Имзо ва ё соядаст хам таърихи тулони дорад ва холо бе он хеле душвор ва хатто хандаовар аст. Хануз чанд аср кабл хунармандони чопони дар хамон махсулоти сохтаашон имзо ё мухри худро мегузоштаанд, ки он хамон махсулотро бозоргир ва серхаридор мекардааст. Яъне мардум аз хамон тамга пай мебурдаанд, ки ин махсулот дасти омода шудааст ва новобаста ба киммати гаронаш онро харидори мекардааанд. Холо хам мегуянд, ки чопонихо мухрхои ороишёфтае доштаанд, ки аксар вакт дар бастаи калидхояшон бо худ гирифта мегарданд. Графология-илмест, ки робитаи бевоситаи хусни хати инсонро ба хислату хулку атвораш меомузад. Аз имзо хам мутахасисон баъзе чизхои ба сохиби он вобастаро фахмида метавонистаанд. Хануз император Нейрон дар бораи касе гуфта буд, ки «ман аз ин шахс харос дорам, зеро хусни хаташ баёнгари хиёнаткории у аст!» Дар миёнаи асри 17 дар Аврупо як китоби профессори итолиёи Карло Бальдо нашр мешавад, ки дар мавриди робитаи хати инсон, харфхои навиштаи у ба хулку хислаташ накл мекард. Аммо дар замони хукумати Сталин графология илми дуругин дониста мешавад. Киссае хам хаст, ки гуё боре дар як чаласаи психиатрхо академик Владимир Бехтерев ба хамкасбонаш накл мекунад, ки имзои Сталинро онхо бо истифодаи хамин илм ташхис карда муайян кардаанд, ки сохиби он мушкилоти рухи ва равони дорад! Мегуянд, ки сабаби манъ кардани ин илм хам хамин ходиса будааст!
Аммо холо бошад илми графология дар чанд самт, аз он чумла- криминалистика, дипломатия, менечер оид ба кор бо хайти шахси ва гайра истифодаи васеъ дорад. Гумон мекунам, ки шояд нафаре ки тамоман бе имзо бошад, вучуд надошта бошад. Хамчунин хастанд нафароне, ки дар хама чо хар гуна имзо доранд. Аз асрори имзо аввалтар аз хама хамин чиз фахмо аст, имзои мардум хамон хатхои ба худи онхо писанд аст. Харчанд ки шояд на хама донад, ки имзо чи гуна бояд бошад ва аз чанд кисм иборат аст.
- Монограма- ин хамон як харфи аввал дар имзо аст, ки асосан аз харфи аввали насаб ва ё ном гирифта мешавад;
- Харфхои дигари дохили имзо, хату ишорахои он;
- Ишора ва ё хатти чамъбасти, ки харф нест. Ин дар аксари имзохо давоми ягон харф аст;
Табиати мо хамин гуна аст, ки мо аксарият барои дидани имзои мардуми шинохта ва махсусан мансабдор талош мекунем, ин бароямон шавковар аст. Ва хам холатхое хаст, ки аз дидани имзои бенамуд ва нозебои онхо норохат мешавем ва то чое аз онхо дуртар!
Ман дар утоки кориям бастаи соядастхои мардуми машхуреро, ки кадом вакте ба Радиои мо омадаанд, нигох медорам. Кариб хамаи онхое, ки ба утоки кории ман ворид мешаванд ба хамон бастаи соядастхо таваччух мекунанд, андешахои худро баён мекунанд. Аз руи хамин гуна соядасту имзохо ва таваччухи бештарам ба ин чиз ман пай мебарам, ки мардум дар ин самт чанд гурух хастанд:
- онхое, ки кариб хар руз ба кадом хуччате имзо мегузоранд;
- онхое, ки мохе як маротиба хангоми маошгири як илоч карда ба хамон хуччати идораи мухосибот имзо мегузоранд;
- онхое, ки имзои муайяни худро надоранд ва агар дар сад хуччат имзо гузоранд, он сад намуду шакл дорад;
- онхое, ки фикр мекунанд, ки имзо хамон як чизи ба «спираль» монанде аст, ки дар аввлаш харфи аввали насаби у ва дар охираш бояд ишорае ба харфи «В» монанд бошад;
- онхое, ки имзоро чун як чузъи мухими зиндаги ва хислати худ кабул надоранд ё дурустараш эътироф намекунанд;
- онхое, ки имзо-мухр хамрохашон доранд;
Ин чо мехостам, ки шумо хам ба навишта ва имзои чанд тан аз мехмонони Радиои мо таваччух кунед. Хату имзои онхоро шумо бо одату хулку рафторашон мукоиса кунед ва кушиш кунед, ки хамон робитаи хат, имзо ва хислати онхоро муайян кунед.
Ин факат як кисми соядастхои интихоби буд. (Агар ба лугати забони русси ахамият бидихем соядаст ва имзо як маъниро ифода намекунад!) Вале агар мехохед, ки имзохои мардуми машхури сатхи чахониро бубинед, лутфан ба ин чо http://www.signature.calligraphy-mvk.ru/content/blogcategory/7/37/lang,ru/ ворид шавед.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Ватан, Радио, автограф, имзо, мехмонон, подпись, хислат |























Асалом акаи Субхон, ин навиштаатон бароям ачиб ва хондани буд. Бори аввал мефахмам ки одамро аз хат ва имзо фахмида мешудааст.
НравитсяНравится
Саломалейк….Саломат бошед! Одамро аз бисёр чи фахмидан мумкин аст, ки хат яке аз онхост. Масалан, одамро аз мансаб, сарват ва хатто аз руи …хамсараш фахмидан мумкин аст 🙂 Бовар кунед!
НравитсяНравится