Реклама дар хар намуде ки бошад, барои пешрафти тичорат ва шинохта шудан мусоидат мекунад. Дар ин самт донандагони реклама, ки онро илм хам ном мебаранд, кушиш мекунанд, ки факат аз аксу садои мардуми шинохта истифода баранд. Имрузхо тахтахои рекламаро хатто дар дурдасттарин деха хам дидан мумкин аст. Дируз хангоми гузаштан аз назди чунин як тахтаи калони реклама бо акси Роналдо, андешае ба сарам омад, ки «чаро ба чои ким кихо, ки на ба хама ошно хастанд, шахсиятхои шинохтаи мо дар ин гуна тахтахои калони таргиботи набошанд?» Вокеан хам, чаро?
Ба ёди ман хаст, ки дар огози шухрати Садриддин Начмиддин-овозхони хуби мо, расми у барои таргиби
нушобаи Vista истифода мешуд. Як вакт расми аъзоёни дуэти Фарзин хам дар кадом як тахтаи реклама буд. Овозхон Манижа Давлатова хам барои рекламаи чой ва боз кадом махсулоти дигар хам чалб шуда буд. Тамом! Ман дигар касеро ба ёд оварда натавонистам! Бубинед, ки бо пайдо шудани як филми бадеи, мисли «Юсуф» ва ё кадом филми тасвирии дигар, дархол дар болопуши яхмосхои нони расми кахрамонхои он пайдо шуд, аммо расми нафарони машхури дигар, ки дар Точикистон хастанду онхоро бештар мешиносанд, дар ягон чо нест. Онхоро барои таргиби ин ё он махсулот даъват намекунанд! Пас, метавон гуфт, ки хама он «Устод», «Ситора», «Бузургвор», «Нобига»….ва гайра гуфтанхои мо дуруг будааст. Вагарна чаро касеро дигар аз ситорахову машхурхо барои рекламае даъват намекунанд? Маълум аст, ки ширкатхои тичорати бовари надоранд, ки бо дидани расми кадоме аз ин гурухи «ситорахо» мардум хамон молу махсулотро харидори кунад!
Максади ширкату магозахо чалб кардани харидорон ба ин ё он молу махсулот ва хизматрасони аст. Аммо барои чи дар таргиби хамон молу махсулот ва хизматрасони, ки барои ин мардум аст, бояд факат акси бегонахо бошад? Масалан, барои ман хамчун харидор, ба чои Роналдо дар дасти Афзалшох Шоди дидани хамон шампун шавковар ва таъсирбахштар аст! Ман аз каси дигар дида ба хамватани худам бовар мекунам! Харчанд, ки ин ба хама маълум аст, ки махсулоти бесифатро хам зиёд реклама мекунанд!
Аз суи дигар, холо бозори рекламасози ва чалби нафарони вокеан хам арзанда, масалан, барои тахтахои реклама (ки ин он вакт хамзамон то чое бедор кардани ифтихори милли хам мебуд!) дар кишвари мо рушд накардааст. Гумони ман, ки сабаби асоси хамин аст! Лекин бо ин тартиби сохтакорие, ки мо дорем, (хам «ситорахо» ва хам хамсухбатони онхо!) баъди рушд кардани ин бозор хам мо хаёлам расми касеро аз миёни онхое, ки имруз кору фаъолияту зиндагиашонро махсусан барои чавонон мисол ва намуна меорем, ончо чо намекунем! Зеро хамаи он болобардорихо, ситоратарошихо, «устод»-у «шоиста ва халки»-гуихо сохта асту аз хаёти вокеии мову зиндагии мо дури дур…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Душанбе, Роналдо, Садриддин, бигборд, реклама, ситорахо, сохтакори, устод |












— Дуруст мегуед!…
НравитсяНравится
Салом! шумо пешниходе,ки кардед ба духтархои ин замона яъне аз 18 то 35 шояд дахл дошта бошад. Ман зани 39 сола хастам, модари ду фарзанд мебошам як духтари 13 сола ва як писари 10 сола. Падари фарзандонам точик буд, вале номарди ин падар дар он, ки фарзандони худро 10 сол шуд хабар намегирад. Ман барои бузург кардани ин ду фарзанд хеле захматхои зиёд кашида бемор шудам. Соли 2010 ба Эрон сафар кардам барои табобат. Дар Эрон бо марди 32 сола дуст шудам, ин мард хеле ахлокан хуб аст. Вале барои издивоч кардан дар Эрон нагузоштан, ки бояд дар Точикистон акди расми дошта бошем. Вале дар Точикистон ин Конун пайдо шуд , шояд хуб бошад, вале ман баргаштам Ватан , то имруз харчи зиндаги ману фарзандонамро Эрони мефиристад. Вай дар хонашон як фарзанд мебошад, наметавонад волидайни худро танхо гузошта, ватани ман зиндаги кунад. Маблаги, ки шумо мушахас кардед барои тичораташ 10 баробара даромад меорад. Чаро барои мардхои точик ин шартхоро нагузоштед, чандин занхои точикро бо фарзандони худ гузошта русия рафтанд барнагаштанд,, занхои бечора бо як » алименти» Конун мушахас кардаст, барои дониши фарзанд намерасад , Конуни шумо на барои аз Дини дигару ё чизе дигар аст. Конуни шумо барои истифодабурдан аз ин вазъият аст. Ахсан ба он занони мехнаткаш, мехрубон, ва дилкаш, ки марди хорича мехохад бо онхо издивоч кунанд. Онхо занхои точикро аз занхои худ бехтар донистанд. Шумо фикр мекунед, ки агар 50 000$ ба банки Точикистон ворид шавад, Дини онхо ё хуни точик тоза хисоб мешавад. Чи конунхои чолиб. Занхои точик бе гайрат ё бе номус нестанд, онхо дар хар як гушаву канори дуньё кадру кимати худро медонанд. Шумо бо ин Конун обруи зани точикро паст кардед.Хуб аст, ки бо никохи мусулмони мешавад зиндаги карда, ё бо сига халол боши. Худованд кабул мекунад. Шумо мардхои точикро тарбия кунед, як Мехрия байни зану шавхар муаяйн кунед. То, ки кадри зани точикро донанд. Имруз издивоч фардо бо бахонахои бе арзиш толлок гирифта, боз як зани дигар мегиранд, то аз онхам хаста шаванд ва бад бо фарзандон берун кунанд. Мадоракхои хонаи худро ба исмхои хешовандон гузаронанд, то натавонад зан сохиби мулки шавхараш шавад. 100 солам бо визаи туристи мераванд ва иншоллох ба ишку зиндаги худ интихоб карда мерасанд. Бо эхтиром Мадина Рахмон!!!!
НравитсяНравится