У дируз бори аввал якчо бо Зафар Абдуллоев-хамкасби мо- ба Радио омад. Дидадаро, хушсухбат ва озодандеша намуд. Уро барои фардо (яъне хамин руз!) ба эфир даъват кардем. Зарина Точибоева ному насаби у аст. Бештар аз 15 сол аст, ки дар Аврупо зиндаги мекунад. Як замон- кабл аз чанги шахрванди ба студияи актёрии Давлати Худоназар шомил шуда будааст. Ва хамон мехри санъату хунар баъди гардишхои зиёд уро боз овард ба Донишгохи театрии Цюрих, Швецария. Холо у дар баробари тарчумони форси ва русси будан, мухассили соли дуюми хамин донишгох аст… Дар хамон вакте ки ваъда карда буд, омад. Ба хар сурат хаёл кардам, ки инчо таъсири хамон фарханги таъхирнописандии олмони буд, ки уро бе таъхир овард ба «Ватан». Дар зер матни кариб дигаргун нашудаи сухбатеро меорам, ки бо у анчом додам. Он чанд акси Заррина аз сомонаи у ва интихоби худаш аст.
Субхон: Худро дар Точикистон, Душанбе ва инак дар радиои мо чи гуна эхсос мекунед? Чанд муддате ки дар Точикистон- Ватани худатон умр ба сар мебаред, чи холат шуморо фарогир аст?
Зарина: Ман хеле хушхол хастам, ки ин чо хастам, точикии маро мефахмед шумо форси шуда рафтаст. Барои ин ки ман хар се сол ё ду сол миёям Точикистон, хеле хурсанд хам хастам, барои ин ки дилам танг мешавад барои Ватанам, бароям хеле хуб буд, ки шумо маро даъват кардед ва хеле хурсанд хастам ки ин чо хастам…
Субхон-Барои мо низ сухбати дирузаи шумо бисёр шавковар буд, вакте ки мо дар утоки ман сухбат мекардед ва шумо вакте кисса мекардед аз як студияе, ки агар хато накунам онро Давлат Худоназаров ташкил карда буд ва шумо мухаббат доштед ба театр, ба хунареша будан ва баъди чанд сол хамон мухаббати шумо боз дубора ру зад ва шумо -тавре худатон гуфтед, новобаста ба сину сол дохил шудед ба донишгохи театри дар Цюрих, ки фикр мекунам ки ин осон набуд.
Зарина: Осон набуд, барои ин ки сину солам низ боло буд, 32 сола будам, алъон 35 сола хастам. Вале ишки ман барои хунар, барои ман як энержи дод, ки ман тавонистам ки он чо ворид бишавам.
Субхон: Мехостам сари мавзуи тахсил дар донишгохи театри бигуем, ки бо кадом забон сурат мегирад. Аслан шумо донандаи кадом забонхо хастед ва оё дар омухтани забон хамон вакте ки ба Аврупо мерафтед, душвори накашидед ва умуман дар бораи забономузии хамватанони мо чи мегуфтед ?
Зарина: Барои он ки мадрасаи ман дар Цюрих аст ва ман дар минтакаи олмонзабони Швейтсария зиндаги мекунам, дарси ман бо забони олмони мегузарад. Кабл аз он ки ман ба Аврупо рафтам, ман факат бо забони инглиси харф мезадам, баъдан як каме олмони низ ёд гирифтам, вале хеле зуд. Ман фикр мекунам хамватанони мо, ки дар Аврупо хастанд, хеле зуд забони хоричиро ёд мегиранд. Шояд барои он ки мо дузабона бузург шудем, шояд се забон. Зеро хар як точик руси хам медонад, узбаки ва хам точикиро. Вале ман алъон олмони харф мезанам, олмони медонам, инглиси, форси ва руси ва як каме узбаки
Субхон: Хуб, робитаи шумо чи хел аст бо онхо? Гуфтед ки шумо 13 сол дар Олмон зиндаги кардед.
Зарина: Ман дакикан 15, 5 сол дар Аврупо хастам, 13 сол дар Олмон зиндаги мекардам ва алъон 2, 5 сол шуд, ки дар Шведсария зиндаги мекунам.
Субхон: Фикр мекунам вакте ки шумо дар мавриди сину сол гуфтеду дар марвиди бегш аз 15 соли зиндаги дар Аврупо, ки ин муддати кам нест, шунавандаи мо махсусан мардхо хатман ба худ гуфтанд, ки оё ин хонум оиладор хаст ё не ва шояд онхо мехоханд ки дар бораи оилаи шумо бифахманд.
Зарина: Ман оиладор хастам. Шавхарам шахрванди Суис-Швейтсария аст ва дуто фарзанд дорам. Писарам 12 сол ва духтарам 10 сол доранд.
Субхон: Точики харф мезананд?
Зарина: Точики як кам каме, барои он ки ман ончо хеле кам точики харф мезанам, барои он ки точикои мо дар Аврупо хеле кам хастанд, ками кам хам нестанд, вале нисбат ба дигар кишвархо мо камтар хастем дар Аврупо. Фарзандони ман руси харф мезананд ва ду се калима точики-тез-тез, биё-биё ….
Субхон: Тез-тез, биё-биё ..ва боз ?
Зарина: Тез-тез, биё-биё, хур, шин, рав
Субхон:Шумо мехостед, ки онхо бо забони точики харф бизананд ё…? 
Зарина: Ман хам умедвор хастам, ки онхо хам як руз ёд бигиранд, зеро ман худ зиёд тахаммул надорам, бароям хеле сахт аст, вакте ту дар як кишваре, ки атрофат хама олмони хастанд ва олмони харф мезананд, зиндаги мекуни, хаёлам хамин гуна мешавад. Вакте ки онхо хурд будан ман наметонистам бо онхо точики харф бизанам, онхо маро бо як чашмои ало нигох мекарданд, ки фикр мекардам ки онхо маро намефахманд. Барои онхо афсус ки ман зиёд кушиш накардам, ки точики бо онхо харф бизанам. Вале алъон бузург мешаванд ва ман фикр мекунам ки гушашон одат кардаст вакте ман бо модарам харф мезанам, мехоханд, ки зудтар забони точикиро ёд бигиранд.
Субхон: Онхоро низ хамрохи худ ба Душанбе овардед?
Зарина: Бале!
Субхон: Фикр мекунам барои як наврасе ки дар Аврупо тавалуд шуда, бузург шудааст, ин шахр шояд ки комилан гайриодди бошад?
Зарина: Гайриодди аст, вале баччахои ман аввалин бор дар Точикистон нестанд, мо аввалин бор соли 2006 омада будем. Дар он лахза барои онхо хеле чолиб буд. Гуфтанд, мо фикр кардем ки хеле шахри кадими аст, як эхсоси кадими доштанд, зеро инчо гову гусфанд дар роххо мегаштанд, вале дар холи хозир як каме одат карданд. Баъзеи чизхои точики барояшон чолиб аст. Мисол вакте мо ба кучахо мебароем, хеле нигох мекунанд. Дар Аврупо бошад касе туро бо ин чашмхои ало, ки ин чо хаст, нигох намекунанд. Хамин чиз барошон хеле чолиб аст.
Субхон: Хуб, дар мисоли духтарон низ хамчунин, масалан дар кучахои Душанбе ки як духтари зеборо бубинанд, хатман ба у таваччух мекунанд, шояд лукма мепартоянд, аммо дар Аврупо ин тавр нест…
Зарина: Мехостам бароятон як ходисаро таъриф кунам. Як вакт ман хам дар Точикистон мезистам. Вакте ки дар куча мегарди мардхои точик ё хуштак мезананд, ё як харфе мезананд. Аз як тараф хеле одамро норохат мекунад, барои он ки вакте як нафар хар сония аз пуштат чизе мегуяд, норохат мешави, вале вакте ман авалин бор 15 сол пеш ба Аврупо рафтаму дар хиёбону кучахои ончо кадам мезадем, касе ин корро намекард. Аз як тараф эхсосе пайдо мешавад, ки фикр мекуни ки наход ин кадар ман бадру бошам, ки касе барои ман як харфе намезанад. Ончо хам нигох мекунанд, вале на бо чашми рост …бо як тарс
Субхон: Мардхои азиз, хонум Зарина гуфтани аст, ки мардхои точики бо чуръаттар хастанд…
Зарина: Бочурат хастанд ва хеле фарк мекунанд. Мардхои олмони, швейтсари ва итоолиёвихо низ фарк мекунанд. Масалан, мардхои итолиёви мисли точик хастанд. Мардхои аврупо аз сухбат шудан бо як зан тарс доранд. Шояд уно норохат мешаванд, ё мисол ин хуб нест, ки ин корро кард. Аммо точикои мо миёян, харф мезананд агар духтар гуяд ки «даф шав» ё «гумшав», барояшон чизе иваз намешавад, мераванд боз як духтари дигарро пайдо мекунанд.
Субхон: Киссаи ба Аврупо рафтанатонро накл мекардед,чи гуна ин накша пайдо шуд ва бо кадом восита шумо бори аввал рафтед ба Аврупо?
Зарина: Аввалин бор ман Олмон рафтам. Ман донишчуи донишгохи техники Точикитсон будам дар Душанбе ва баъд як барномае буд бо номи IRST ва бо кумаки ин барнома ман ба Олмон рафтам ва дар унчо тачриба омухтам. Баъдан бо кудрати худам хуччатхоямро ба донишгохи олмон равон кардам ва вориди донишгохи Сарбикин шудам. Бо хамсарам низ дар хамин донишгох шинос шудам ва бо хам издивоч кардем.
Субхон: Шумо он донишгохро хатм кардед ?
Зарина: Ман хатм накардам, барои он ки баъдан фарзандор шудам. Вале ман мутарчими мехондам, бояд бигуям ки ман хеле зуд забонро ёд гирифтам ва хеле зуд як имконоте пайдо кардам, ки мутррчим бошам. Ва вакте ки бидуни диплом кор мекуни ва даромад дори, хеле зиёд танбал мешави, ки дарс бихони. Ва баччахоям тавалуд шудан ва дигар нашуд, ки ман донишгохро хатм кунам.
Субхон: Дар Душанбе шумо кадом мактаби миёнаро хатм кардаед?
Зарина: Мактаби миёнаи раками 34-ро.
Субхон: Аз хамсинфони овони мактаби ва донишчуёне, ки инчо хамрохи шумо тахсил мекарданд, тули чанд рузе ки дар Душанбе хастед, бо кассе вохурдед?
Зарина: Бале бо як дусти наздикам-Насиба Саидова вохурдам, баъдан бо як хамсинфам, вале аз дигар хамсинфонам ман дигар зиёд иттилоъ надорам.
Субхон: Барои дохил шудан ба донишгоххои аврупои чи лозим аст, забонро бояд бидони ё тачриба бояд дошта боши???
Зарина: Бояд бигум, ки тарзи тахсил дар Аврупо нисбат ба инчо фарк мекунад. Дар Аврупо 12 ё 13 сол мехони. 13 сол буд, алъон 12 сол аст. Дар 16 солаги ман натавонистам вориди донишгох шавам. Яъне ман инчо дар бахши севвуми ДТТ мехондам- се сол инчо ва 10 солдар мактаб 12 сол мешавад. Баъдан метони, ки вориди донишгох шави. Вале барои дохил шудан ба донишгоххои Аврупо бояд забонро дони. Ё инглиси ё олмони зеро бидуни забон намешад, ки вориди донишгохе гарди.
Субхон: Баъди он ки донишкадаи театриро хатм мекунед, агар шуморо ба театрхои точик ва синамо даъват кунанд, мехостед ки накш офаред?
Зарина: Ин орзуи деринаи ман аст, зеро ман точик хастам, харчанд ки шиносномаи олмони дорам, вале ман хамеша точик будам, хастам ва мемонам. Барои он ки решаи одам хеле мухим аст! Ман
умедвор хастам, ки як филмбардори точик пайдо шавад ва бароям коре пешниход кунад. Ва орзуям дорам, ки бо филмбардори точике хамкори кунам.
Субхон: Вакте ки бо дугонахотон ва бо дустонатон вохурдед, махсусан аз миёни занхо ва духтарон, хис кардед, ки хавас мехуранд ба шумо ва мехоханд, ки мисли шумо дар кишвархои хоричи бошанд?
Зарина: Инро хис накардем,вале шояд як каме фикр мекунанд, ки зиндагии одамо дар Аврупо осонтар аст. Ман наметонам бигуям ки зиндаги осонтар аст. Зиндаги дар Аврупо сахтихои худашро дорад. Вале дар Точикистон нисбат ба Аврупо рузгор одамро мехурад, кудрати одамро мехурад. Барои он ки баъзе чизхои сода …масалан вакте ба бозор мерави,ту бояд бо гуштфуруш 10 дакика бахс куни ки бароят гушти халолро фурушад, ин коро ин чо хеле фарк мекунад. Дар Аврупо сахтихои худро дорад, вале ин чизхои соддаи рузгор ончо нест..
Субхон: Шумо чи гуна ба яке аз радиохои ирони дар Цюрих рох ёфтед? Шунидам шумо хеле таваччух доред ба ашъори Лоик ва ба Шохнома ва он чиро барои мардуми ончо кироат кардед ва хатто мисрахои шеърии Лоикро низ бо забони олмоони тарчума кардед…..?
Зарина: Бояд бигуям ки Цюрих шахри бузург нест. Хар сол дар Цюрих як фестивали Синамо мегузарад. Ва дар он чо ман дар як филми иронзабон бо як нафаре, мисли шумо, ки кормандони радиои ирони дар Цюрих буд, шинос шудам. Ва у маро даъват кард, ки барои иронихое, ки дар Аврупо хастанд, дар марвиди Ватани азизам-Точикистон маълумот бидихам. Барои онхо донистани ин ки Точикистон дар кучост ва чи гуна кишвар аст, хеле чолиб буд. Дар хамун фестивал ман барои онхо аз шеърхои Лоик Шерали, ки ошики онхо хастам, кироат кардам. Хамчунин аз Шохнома, ки бо забони точики буд, кироат кардам ва онхо хеле хушхол шуданд. Ва мегуфтанд, ки 80 дар садашро мефахмем. Вале 20 фоизи дигараш дар хаво мемонад. Бояд бигум шеъри » Чордард»-и Лоик бароям хеле писанд даст. Зеро ин мисрахо барои зан навишта шудааст. Ман хамин шеъро бо забони олмони тарчума кардаам:
Loiq Sherali — Translation by Zarina Tadjibaeva (copyright)
Tschordard- die vier letzten Schmerzen
Bevor das Kind das Licht der Welt erblickt
Die vier letzten Wehenschmerzen
Bevor das Kind durch Rumpf der Mutter mit einem Schrei
Erschöpfter Stimme durchs Tor des Lebens und des Seins eintritt.
Die vier Schmerzen, die vier Wehen
Die vier großen Augenblicke eben
Der erste Schmerz- damit das Kind geboren wird
Der zweite Schmerz – damit Sie bleibt am Leben selbst
Der dritte Schmerz- Wer hat das Licht der Welt erblickt?
Der vierte Schmerz- welch Schicksal hat das Kind?
Wird süß sein Brot oder doch bitter
Zur Falle wird sein Leben oder doch zum Garten?
Wird ihn die Liebe oder der Menschenhass erwarten?
Ein Ackerbauer? Ein Architekt? Soldat? Oder Poet wird er?
Dem Kind gegeben ist die Welt
Wie einem kleinen Fisch der ganze Ozean
Die Luft, das Feuer, das Wasser und die Erd´
Die vier Elemente überall und immer
Ihn, den Neugeborenen, erwarten.
Sind viel versprechend, bedrohen aber auch
Wird selbst er als Feuer aufleuchten
Oder im Feuer zur Asche wird er verbrennen?
Wird er mit Blumen die Erde verzieren
Oder sein Knochen in der Erde vergraben?
Wird frische Luft er atmen mit Vergnügen
Oder wird sein Atem ohne Luft ersticken?
Wird mit dem Wasser er die Gärten tränken
Oder verwischt das Wasser seine Spuren?
Die vier Richtungen des Himmels ihn erwarten
Sind viel versprechend, bedrohen aber auch.
Die Kindheit, Jugend, die Reife und das Alter
Die vier Abschnitte des Lebens wurden ihm gegeben.
Die vier Jahreszeiten — mal Sonnenschein,
und mal Gewitter.
Mal Dürre, mal der Regen
Mal Schnee, mal aber auch die Hitze
Die vier Launen der irdisch´ Leben.
Mal Tag, mal Abend
Mal Nacht, mal Morgen
Sich wechseln ab so ruhig und so weise
Die Hütte aus Lehm hat vier Ecken
Fürs Essen ausgebreitete Decke.
Die Heimat, die Frau, die Mutter, die Natur
Die vier Säulen, die Freiheiten vier.
Bei jedem Unglück und bei jedem Unwetter
Der Liebe vier Arten, die uns das Glück bescheren.
Das Leben ist aber die wertvollste Gabe
Tschordard -Die Schmerzen letzten Vier
Die vier letzten, qualvoll Schmerzen
Bevor wir in die Freiheit eintreten
Субхон: Дар ончо, агар хохиши гуш кардани суруд пайдо мешавад, бештар киро гуш мекунед, сурудхои киро ва бо кадом забон?
Зарина: Ман вокеан агар дилам барои Ватанам танг шавад, бисёр охангхои точикиро зиёд гуш мекунам, баъзан ирони, вале аз гуш кардани сурудхои гарб низ хеле хушхол мешавам. Аз сарояндахои точик бештар сурудхои Далер Назаров, Парвиз Назаров, гурухи Шамс ва Авесторо гуш мекунам ва ин овозхонхоро хеле дуст медорам. Хамин мисрахоро хам хеле дуст медорам:
آن روزها ما دلی دتشتیم، برای بردن جانی داشتیم
برای مردن کاری داشتیم، پاییز و بهاری داشتیم
توی سررا ما سری داشتیم، عشقی و دلبری داشتیم
کسی آمد، که حرف عشق را آوا زد
دل ترسوی ما هم دل به دریا زد
به یک دریای طوفانی دل ما رفته مهمانی
چه دوری ساحلش از دور پیدا نیست
یک عمر راهی و قدرت ما نیست
باید پارو نزد، وا داد، باید دل را به دریا داد
خودش می بردت، هر جا که دلش خواست
به هر جا برد، بدان ساحل همان جاست
با امیدی که ساحل دارد این دریا
با امیدی که آرام میشود تا فردا
با امیدی که این دریا فقت شامی دارد
به عشقی که نمی بینی شبهاشو بی ستاره
دل ما رفته مهمانی، به یک دریای طوفانی
باید پارو نزد، وا داد، باید دل را به دریا داد
Субхон: Хангоми дур аз Ватан будан, чиро ё киро аз Точикистон бештар пазмон мешудед?
Зарина: Хатман оила. Модарам, пайвандон, афсус ки падарам соли 2000-ум фавт карданд. Алъон модар ва бародару хохарамро дорам. Ва барои онхо дилам хеле танг мешавад ва аз табиати зебои Ватан, аз хурокхои миллиамон, аз оши палаву манту ёд мекунам. Ман хам мисли як духтари точик бо худ дег хам бурдам, курпача низ дорам , вале ба хар сурат хар чизе ки инчо буд ва хаст аз инхо дилам танг мешавад.
Субхон: Шумо каблан гуфтед, ки дар донишгох рузхои кишвархои гуногун ташкил мешавад ва шумо ончо Наврузро тачлил мекунед, либоси точики мепушед, токии точики ба сар мекунед? Фикр мекунам, ки он вакт назари онхо боз хам зеботар менамоед.
Зарина: Ман фикр мекунам, ки дар Аврупо зиёдтар точик хастам. Зеро хонаам пур аз сузани ва колинхои точики аст. Ман ончо либоси точики, ки духташро як камее иваз кардам, мепушам. Ман хар сол бо дустонам, ки ончо хастанд, на факат бо точикон, балки бо намояндахои кишвархои дигар хам Наврузро бо хам чашн мегирем. Руи хон хафт син ва хам хафт шин пахн мекунем ва раксу шоди мекунем. Бояд бигуям ки ракси точикиро зиёд пазмон мешавам.
Субхон: Сабаби бо як гуиши эрони сухбат кардани шумо чи аст, намехостед, ки бо лахчаи точики харф бизанед?
Зарина: Мехостам. Кабл аз он ки ба Олмон рафтам гуиши точикии ман хеле хуб буд, зеро мактаби миёнаи раками 34-ро дар Душанбе хатм кардам. Вале алъон, ки 15 сол дар Олмон зиндаги мекунам ва каблан робитаам бо хамватанонам як каме суст буд ва алъон ки бо онхо дар робита хастам, кушиш мекунам бо лахчаи точики харф бизанам. Аммо ногуфта намонад, ки ман хамеша ирони харф мезанам, зеро одат кардам бо форси харф задан. Агар ду се хафтаи дигар дар Точикистон бимонам шояд…дубора бо лахчаи точики хубтару бехтар харф бизанам.
Субхон: Шумо боз кай мехохед ба Точикистон баргардед?
Зарина: Умедворам соли оянда, ё шояд баъд аз ду сол. Ин хамеша вобаста аст ба кору бори мо…Ман ба хама орзу мекунам, ки шумо низ такдирчунбони худатон бошед ва гирехи мушкилатон боз шавад дар ин мохи Рамазон хар нияте ки шумо доред, ба максадатон бирасед. Хушбахт бошед. Умедворам ки чавонон барои пешрафтии кишвари худамон хеле чуръат дошта бошанд ва кишвари азизамонро аз ин зебоие, ки алъон дорад, боз хам зеботару шинохтатар кунанд.
Субхон: Шумо хам саломату сарбаланд ва хушбахт бошед!!!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Зарина Точибоева, Лоик, Мехмонхона, Радио, Таджибаева Зарина, Точикистон, Цюрих, Швецария, Шохнома, аврупо, мактаби №34, zarrina |














Салом, сухбати бенихоят гайриодди. Зеро матолиб ин чо хам бо забони точики, олмони ва форси навишта шудааст ва бидуни тахрир аст… Ана хамин чиз бароям хеле писанд омад…
Саломат бошед!!!
НравитсяНравится
Саломалейк….Шумо хам саломат бошед, ки баъди чанд дакикаи гузошта шудани он мавод онро хондед ва фикратонро навиштед. Ва хам ташаккури зиёд ба Матлуба-хамкори ман, ки ин сухбатро навишта кард ва он ба ин сахифа рехт…:)
НравитсяНравится
Ассалом! Ман хам чи тавре ки Фуруг баён карданд, аз он хушам омад, ки матолиби инчо бо се забон: точики, форси ва олмони навишта шудааст. маълум мешавад, ки акаи Субхон ба дигар забонхо хам таваччух дорад! Саломат бошед акаи Субхон!
НравитсяНравится
Субхон нагз сухбат кардиву аммо напурсиди ,ки барои чи махз шавхари олмони?? ё шояд барои гражданство бошад:)) шутка…. бисер мехостам фах=мам ки барои чи точик не?? ё он чо дефитсит буданд?:)))))) шутка…
НравитсяНравится
Салом! Ин боз ман Зафар! Мо дар сахифаи «Дар бораи ман» навиштаатонро камтар хам бошад хондем, ки дар бораи худатон навиштаед, ва инчунин кайд кардаед, ки падаратон шуморо ба назди як касе бурда то намозу сураро ёд додааст. Баъди хондани ин мавод, дар бораи Зарина- апа инчо мебинем, ки хам олмони ва хам форси навиштаед. Аз он касе ки ба шумо сабак меомухт фахмида мешавад, ки шумо на факат сурахоро инчунин хати форсиро низ хамон вакт хуб аз худ карда будаед. Ба Шумо барор мехохем акаи Субхон!
Чанд нафар аз донишчуён!
НравитсяНравится
Салом Субхон ва шунавандагони барномаи Субхи Ватан. боз як бор ба шумо ташаккур мегуям, ки сухбати ману Субхонро гуш кардед. Аз шумохам Субхон хеле мамнунам, ки маро ба барноматон даъват кардед. Умедворам ки ин сухбатамон охарин бор набуд. 2 руз дар ватани интихобиям хастам, вале дилам барои ватани аслиям пазмон шуд. Хар руз оханги Парвиз Назаровро гуш мекунам, «чарх мезанам, мераксам» 🙂 ки диламро аз пазмон озод кунам 🙂 Муаффак бошед. Зарина аз Цюрих, Швейцария.
НравитсяНравится
Саломалейк….Ман хам аз саломат буданатон шодам. Умед дорам, ки робитаамон ба хотири шунавандахое, ки акнун шуморо хуб мешиносанд, ба воситаи Интернет хам хуб мешавад. Саломату муваффак бошед!!!
НравитсяНравится
Оличаноб!Прелест!
НравитсяНравится
Офарин Субхон!Сухбати оличаноб.
НравитсяНравится