Имруз рузи охирини мохи август аст. Барои касе омад-омади рузи маошгири, барои касе ташвишхои мактабу галстуку либосу ришу саллаву сатр ва барои дигаре.. просто, як рузи мукаррари ва одди..
Имруз дар мавриди асрори чашмхои калони мардуми точик, собик президенте, аз шахр берункунии оворагардон, шуриши аскарбачахо, бадаргаи фархангиён ва манъи тахсили мардуми кишоварзу камбагал навиштаам.
-
Рузи мустакилият дар Киргизистон (1991)
-Маълум мешавад, ки барои бедор будан, доштани чашмони калон калон он кадар накш надоранд…
- Роберт Кочарян собик президенти Арманистон таваллуд шудааст (1954)
-Тасаввур мекунам, ки собик будан чи гуна душвор аст. Кушиш кунед, ки собик нашавед!Ба хеч вачх!
- Хамаи оворагардон аз Квебека (Канада) берун карда шудаанд (1673)
-Ман пешниход мекардам, ки дар Душанбе хам хамин гуна коида ва тартиб чори карда шуда, хамаи онхое ки маошашон аз 60 сомони поён аст, хамаи онхое ки дар ичора хастанд, хамаи аробакашхои бозор ва нафароне ки баъди хонахои ятимон чои рафтан надоранд, аъзоёни Иттифоки журналистон ва нависандагон …оворагард дониста шуда , аз шахр берун карда шаванд!
- Шуриши аскарон дар Нанси (Франция) фуру нишонда шудааст (1790)
-Тасаввур мекунам,ки барои кудрати шуриш доштан ва ба шуриш бархостан он аскар чи гуна бояд, ки сер бошад. Аммо дар баъзе кишвархо барои ба шуриш даст зада натавонистани аскарон ба онхо хуроки шикамсери намедиханд ва либоси хуб хам намепушонанд, то ки аз куча баромадан хам шарм кунанд!
- Аз Руссия 122 ходими фарханг, аз он чумла -Н. Бердяев, П. Сорокин, С. Булгаков бадарга карда шудаанд (1922)
-Дидед, рафикон, бо як Бозор Собир намешавад….
- Евгений ЧЕРНЫШЁВ — сардори хадамоти оташнишонии Маскав, кахрамони Руссия (баъди маргаш) таваллуд шуда буд (1963)
-Мардум, рохбаронро химоя ва хифз кардан даркор аст, коргар хама чо пур аст, аммо рохбарро ёфтан душвор ва хатто дар баъзе чойхо номумкин аст.
- Кабули довталабон аз оилахои камбагалу дехкону факир ба муассисоти таълимии миёна ва олии Руссия манъ карда шудааст (1827 -аз руи таквими кухна)
-Бехтарин корро мекардаанд! Холо хам, ки агар хубтар фикр кунем, аз мардуми факиру камбагал ба давлату чомеа фоида нест. Тасаввур кунед, ки онхо мошин надоранд, ки бензин харанд ва тичорати нафт таракки кунад, онхо як либосро чанд мавсим мепушанд, онхо пойафзоли кандаашонро ба назди кухнадуз мебаранд, агар аксия харидори кардан даркор шавад, онхо пул намеёбанд, аз руи онхо шуда мардуми сарватманду мошиндор бо мошин ва телефонии мобили ба дарс омада наметавонад….Чи даркор аст онхоро ба макотиби миёнаи хуб ва оли рох додан?
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Бозор Собир, аскарон, донишчу, киргизхо, мактаб, мошин, овогард, рохбар |












Добавить комментарий