Драмаи се мусофир…(ҳикоя)

Замоне, ки ҳама барои ҳар коре миёнарав меҷӯстанд, ӯ ҳам рафт суроғи духтари ҳамсояи он ношинос, ки алъон ҳамон истгоҳи пеши хона умумияташон буд ва ҳамон як нақлиёт василаи ба ҳам омаданашон. Бо ривояте, ки «барои васли ошиқон мусоидат кардан савоб аст», миёнаравро барои як муддат дар миёнашон гапкашон шудан, ризо кард. Дар се сафар ошкору ниҳон фақат худро муаррифӣ кард, то миёнарав дар моил сохтани дугонаи он сӯйи нақлиёт ва он кунҷи муносибаташ душворӣ накашад. Чунин ба назар мерасид, ки суханони мисли кулчаи танӯр гарм, то рӯ ба рӯйи гарми ӯ парокандаву бесару нӯг гуфта мешуданд, ки сардӣ ба ҷонашон медамид. Гӯё он кунҷ кунҷи шимолӣ буд, ки аз он сӯ ҳамоно дамишу шамоли барф меомад. Ӯ таври дигар фикр мекард: он кунҷ ва он гӯша баланди баланд ва ҳоло дасти имкони ӯ кӯтоҳи кӯтоҳ аст …

Читать далее →

Ҷойи сӯҳбатҳои нотамом

Ин ҷо гӯё монанд аст ба як нафас будан дар погаҳи дари дунё то рафтан ба истгоҳи дигар ё дунёи дигар. Ҳаминҷо мисли он, ки анъанаи ин дунё аст, нафасҳо пештар аз сафарҳои дуру дароз як бори дигар рост мешавад. Мусофирон гӯё бори охир сӯйи деҳа ва кулбаи лойини худ назар мекунанд, аз ҳамин ҷо барои гирифтани кадом молу ашёи фаромӯшкардаашон бармегарданд, сагҳои аз пушташон то инҷо омадаро ба хона пеш мекунанд, кӯдакони хурдсоли худро, ки барои ҳамраҳӣ гиря доштанд, бо ширинӣ ё чанд танга ва ё ҳатман бо ҳарфи дурӯғе бозпас мегардонанд…

Ва маҳз ҳамин ҷо дида ба дидори сафаракиҳои дигар мерасад, тӯшаи роҳи онҳоро бо таличаи худатон муқоиса мекунед, аз либосҳои аксаран зебо ва гоҳ ҷандаи тани мусофирон фикрҳое ба саратон меоянд, мебинед, ки мардумон дар сафарҳо кӣ ва чиро ҳамроҳ мегирифтаанд, мебинед, ки мусофирон пештар аз омадани воситаи интиқолашон ба ҷои дигар чӣ гуна пулҳои қатшудаву шикаставу аз арақи кафи даст тару беҳолро аз панҷаҳо раҳо кардаву барои ҳисобӣ омода мешаванд ва дар идомаи ҳамин хаёл дарк мекунед, ки касоне ҳам кам нестанд, ки дар ҳамин нукта охирин пулҳои доштаи худро, охирин тангаҳои худро баргашта ва ба такрор шумурдаву бо алам ба кафи дасти кадом пулчинаке ё ронандае медиҳанд…

Читать далее →

Қиссаи роҳу роҳкиро аз Дюшанбе то Душанбе

          Инсонҳо дар ҳар куҷои дунё, аз ҷумла дар Душанбе ҳам, ки аз аввал бо чанд маҳалла макони баргузории бозоре дар рӯзҳои ҳамномаш будааст, баъди пиёдагардӣ ҳатман воситае барои ҳаракат доштаанд, ром кардаанд, парваридаанд ва сохтаанд…То омадани нахустин савораҳо мардум хеле роҳи кӯчаҳо ва раҳу пайроҳи зиндагиро пиёда тай карда буд. Баъди саворашуданҳо бошад, ҳам роҳҳои барои гашти аспу ароба мувофиқтар пайдо шуданд ва ҳам ҷону тани мардумон аз он, ки дигар пиёда набуданд, каме роҳат кард.  Яъне, чизе монанд ба омнибусҳои фаронсавӣ дар солҳои 1820-ум, иборат аз аспу ароба, ки ҳаракати мардумро як кам сабуктару роҳаттар мекард.  

Читать далее →

27 августи соли 2010

     Ин икдоми нав аст. Агар барои шумо (ва аввалтар аз хама барои худам!) писанд ояд, онро давом хохам дод. Инчо хамон ходиса, вокеа ва санахои дигаре оварда мешаванд, ки ба хамин руз иртибот доранд! Агар тавонам, ман ин сахифаро бо хамин тартиб хар руз барои Шумо пешниход мекунам! Акнун Шумо хам ваъда бидихед, ки хар руз ба ин сахифа ворид мешавед… Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти