Масъалаи чалби сайёххони хоричи, новобаста ба имконоти махдуди бештар аз 130 ширкати сайёхии мо, холо дар ВАО- махсусан дар ТВ зиёд барраси мешавад. Чанд руз аст, ки Интернет пури хабари дар Точикистон ба мушкили гирифтор шудани чанд кухнаварди укроини аст. Ва чанд руз аст, ки ман бештар дар ин маврид фикр мекунам, ки мабодо хамин гуна ходисахо мавкеъ ва эътибори кишвари моро, ки бехтарин чойхои тамошо дорад, пастар кунад?
Мардуми касбу кори гуногун имрузхо дар мавриди истирохат дар Точикистон ва чалби хоричихо фикрхои худро баён мекунанд, вариантхои гуногунро пешниход мекунанд. Ман дар миёни андешахои баъзеи онхо харфхои «саёхати дохили» ва чизе монанд ба онро мешунавам. Вокеан хам хамин чиз хеле мухим аст! Чи гуна мешавад, ки мардуми тахчоии Точикистон дар «Шохамбари»-ву Варзобу Ромит ва Помир боре хам набошанду истирохат накунанд? Холо истирохат ва баъдан табобат дар нуктахои зебо ва табобатии Точикистон барои хама дастрас нест. Акнун холат чунин аст, ки мардуми одди факат навори чойхои табобати ва истирохатии Точикистонро тарики ТВ тамошо мекунаду халос! Аз нафарони дар он гуна мавзеъхо дар истирохату табобат буда хам, на хама бо маблагхои зиёда аз зиндагиаш омадаву аз нарххо ва баъдтар аз хизматрасони дар он нуктахо пурра каноатманд аст! Яъне, ман гуфтани хастам, ки барои ду хафта на хама омодааст, ки хатто дар холи бемор ва эхтиёчманд будан хам, 900 сомони бидихад! Нафаре, ки маоши камтаринро мегирад, 900 сомониро дар 15 мох ба даст меорад. Боз хам агар у тамоман ягон дирами онро сарф накунад!
Ман дар чанд кишвари хоричи будам. Ва дар хама чо мушохида кардам, ки масалан, ворид шудан ба мавзеъхои таърихи, ки бештар таваччухи сайёхонро ба худ мекашанд, барои мардуми махалли ва тахчои хеле арзон аст. Барои мисол, агар ворид шудан ба Регистон дар Самарканд барои хоричи 6,500 сум бошад, барои сокинони он кишвар хамаги 400 сум аст. Холо хамин гуна тачриба барои нуктахои истирохати ва табобати дар кишвари мо аслан омухта ва татбик намешавад. Масалан, агар ман бо кудаконам ба Варзоб барои истирохати нимруза ва ё якруза равам, бояд мисли хамон хоричие, ки ба сайёхати кишвари мо омадааст, маблаг супорам. Яъне шахрвандони Точикистон имкони тамошои мавзеъхои ватани худашонро факат бо он сабаб дарёфт карда наметавонанд, ки инро кадом сарватманд ва ё сохиби минтакаи истирохатие намехохад! Аз кудакони ширхор ва синни то мактаби маблаг ситонидан дар нуктахои истирохатии Варзоб бовар кунед, ки айб аст!!!
Ман холо нархномаи нопурраи истирохати як рузаро дар Варзоб барои 8 нафар меорам ва Шумо хулоса бароред, ки чи андоза дар ин самт адолат риоя мешавад ва чи кадар барои нафари одди истирохат дар хавои кушоди ватани худаш душвор ва хатто дастнорас аст:
- рафтан то Варзоб дар як мусофирбари хурд-50 сомони (бе хисоби маблаги омадан!);
- нархи як нафари калонсол факат барои ворид шудан ба он минтакаи истирохати -20 сомони, хурдсолон ва хатто кудакони синамак-10 сомони (барои 8 нафар 160 сомони!);
- хаки пешхизмат-40 сомони;
- маблаги хезум барои ду намуд гизо-60 сомони;
- як соат бози кардан дар майдончаи футбол-20 сомони;(майдонхои дигари бозихои кудакона нарххои дигар доранд!)
- манзили зист барои шабона истодан (1 хучра) аз 120 сомони бештар;…
Дар баъзе истирохатгоххо дар баробари ин номгуй истифода аз хавзи шиновари, зарфу табаку коса,
тачхизот барои чушонидани чой ва гайра хам нархи алохида доранд! Худи хамин руйхат нишони он аст, ки сервис ва ё хизматрасони дар хамин гуна нуктахо дар сатхи хеле паст аст, мардуми сохиби хамин гуна нуктахо дар баробари пулдориашон хам, гурусна хастанд! Агар не, пас назорат дар ин самт чидди нест! То ин дарача ба умки проблемахои дигар фуру рафтаем, ки касе дар мавриди истирохати як фарди одди, ки чамъ-ул-чамъи онхо сокинони кишварро ташкил медиханд, фикр намекунад! Аз суи дигар он кадар аламовар намебуд, агар аз хамон маблагхое, ки мардум дар кадом истирохатгох монда бармегарданд, хиссаи муайяне чун андоз аз даромад ба бучаи давлат ворид мегашт. Ман дар ягон нуктаи истирохатии Варзоб, ки рафтааму меравам дар бари калькуляторе, ки онхо барои хисоби маблаги чои истирохати доранд, ягон хел «дастгохи дорои хотираи фискали», ки кормандони андоз хамеша дар бораи он харф мезананд, надидам! Ё мумкин онхо аз ин гуна тачхизот ва ин гуна андоз озод бошанд? Намедонам!
Акнун тасаввур кунед, ки агар як нафари одди барои истирохат бо оилаааш ба Варзоб рафтани шавад, ба хисоби миёна бояд 400-500 сомони дошта бошад. Ва агар то 900 сомони надошта бошад, бояд дар бораи оби шифобахши пуррадони Хоча-Оби Гарм тамоман фикр накунад!
Бо ин гуна нархгузори ва тартиб дар ру ба руи зиндагии факиронаи мардуми Точикистон ханузам ба ин андеша хастам, ки даъвати хоричихо ба саёхат ва аз «кишвари обхои мусаффо» болидану табиати Точикистонро бихиштосо муаррифи кардан, то чое аламовар аст! Аввал гумонам, ки барои мардуми оддии кишвар бояд ин неъматхои худододи дастрас бошанд, мардуми Точикистон худаш бояд аввалтар аз дигарон ба ин гуна минтакахову мавзеъхо бе мамоният ва душвори дастраси ёбад!
Барои ин хаёлам «ихтироъи велосипед» лозим нест:
- мисли он, ки богчахои кудаконаву мактабхои як замон арзон фурухташударо ба идорахои маориф бармегардонанд, хамон гуна нуктахои истирохатии коргоху муассисахоро хам дубора ба он коргоху муассиса баргардонанд, то мардуми корманди он лоакал хафтае як маротиба истирохати бепул дошта бошад!
- нархгузории муайяне барои нуктахои истирохати гузошта шавад, ки дар он сатхи зиндагии мардуми одди ба хисоб гирифта шуда бошад! (Зеро маълум аст, ки сарватмандон дар Варзобу Балчувону Ромит истирохату табобату рухсатии худро намегузаронанд. Боре шунидам, ки як Раиси нохияе, ки ончо кариб ягон хели истехсолот нест, факат дар ким кадом истирохатгохи Белоруссия «да-аам» мегирифтааст! )
- ворид шудан лоакал ба минтакаи истирохати барои сокини Точикистон бепул шавад, дар холе ки барои хама чизи дигар дар он нуктахо бояд алохида пул супорид!
- барои кудакон, ки бо ифтихор онхоро «ояндаи миллат» мегуем, истирохати якруза (дурусташ чанд соата!) дар мавзеъхои хушбоду хаво ройгон бошанд!
Сарконуни Чумхурии Точикистон, боби дуюм. Хукук, озоди, вазифахои асосии инсон ва шахрванд. Моддаи 37.
Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи кори, рухсатии ҳарсолаи пули, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.
Аммо холо эхсос мешавад, ки шиори «Сихатии омма -боигарии давлат» -факат барои рузи иду чашнхо ва ороиши бинохо асту халос. Вагарна чаро коре намекунем, ки истирохату табобат дар худуди Точикистон — Ватанаи худамон- барои хар сокини он, ки аз руи Сарконуни ин кишвар хам хукуки истирохату табобатро дорад, дастрас шавад?
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Истирохат, зона отдыха, нарх, пул, сихатии омма, ширкати сайёхи |












Салом, аслан худи мо барои мардум ин гуна намуд шароитро фарохам меорем, яъне нархоро баланд мебардорем, фикр намекунем, ки ун инсон чи микдор маош мегирад…Ва баъзан карору тасмимхое ки бахри зиндагии хуби мардум кабул ва гирифта мешавад, гумонам танхо руи когаз мемонаду халос. Тавре мегуянд:-об аз боло лой аст…
НравитсяНравится
Аслан худи хукумати кишвар бояд манфиатдор бошад, то ин ки туризми дохилиро дар кишвар вусъат бахшад. туризми бехдошти табобати бошад, яке аз бахшхои мухими туризм ба хисоб меравад, аз ин ру бояд барои мардуми маскуни Точикистон барои истирохату табобат дар осоишогу табобатгоххо бояд имтиёзхо дода шавад ва нархи хизматрасонихо низ ба мардум дастрас бошад.
НравитсяНравится
Салом, матлаберо ки каблан навиштам, каме берун аз мавзуъ буд, бинобар ин …
Модоме ки мо мардуми махалли дар осоишгоххои кишварамон барои истирохат меравему дар баробари сайёхони хоричи пул пардохт мекунем, бовар кунед хайламон,ки на дар Ватани худ, балки дар ким кадом як кишвари хоричи хастем….
НравитсяНравится
ба фикрам аксари мардуми точик кудрати иктисодии истирохату табобатро дар осоишгоххои кишварамон надоранд, ки ин масъала диккати чиддии хукумати кишварро талаб менамояд
НравитсяНравится