Имруз истирохат аст. Шумо чи гуна онро сипари мекунед? Ман медонам, ки аксарияти мардуми мо барои он ба рухсати мебарояд, ки дар деха лой ва андова кунад ва ё хишти хом бирезад. Сабабаш фахмо аст—сатхи зиндагии мо баланд нест, имкону шароити истирохат надорем…Ва шояд хохиши истирохату фарогат хам!
Имруз дар мавриди аввалин саг-ситораи кино (хохиш мекунам ба маънои мачозиаш нафахмед!), худкушии як физик, изхороти телевизионии Елцин ва як идея барои кормандони вазорати маориф навиштам!
-
Аввалин саги овчаркаи ситораи кино-РИН-ТИН-ТИН ба дунё омада будааст (1918)
-Дидед, ки вокеан хам шарти асосии карьера дар оилаи зарури таваллуд шудан аст. Хамон саг, ки дар оянда машхур шуд, дар оилаи зарури таввалуд шуд, вагарна кадоми мо санаи таваллули сагамонро ба ёд мегирем ???
- Людвиг БОЛЬЦМАН- физики австрияги худкуши кардааст (1906)
-Ба хар сурат бе худкуши хам гумон мекунам, ки аз се марде ки вафот мекунад, новобаста аз ихтисосу касбаш, ду нафарашро хамсараш мекушад…
- Василий Иванович ЧАПАЕВ кахрамони чанги шахрванди ва киссаву латифахо гарк шудааст (1919)
-Аз миёни мардуми мо чанд нафаре хастанд, ки хам бо рохи хунару касбашон ва хам бо рохи латифахо ва киссахо машхур мешаванд. Устод Файзали Хасан, шумо дархол ин сухани маро ба худатон нисбат надихед!..
- Пётри 1 худаш бо дасти худ риши хамон гурухеро, ки фармони уро дар мавриди тарошидани ришашон ичро намекарданд, метарошад (1698)
-Анна боз як идеяи дигар барои кормандони вазорати маориф…
- Борис Елцин-ба воситаи ТВ суханрони карда, иброз медорад, ки барои чаррохии дилаш рози аст (1996)
-Хамаи онхое, ки дар макомхои баланд хастанд хамин гуна мисли Елцин фикр мекарда бошанд, ки мардум барои сихатии онхо нигарон мешавад???
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Истирохат, Чапаев, вазорати маъориф, кино, риш, саг, худкуши |












Добавить комментарий