Мисли он ки инсон ба номи худашу нони худаш ниёз дорад ва бояд онро дошта бошад, хаёлам, ки андешаи худро доштан хам мухим аст. Ба назар чунин мерасад, ки хама андешаву акидаи шахсии худро доранд, аммо амиктар агар андеша кунему хулосабарори кунем, на хама кобилияти парваридани андешаву акидаи шахсиашро дорад. Андешаи дигарон, хатто дар холе, ки мо онхоро кабул кардани хам набошем, ягон хел ба мо таъсир мерасонад. Хатман мерасонад! Хар кадар мо дар миёни мардуми зиёд кору зиндаги кунему бо онхо бештар робита дошта бошем, хамон кадар андешахои гуногунро мешунавем, кабул мекунем. Онхо вобаста ба мазмуну мохияташон андешаи моро ба бор меоранд, моро ба андеша ва хулосабарори водор мекунанд. Аммо кам нестанд нафароне, ки дар ру ба руи андешахои беруна ва бегона истодагари карда наметавонанд, хар акида дархол ба акидаи онхо табдил меёбад, он андешаеро, ки онхо навакак аз касе шуниданд, чанд лахза пас чои дигар чун андеша ва хулосаи худашон муаррифи ва баён мекунад. Чаро инсонхо баъзан (шояд аксарият!) андеша ва хулосаи шахсии худро надоранд? Ва оё ин гуна инсонхо аз инсонхои дорои андешахои шахси тафовут доранд? Хавф чи?
Аслан он касе, ки намедонад аз хамин руз, аз зиндагиаш чи мехохад, махз хамон нафар дар миёни
андешахои мардуми уро ихотакарда гарк мешавад. Нафаре, ки бо накшахои худаш зиндаги мекунад, дигар ниёз ба андешахои бегона надорад, хатто дар холе , ки онхо аз андешахои шахсияш хам арзишмандтар ва макбултар бошанд. Аз суи дигар мардуми мо аксаран ба андешаи дигарон хеле чидди муносибат ва бархурд мекунанд. Барои мисол: модари домод хануз пештар аз туй хамсояхои худро чамъ карда, зиёфат меорояд ва молу матоъу сару либоси барои туйи писараш харидаро ба онхо нишон медихад. (тукузбинон!) Агар кампири Басгул гуяд, ки «хамин матоъ безеб аст», модари домод онро бо матоъи дигаре иваз мекунад, ки аввалтар аз хама ба кампири Басгул писанд биояду баъд онро якчанд каси дигар дастгири кунад! Кампири Басгул ва чанд каси дигаре, ки дар он хона нишастаанд, сад сол аст тамоман андеша надоранд, ки интихобу завки онхо метавонад, ки ба интихоб ва завки арус, ки он молу коло барои у аст, мувофикат накунад. Хамчунин модари арус дигар наметавонад, ки факат бо андешаи арус-келини худаш, ки оянда бояд хамон молу сару либосро ба бар кунад, каноатманд шавад. У хатман бояд дигаронро даъват карда, назари онхоро гуш кунад. Ин шояд кори хато набошад, аммо ман хамин чиро намефахмам, ки барои чи он чизе, ки ба ман вобаста аст, онро бояд дигарон мухокима кунанд, кабул кунанд, рад кунанд… Ба чои ман!
Баъди он, ки дар фиттаву дискхо хар гуна сухбату амри маъруфу насихатномахо нашр шуд, дигар гумонам сафи онхое, ки тамоман андешаи худро гум карданд, ба маротиб зиёд шуд. Айнан мисли кадом нафари шинохта фикррони кардан ва андеша доштан хаёлам тамоман шарт нест. Масалан, ман бо хамон андеша рози хастам, аммо бояд ба тарзи худам рози бошам, бо он масъала бо хулосаи кардаи худам бархурд кунам, бо чумлахои худам он андешаамро баён кунам…
Аммо хамин гуна эхсос ва кобилияте, ки «шумо аз андешахои дигарон вобаста нестед», дархол пайдо намешавад. Дар мавриди аввал нафароне, ки доираи фахмиш ва дониши махдуд доранд, ба хар андеша рози мешаванд ва ба дурустиву нодурустии он хатто шубха хам намекунанд. Боз хам агар ин гурух доираи васеъи дусту наздику рафику шинос дошта бошад, барояш бо он сатхи поёни тафаккур, андешаи худро парваридану баён кардан душвор ва дурустараш номумкин мешавад. Мисли он, ки холо нафаронеро, махсусан аз миёни чавонон вохурдан мумкин аст, ки омода хастанд бо даъвати як чехрае, ки сухбаташрову насихаташро хар вакт гуш мекунанд, мисли солхои чанги шахрвандии Точикистон ба кучахои шахр бирезанд! Вобаста набудан аз андешаи дигарон махз хамон чизест, ки дар омухтану омузондани он набояд таъхир кард! Андешаи дигаронро хам метавон ва бояд гуш кард, аммо бе доштани андешаи худ онро меъёр донистан, корест на дуруст!
Афкори чамъияти боиси инкишофу харакатдихии чомеа мегардад. Инчо дигар назархое тавлид мешаванд, ки хама-ё дурустараш аксарият бо онхо рози хастанд.
Ба хамин монанд боз мисол овардан мумкин аст: агар ман нависам, ки «фалон кас бо сол аз ман калон асту дар фалон чо хондаасту шоир ё нависандаву олими хуб аст ва хар чизе ки у гуфт ман бо у рози хастам», ман якбора чанд хато мекунам. Аз як чониб ин хам шояд андешаи шахси буда тавонад, аммо хаёл мекунам, ки пурра дастгири ва ё инкори нафаре осонтарин кор аст, ки факат барои гурехтан аз бахсу талошу андешаронихои дигар анчом дода мешавад! Ман чизеро дуст медорам ва ё бад мебинам факат ба хотири он аст, ки ман он чизро дуст медорам ва бад мебинам, на ба хотири он аст, ки як чехраи шинохта ва ё як зани зебо онро дар кадом мусохибааш гуфтааст ва ё хамсояи мо-корманди Хукумати Чумхури хамин гуна назар дорад. Андешаи худрову назари шахсии худро дар пеши кадом андешаи дигар, ки муаллифаш холо таъсири бештар ва имконоти васеътар дорад, курбон кардан, хоси мардуми сохтакор аст. Хамин гурухи инсонхо, яъне сохтакорон хам андешаи шахсии худро надоранд. Онхо хатто симову пусти шахсии худро надоранд!!!
Аз содда будани андеша ва акидахои шахсии худ шарм доштан, тарсидан аз баёни акаидаи шахсии худ, боиси он мешавад, ки мо худро ба кунчи торике бурда банд месозем. Бо гуфтани онхо шояд зиндагии мо бехтар нашавад ва моро ба мансабу вазифаи баланде хам таъин накунанд, аммо худро дар ин рухия тарбия ва одат кунондан, боиси камолоти зехни, устувории тафаккур ва акида мешавад, ки дар миёни инсонхои сохибандеша хамин чиз баландтарин маком ва чой аст.
Георг Лихтенберг гуфта будааст, ки «ягон чиз мисли надоштани акидаи шахси барои инсон рухияи рохату холати осудагиро фарохам намеорад!» Вале тасаввур кунед, ки чи гуна инсонхо бе доштани акида ва андешаи шахсии худ, мисли пода гох пароканда мешаванд ва гохо аз пушти подабони пиру харсаворе мераванд…. 
Хаёлам, ки ба андешаи дигарон таваччух накардану аз руи акида ва хости худ зиндаги кардан, рохат бошад. Зеро ман агар барои халли мушкилам ба сад кас мурочиат кунам, сад тавсия мегирам. Он вакт ман дар он тавсияхо гум мешавам. Ман шояд ба тавсихои дигарон гуш мекардам, аз миёни онхо андешаи ба андешаи худам монандро мекофтам, аммо ман ба хамон тарзе мехостам зиндаги ва амал кунам, ки худам мехохам, на он тарзе, ки маро дигарон дидан мехоханд. Мардум дар бораи мо хар гуна назар доранд, андешахои мухталиф доранд. Хамон вакте ки таъсири андешахои онхоро, яъне мардумро , дар рузгору кору фаъолиятамон кам кардем, чидди бо онхо майнаро пур кардану азият надоданро омухтем, дорои акидаи шахсии худамон мешавем. Худи чомеа, афкори умуми ва самти харакати он моро дар холи дурусти ва нодурустии акида ва андешахоямон огох мекунаду ислох мекунад.
Ман фахмида наметавонам, ки :
- чаро ба ман дар халли кадом нофахми миёни ману хамсарам бояд шунавандаи кадом радио маслихату тавсия бидихад ва насихат кунад?
- чаро барои ман хамсарро хола ва ё аммам кофтаву тавсия дихад?
- чаро бояд маро дар коргохам раис ва ё муовини у барои аъзоги ба хизбе мачбур кунанд?
- чаро ман бояд ба андешаи як нафари мансабдор факат бовар кунаму халос?
- чаро бояд ман хамон гунае зиндаги кунам, ки дигарон мехоханд?
- чаро ман бояд андешаи касеро пурра хамчун меъёр барои худам кабул кунам?
- чаро ман аз баёни андешаи шахсии худам харос кунам ё шарм намоям?
- чаро ман аризаро ба кадом сохторе ё ба номи касе мисли хама- бо услуби кухна ва бо хамон чумлаи «Дар баробари навиштани аризаи худ аз шумо эхтиромона (?) хохиш мекунам….. » бинависам?
- чаро ман бояд аз раиси махалла ё котиби чамоат пурсам, ки «ба ки овоз бидихам?»
- чаро ман бояд он чизеро, ки медонам, дар масчид аз имом ё муллои дигаре боз пурсам?
- чаро номи писар ё духтари навзоди маро бояд каси дигаре гузорад?
- чаро зани хамсоя «сахари руз кати тарбуз намехуранд»- гуфт, ману хамсарам бояд бовар кунем ва субх тарбуз нахурем?….
Хазорон нафар имруз ва хар руз дар атрофи мо вобаста ба мо, фаъолият, зиндаги, оила ва рузгори мо акидаи худро баён мекунад, аммо мо хукук дорем ва метавонем, ки ба онхо таваччух накунем, ахамият надихем. Метавонем, агар акида ва андешаи шахсии худро дошта бошем!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: акаидаи шахси, амри маъруф, андеша, мардум, мустакили, одамон, озоди, фикр, чомеа |












Салом, ин навиштаро хондаму гумон кардам, ки инро як равоншинос ва ё як файласуф навишта бошад. Ончунон бомахорат навишта шудааст, ки бовар дорам хар наваре ки ин матлабро мехонад ва ё хохад хонд, аник ки андешаи худро хохад дошт…БОяд бигуям ки ин чунин матлаб яъне «Андеша ва доштани андешаи шахси худ»-ро бори аввал дар блоги шумо хондам…Саломат бошед!!!
НравитсяНравится
Просто Субхон ман намедонистам ки то кадом андоза философи хуб хам хасти …хамаша хб нависти ман хам мехостам ккамтарак фикракома бугум….. мо барои ба ккасеу фикри нафаре рози нашудану хамфикрони худро начустанамон бахри халли мушкилоте ва ё озодона акидаамонро ба нафаре ё дар бахсе гуфтанамон сараввал бояд ба худамон бояд бовари кунему бовари дошта бошем а бояд хар кас «мани» худашро дошта бошад…….
Дар масалаи хурдану пушидан умуман хамсояра гуш накун… камтар солои студентира ба ёд биёр ..ё солхои радио точикистона ки мо хамрох оби хунаку бо нон мезадем:)))))) хамаш нагз мешавад… бо иштихо брат….
НравитсяНравится
Саломалейк…Бовар кун, ки ба ёдам омад. Хама чи ба ёдам омад,хатто он чизе, ки умуман набуд 🙂 Саломат бош, бародар!
НравитсяНравится