13 майи соли 2011

  Хаёл мекунам, ки имруз хама «коршинос»  ва «тахлилгар»-у «мунаккид» шудаанд: хам точир,  хам кабир, хам бекор  ва хам чаккафурушу кабудифуруш. Дар сартарошхонахо холо масъалахои глобариро «хал» мекунанд, занхои куча болоравии нархи бензинро ба ким кадом ходисаи дар  кадом дехаи дурдасте рух дода робита медиханд, курутфуруш аз курби доллари амрикои ва  кометаву «охири замон» «кисса» мекунад…

Имруз дар мавриди ду гурухи аскарбачахо,  накши мини-юбка  дар Шоу-бизнеси точик,  рохбарони «гамхор», як харф аз як мисраи Олимхон Исмати, хохиши кухнавардии занхо ва вазифаи богхои бе чарогу бе рушнои навиштам.    Читать далее →

21 сентябри соли 2010

     Дируз ман баъди соати 7-и субх аз хона баромадам. Канори роххо пур аз мардуме буд, ки наклиёти мусофирбариро мунтазир буданд. Аксарияти онхо донишчу буданд. Ба хулосае омадам, ки агар онхо хар субх чунин ним соату як соат интизор мешаванд, пас хохиши хондан доранд!!!  Ман агар муаллими Донишгох мебудам, факат барои хамин, ки  донишчуён бо хамин вазъи  норохаткунандаи наклиёти мусофирбари ба дарс меояд, ба онхо бахо мегузоштам. Аммо  холо хама чо факат мардуми чавону наврасро танкид мекунанд! Ин хаёлам барои он аст, ки андешаи дар мансаб будани баъзехое, ки кайхо дар нафака хастанду эчодкори ва хаёлбофиашон тамом шудааст, фаромуш гардад…

Имруз дар мавриди Рузи байналхалкии Сулх, Рузи донишчуён, хамсари Чехов ва театрхои шахси, шабпарак ва чархбол, ишорахо дар либос ва киссаи фошшудаи маъшукабозии президент навиштаам. Читать далее →

31 августи соли 2010

     Имруз рузи охирини мохи август аст. Барои касе омад-омади рузи маошгири, барои касе ташвишхои мактабу галстуку либосу ришу саллаву сатр ва барои дигаре.. просто, як рузи мукаррари ва одди..

Имруз дар мавриди асрори чашмхои калони мардуми точик, собик президенте, аз шахр  берункунии оворагардон, шуриши аскарбачахо, бадаргаи фархангиён ва манъи тахсили мардуми кишоварзу камбагал навиштаам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти