Рузи дониш хам гузашт. Донишчуёни курсхои аввал хам то чое ба шахр одат карданд. Дигар шояд аз касе рохро то Донишгох ва баргаштан напурсанд, аммо хаёлам ки то дергох аз хамдигар хоханд пурсид, ки «ту чанд долларда дохил шуди?» ва ё «туро ки дохил кард?»…
Имруз дар бораи дарвозахо, толорхои консерти ва хосияти онхо, дар бораи хусуси кардани вазоратхонахо, таърихи камонсози, муассисахои таълими барои занхо ва духтарон ва каноатмандии кормандони рохи охан аз касбу корашон навиштам.
- Станислав Черчесов таваллуд шудааст, футболбози рус, дарвозабон (1963)
-Тасаввур кунед, ки агар кишвари мо як дарвозаи калон барои ворид шудан дошта бошаду гирду атрофаш хама девори баландиаш 100 метра дошта бошад. Кихоро мо бояд он вакт дарвозабон гузорем, ки касе ночо ворид нашаваду касе нагурезад? Ман пешниход мекардам, ки дарвозабониро ба ухдаи ширкати IRS гузорем!
- Дар Маскави рухияи чангидошта толори консертии ба номи Чайковский кушода шудааст (1941)
-Яъне маълум мешавад, ки ба толорхои консертии замони шурави (аз он чумла Кохи Борбад!) дуо рафтааст. Онхо замони чанг, замони гуруснаги, хатто замоне, хам ки муаллимони мактабхо худро ба дор меовезанд, кор кардан мегиранд ва барномахои консертии бо фонограмма дар онхо баргузор шудан мегирад!
- Парлумони инкилобии Англия фаъолияти театрхоро манъ кардааст (1642)
-Аммо дар кишвархое, ки мансабдоронаш хеле доно ва эхтиёткор хастанд, ягон чиро ошкоро манъ намекунанд ва хам ягон чиро ошкоро ичозат намедиханд.
- Вазорати молияи Амрико таъсис ёфтааст (1789)
-Шумо ягон бор дар бораи хусуси ва ё шахси шудани вазоратхо фикр мекунед? Тасаввур кунед, ки он вакт чи холат рух медод?
Ягон холат рух намедод? Рост гуфтед!!!
- Сэмюэль Кольт револьвери сохтаашро патенти кардааст (1834)
-Илохо бишкананд дасти камонсоз….
- Дар Петербург курсхои олии «бестужевские» кушода шудаанд-аввалин донишгох барои духтарон (1878)
-Пурра чудо кардани донишгоххо ба мардонаву занона натичаи хуб намедихад. Масалан, шумо медонед, ки донишчуёни Донишгохи аграрии Точикистон хамеша дар хаёли Донишгохи Омузгори хастанд ва хатман хангоми аз канори Коллечи тибби гузаштан дили донишчуёни донишкадаи тарбияи чисмони тезтар метапад…?
- Дар Амрико корпартои ва рохпаймои барои кормандонирохи охан манъ карда шудааст (1919)
-Аммо дар Точикистон «железнодорожникхо» худашон барои кадом рохпаймои ва корпартои манфиатдор ва хавасманд нестанд. Барои чи онхо норози бошанд? Беморхона доранд, нуктаи истирохати доранд, бог доранд, хатто магозахое доранд, ки баъзехо аз доштанаш талхакаф мешаванд, мардуме, ки хучатхояш дуруст несту кайди Душанберо надорад кам-кам ба даст меафтад… Барои аз хаёт рози будан чи даркор аст дигар?
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Рохи охан, дарвозабон, донишгох, занхо, концерт, парлумон, IRS, театр |












Добавить комментарий