4 сентябри соли 2010

     Рости гап, хар рузро хамин гуна шарх додан, шавковар будааст, аммо  факат як пахлуи на хуб доштааст. Ин хам бошад-хаёли рафтани рузу соатхои умр аст!  Ба хар руз нигариста тасаввур мекуни , ки чи гуна онхо бепарво мераванд, зуд мераванд. Ба кафо менигараму чизи арзандаеро, ки карда бошам, намебинам.  Наход ман холо огоз накарда бошам? Ман аз хамин руз барои хар чизи арзандае кор мекунам ва фикр мекунам…

Имруз дар мавриди малхами истифодаи «омехта»,  лампахои «бисёрмасраф» ва барномахои дарозумртарини телевизиони навиштам.

  • Александр Вышневский таваллуд шудааст, чаррох, муассиси мактаби илми,ихтироъкардаи малхами ба номи худаш  (1874) 

-Яке аз он малхамхои машхуре, ки дар баъзе оилахо онро барои хама чиз истифода мебаранд-хам барои захму чарохат, хам барои зарбхури ва хам барои…

  • Томас Эдисон дар Ню-йорк ба фуруши барк огоз кардааст. Он замон у 85 нафар муштари дошт (1882)

-Яъне, ки агар бо шароити имруза робита бидихем, Эдисон худаш хам кори ГЭС ва ДТЭЦ ро ичро мекарду хам «сбит» дар дасташ буд!  85 нафари пулдор хам кам нест, рафикон!

  •  Бори аввал барномаи телевизионии «Что? Где? Когда?» нашр шудааст  (1975)

-Хамин бози ё худ барномаи телевизиони  умри маро дорад, яъне бештар аз 35 сол аст, ки хаст. Ба фикри Шумо кадом барномаи Телевизионии мо хамин кадар умри дароз хохад дид? Кадомаш? Барномахои «Ахбор» ва «Навид»?

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти