Имруз рузи дониш аст! Донистан новобаста аз он ки чиро медонед ва дар кадом соха доно хастед, хуб аст ва ба кас факат хуби меорад. Аммо чанд вакти охир дар ВАО хамин гуна андеша роич гашт, ки донистани зиёд ба саломати ва ба хама чиз зиён дорад. Гуфтанд, ки агар донед, хам бояд худро нодон вонамуд кунед ва хомуш бишинед. Варианти аз хама дуруст кадом аст, акнун худатон интихоб кунед!
Аммо ман хамаи онхоеро, ки дар талаби дониш хастанд ва онро окилона истифода мебаранду баргашта ба дигарон намефурушанд, самимона бо Рузи дониш ва огози боз як мавсими нави тахсил тахният мегуям. Хонед, хонед боз хонед, зеро, ки агар хохед хам чои кори хуб намеёбед…Хонед факат….
- Рузи байналмилалии сулх
- Рузи мустакилияти Узбакистон (1991)
-Имруз рузи байналмилалии сулх аст ва хам ин сана ба солгарди истиклолияти Узбакистон рост омадааст. Саломат бошанд! Ин ба хам омаданро бинед-а…Тавба ?!
- Овозхони гурухи «Иванушки Интернешнл» Игорь Сорин аз тирезаи бинои баландошёна худро поён хаво додааст, худкуши кардааст (1998)
-Баъзан холате фаро мерасад, ки овозхонхо ба эчодиёти берангу матнхои бемазмуни сурудхояшон нигариста, мехоханд, ки худкуши кунанд. Аз шарм! Вале дар кишвари мо ин корро интизор нашавед, он рух намедихад! Ва хам ман мехостам, ки рух надихад, зеро ки он вакт дар кишвари мо факат 5-6 овозхон мемонду халос…
- Дар Маскав бинои баланди Донишгохи Давлатии Маскав кушода шудааст (1953)
-Дар Точикистон барои сохтани бинои баландтарини таълими холо кушиш намекунанд. Факат барои баробари дар чомеа ва камтар шудани фосила миёни табакахои доро ва нодори чомеа имсол факултахои физика, математика ва биологияро ба пахлуи факултаи хукукшиноси мебаранд…
- Бо нишони эътироз аз балоравии нархи гизо дар шахрхои бандарии Фаронса занхо киштихои маводи гизоиро мавриди хамла карор додаанд (1911)
-Офарин ба занхо! Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо! Холо хам фурсат хаст, занхои душанбеги, шумо метавонед ба махаллаи 33 рафта бо нишони эътироз аз нархи дуруги гушти тамгаи «хохи гир, хохи нагир» гуштфурушонро чазо бидихед! Газетаи СССР дар ин кор ба шумо кумак мекунад — «Мо (Шумо) метавонем (д)!»
- Дар газетаи «Правда» бори аввал шиори -«За Родину! За Сталина!» чоп шуда буд (1938)
— Тасаввур кунед, ки агар имруз зарурати хамин гуна шиор ба миён биёяд, он чи гуна ранг мегирифта бошад?
- Дар Лондон аввалин супермаркет кушода шудааст (1951)
-Супермаркет дар шахри мо факат барои чудо кардани ду гурухи мардум аст: онхое, ки дар ёфтани пул арак сару руяшонро мешуяд ва хеч гох ба супермаркет ворид намешаванд ва гурухи дуюм -онхое, ки гурухи аввалро хеле беадолатона ва берахмона кор мефармоянд!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 1 сентябрь, Рузи дониш, Сарояндахо, сулх, супермаркет, узбакистон, факулта |












Добавить комментарий