садамахои наклиёти чи бояд кард?» Он замон мардум андешахои мухим ва чолибро хам пешниход карда буданд. Чизи мухим барои ман он вакт хамин буд, ки мардум хам аз ин садамахо ва ин тартибе, ки дар мусофиркаши ва ронандагии мардуми мо аст, нигарон хастанд, кисмате аз шунавандахои мо мегуфтанд, ки «хар вакти ба мусофиркашхо нишастан мо аввал ба симои ронанда назар мекунем, агар у марди калонсол бошад, ба мошинаш мешинем, агар чавон бошад, не». Метарсидаанд…
Дар холе, ки волидон хар субху шом тарсидаву сурахонда ба кор мераванду меоянд, боз мо насли наврасро дар рухияи мардонаги ва часорат тарбия кардани хастем. Шояд мо тавонистаем, ки хамон насли наврасеро, ки то 23 солаги хукуки мусофиркаширо надораду ба ин кор даст мезанад, дар хамин рухия тарбия кунем ва мошинсавори омузем. Зеро дигар аз насли калонсол ки чуръат мекунад, ки дар катори сеюми рох мошинашро манъ карда, мусофир савор кунад ё фарорад, ки дигар дар роххои танги кучахои Душанбе «пойга» карда метавонад? Ягон кас! Ягон каси солимакл ин корро намекунад! Ман инчо нотарсиву далериро бо камакли омехта кардам…Ба гумонам, ки шумо фахмидед?!
Гузаргоххои руизамини имрузхо дар аксари кучахои Душанбе, махсусан кучахои дуртар аз марказ, факат ранги сафеди бефоида дар руи мум рехташудаст. Бовар кунед! Вокеаи дар боло овардаам исботи хамин гуфта аст. Ронандахои азиз! Шумо маслихат карда ба хулосаи мушаххасе биёед-дар гузаргоххои руизамин ё беистед ё умуман ягонтоатон наистед. Истодани як мошин ва наистодани мошини дигар боиси хамин гуна садамахо дар руи гузаргохи пиёдагардон мешавад! Ба андешаи ман новобаста ба таргиби кормандони БДА барои аз гузаргоххои руизамини (ва зеризамини) гузаштани мусофирон, холо махз хамин минтакаи рох хавфноктар аст, ки баракс аз ончо бояд нагузашт! Вале ин хам рохи хал нест! Боз чи метавон кард?
Чаримаи дутарафа.
Маълум аст, ки ягон вакт садамахои наклиёти тамоман нест намешаванд. Рузе нест, ки ин гуна холат рух надихад. Шояд чори кардани чаримаи калони дутарафа дар ин самт ба камтар шудани садамахо мусоидат кунад. Чи хел? Масалан агар ронанда барои садама гунахкор аст, бигзор дар катори у хамон муассисае, ки он ронандаро тайёр кардааст, чарима баста шавад! Чаро онхо имруз ягон масъулият надоранд? Он вакт эхтимол сафи шунавандахои росту дуруги курсхои омузиши ронадаги кам шуда, сифати таълим ва омузиш бехтар шавад?!
Таъсиррасони ба зехну андеша.
Ман холо намедонам, ки дар курсхои омодасозии ронандагон роликхои таргиботи ва пуртаъсир намоиш дода мешавад ё не? Аммо тахмин мекунам, ки ин гуна роликхо нестанд. Чаро хамин гуна тачрибаро ба рох намонем? Масалан, дар як машгулият барои ронандахои оянда тахминан хамин гуна роликро намоиш додан мумкин аст:
Дар навор кудаки як сола нишон дода мешавад. Рови мегуяд, ки «ин кудак Нишона ном дошта, 1 сола аст. У падарашро надидааст. Замони дар батни модар буданаш, падари уро руи гузаргохи руизамини мошин зада ба халокат расонидааст. Ба хамин хотир уро Нишона ном гузоштаанд!» Навори дигар намоиш дода мешавад, ки кудакон дар боги хайвонот ё боги ботаники бо падару модари худ сайр доранд. Миёни онхо хамон ронандаи сабабгори марги падари Нишона хам бо хамсару кудаконаш сайру гашт мекунад. Рови хамин нуктаро низ таъкид мекунад.Чумлаи охир барои мисол метавонад хамин гуна бошад, ки «агар падари Нишона хам зинда мебуд, уро ба хар кучо тамошо мебурд…. «
Ин факат як мисоли одди буд. Ин гуна наворхо метавонанд, ки хуччати бошанд ва чараёни садамахои наклиёти ва идомаи киссаи зиндаги ва маъюбии ронандахо ва мусофиронро инъикос кунанд. Барои БДА ва хамон муассисоти омодасозии ронандахо тахия ва дарёфти хамин гуна филму наворхо душвор нест! Ба гумони ман, ки агар худи хамон ронандахои оянда аз чихати зехни ва акл мушкили надошта бошанд, ин наворхо хатман ба онхо таъсири амику нек мерасонад ва онхоро барои риояи коидахои харакат дар роххо водор мекунад!
Гузоштани камерахо дар нуктахои хавфнок.
Ман намедонам, ки кай ё худ баъди чанд соли дигар роххои мо бо камерахои замонави мучаххаз мешуда бошанд, аммо медонам, ки хамон вакт хам ронандахои «бедору хушёр» рохи гурехтан аз чаримаро пайдо
мекунанд. Ё шояд дурустараш ба онхо хамин гуна рохро «меомузонанд». Чун дар бораи камерахо гуфтем, дар ин самт камерахои ТВ хам накши андак надоранд. Масалан, агар чараёни имтихонсупориро барои гирифтани хуччати ронандаги чидди назорат кунанду онро тарики эфири мустаким намоиш бидиханд, он хам бехтарин барнома мешавад, хам на хама сохиби хуччати ронадаги мешавад ва хам мардум асли вокеаро дарк мекунад.
Гап дигару кор дигар!
Мушохида мекунам, ки гап-гапи аксар (шояд хама!) тагирот ва навоварихо дар самти мусофиркаши дар Душанбе хануз чанд мох пештар аз кабулу чори шуданаш миёни мардум «давр» мезанад. Хатто кампири Сочигули хамсояи мо хам медонад, ки «тангемо бояд лаби ов кати буравану лекин бинан, ки ГАИ набошад, ба Гулистон мераванд…» У хамчунин ким кайхо медонист, ки тангемхо бояд аз шахр бароянду ба чояшон таксихои давлати ва Хундай биёяд! Шояд баъди кабули карорхо тавзехоти дигар хам нашру кабул мешавад, ки мо мардуми мусофири одди онро намедонем-а? Зеро хама чи мисли пештара аст! Масалан, ман хар субх бояд аз ронандаи Тангем пурсам, ки «ака, ба Гулистон мерави ё лаби Душанбинка кати?».
Ё худ- агар хато накунам, ба мусофиркаши машгул шудани чавонони то 23 сола манъ аст. Вале як бор дар шахру атрофи он чарх бизанеду мушохида кунед, ки ин гуна ронандахо «дар хизмати халку Ватан» хастанд ё не?
Вале мегуянд, ки дар дигар чойхо як коида, ки кабул гашт, тамом- хама онро риоя мекунанд ва он дигар шиносбози карда намешаваду манбаи даромад карор намегирад…
«Ракобат!»
Борхо мушохида мекунам, ки ронандахо дар роххо нисбат ба хамдигар тамоман эхтиром ва самимият надоранд (агар хамон дар миёнаи рох «пулмайдакуни»-и онхоро аз тирезаи мошинашон ба назар нагирем!). Хар кадом мехохад, ки нишон дихад, ки махз у аз хама «крутой» аст, хар кадомаш тезтар харакат кардани шуда, ба дигаре халал хам мерасонад… Холатхои мунокишаи онхо хам баъзан ба назар мерасад. Худи хамин чиз ифодагари он аст, ки холо ронандахо ба чанд гурух чудо шудаанд:
- онхое, ки дар замони шурави ронадагиро омухтаанд;
- онхое, ки дар муассисахои нави омузиши ронадагиро омухтаанд;
- онхое, ки дар ин гуна курсхои ронандаги номашон буду худашон не;
- онхое, ки на дар курсхои ронандаги хондаанду на имтихони БДА-ро дидаанд;
- онхое, ки баъди бекор мондан тагири касбу кор карда, мошини мусофиркаширо ичора гирифтаанду ба мусофиркаши сар кардаанд;
- онхое, ки аз коидариоякунии ронандаи мошини пештар аз онхо харакаткунанда ба газаб меоянд;
- ронандагоне, ки раками мошин ва хуччати киссашон барояшон «имконияи васеъ»-ро фарохам меорад;
- ронандахое, ки факат пагох бори аввал ба рох хоханд баромад…
Акнун тасаввур кунед, ки миёни ин гурухи калони ронандахо дар Душанбе чи гуна «ракобат» мавчуд аст? Сад бор «шадидтар» аз «ракобат» миёни сарояндхо, мансабдорон ва пулдорон…
Илова ба хамаи ин боз омилхои дигаре хам хастанд, ки боиси садамахо, чарохат ва маргу мири мардум мешавад:
- мошинхои фарсудае, ки ба инчо ворид шудаанд;
- нарасидани кормандони бозрасии автомобили комилан дар хама нуктахои шахр; (харчанд баъзе ронандахо хаёл мекунанд, ки холо кормандони БДА «чересчур» зиёданд!)
- кам будани маблаги чаримахо барои коидавайронкуни;
- набудани тачрибаи якумра махрум кардани ронандахо аз хукуки ронандаги;
- набудани ягон аксия ва ё рохпаймоии осоиштаи пиёдагардон дар роххои дуртар аз марказ бо ширкати масъулони хама сохахо, масалан кормандони ВАО, рохбарияти БДА (дар либосхои шахрванди ва г.);
- чой доштани холатхои фасод дар чараёни ба даст овардани хуччати ронандаги, муоинаи техникии мошин, коидавайронкуни ва таъини чарима ва амсоли ин…
Ё бояд дар ин самт тартиби катъие чори гардаду гузаргоххои руизамини комилан чои бехавф гардонида шаванд ва ё бояд хамеша дар кисса камтар пул, шиноснома ё хуччати дигар ва нишонии чойи истикоматро дошт. Барои рузи мабодо, ки мабодо!!!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: БДА, курси ронандаги, мошин, пешеход, пиёдагардон, пора, пул, ронандахо, садама, тангем |











АссаломуАлейкум. Акаи Субхон мехостам назаратон оиди ин масъала бифахмам(-мем), зеро дар ин бора бахси бисере дар яке аз сйтхо рафтаистодааст.(http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/06/100616_if_taj_iran_uzb.shtml , ozodi.org)
Кумаки Эрон ба раҳоии вогунҳои Тоҷикистон
Эрон ба Ӯзбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати идомаи таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон, аз вуруди вогунҳои Ӯзбакистон ба Эрон ҷилавгирӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза Ӯзбакистон аз тариқи қаламрави Эрон то 150 вогун, маъмулан бо шумули панбаи тавлидоти худ, содир мекунад.
Беҳрӯз Баландӣ, як масъули Роҳи оҳани Эрон ба хабарнигорони тоҷик гуфт, ки ин ширкат бо ирсоли номае ба мақомоти “Ӯзбакистон темир йӯллари” ҳушдор додааст, ки дар сурати идомаи таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон тронзити вогунҳои Ӯзбакистон тавассути қаламрави Эрон маҳдуд хоҳад шуд.
Ҳамчунин, ин нома ба мақомоти роҳи оҳани Туркманистон низ ирсол шуда ва аз онҳо хоста шудааст, ки вогунҳои тронзитии Ӯзбакистон ба Эронро аз 10-уми июн ба баъд қабул накунанд.
Ҷониби Ӯзбакистон посух додааст, ки таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон ба далели фаннӣ сурат гирифта ва базудӣ рафъ хоҳад шуд.
Оқои Баландӣ хабар дод, ки як рӯз пас аз ирсоли ин нома, Акрамҷон Абдуллоев, ки муъовинати аввали раиси ширкати “Ӯзбакистон темир йӯллари”-ро бар уҳда дорад, дар тамос бо мақомоти роҳи оҳани Эрон гуфтааст, ки аз ин ба баъд дар мавриди вогунҳои Тоҷикистон мушкиле эҷод намешавад ва ба ин далел хостори лағви маҳдудият дар тронзити вогунҳои ӯзбакистонӣ тавассути қаламарви Эрон шудааст.
Ин намояндаи роҳи оҳани Эрон хабар дод, ки бо дарназардошти оғози интиқоли вогунҳои тоҷикистонӣ аз Ӯзбакистон, макомоти роҳи оҳани Эрон тасмим гирифтаанд муқаррароти маҳдудият барои вогунҳои Ӯзбакистонро ба таъвиқ дароваранд.
Беҳрӯз Баландӣ гуфтааст: «Дар равобити миёни ниҳодҳои роҳи оҳани Эрон ва Ӯзбакистон мушкиле нест. Ин иқдом танҳо ба манзури кумак ба ҳалли мушкили вогунҳои кишвари бародари Тоҷикистон рӯйи даст гирифта шуда буд.»
НравитсяНравится
— Бисёр дуруст мегуед! Хар субх, ки ман аз хона ба коргох меоям, «хафтаи гузашта» ман хам шохиди хамин хел вокеа (садамахои наклиёти), будам ки факат дар байни «як хафта» 3-4 садама, ки рох аз «Махаллаи Обшорон» то «Садбарг» аст, рух дода буд.
Барои кам кардани садамаи наклиёти, ки чанд мисоле Шумо ин чо овардед, албатта дуруст аст. Вале як чиз боиси таассуф аст, чи хеле ки худи Шумо ин чо кайд кардед:
«Аммо медонам, ки хамон вакт хам ронандахои «бедору хушёр» рохи гурехтан аз чаримаро пайдо мекунанд. Ё шояд дурустараш ба онхо хамин гуна рохро «меомузонанд»!
НравитсяНравится