6 сентябри соли 2010

   Рузу шаб хамин гуна бо суръат аз бари мо меравад, ки хатто пай намебарем. Шояд барои он пай намебарем, ки андешаи мо дар хамин рузу шаби сари  зиндаги нест. Андеша факат дар он аст, ки аз кучо чи микдор маблаг ба даст биёяд? Маълум мешавад, ки имруз аксарият на дар андешаи зиндаги, балки дар андешаи зинда мондан ва бештар арзи вучуд кардан аст…

Аммо имруз дар мавриди китобхона, чанчоли унвонхо, мучассамаи И, Сомони, маркази омузиши сокинони махаллахои гуногуи шахр ва набудани як мачалла барои мардхо навиштам.

  • Дар Манчестер аввалин китобхони бепул дар Британия кушода шудааст (1852)

            Хамин гуна гап-гап хаст, ки пули хамон рекламаи «Агроинвестбонк» ро, ки дар охираш «Китоб хондан даркор…»  таъкид мешавад,  худи бонк неву  китобхони давлатии ба номи Фирдавси пардохт мекардааст…

  • Хамин руз унвони «Хунарпешаи халкии СССР» таъсис дода шудааст (1936)

            Ин хафта дар бахсхо сари чоизахо -масалан, чоизаи Рудаки,  мардум хатто пешниход кардааст, ки онхоро муваккатан нигох дорем ва ба касе такдим накунем. Рафикон, шояд барои соли оянда  аллакай  маслихат шуда бошад. Илтимос, аз соли 2012 ба манъ кардани онхо сар кардан даркор аст.

  • Дар маркази Душанбе мучассамаи И. Сомони комат афрохтааст (1999)           

            Хамин савол маро факат ба ташвиш меорад, ки онхое, ки рузи туйи оиладориашон  ба пояи мучассамаи у мераванд, чи дуо ва талаб мекарда бошанд?

  • Дар Точикистон Маркази илми-тадкикотии омузиши точикони чахон кушода шудааст (2006)

            Ман пешниход мекардам, ки хамин руз дар Душанбе боз як маркази илми тадкикотии омузиши мардуми махаллахои шахри Душанбе таъсиси дода шавад. Бовар кунед, ки махаллахои шахр хам дар андешаи мардумони ончо таъсир дорад ва ин марказ маълумоти хеле шавковарро чамъ хохад кард!

  • Аввалин шумораи мачаллаи «Бонувони Точикистон» -мачаллаи барои занхо ва духтарон нашр шудааст (2006)

            Аммо шумо фикр накунед, ки дар Точикистон барои мардхо ягон мачалла нест. Хаст! Хасту …онро касе намедонад ва надидааст!

 

комментариев 6

  1. Салом!!! Дар мавриди будан ё набудани мачалла барои мардхо…..Эхтимол Субхон Чалилов баъди якчанд сол мачаллаеро тахти унвони «Баходурон» он он гунае, ки як сахифаи барномаи «Субхи Ватан»-ро бо чунин ном махсус барои мардхо пешниходи шунавандахо мекунад, таъсис бидихад, ва ё боз ки медонад….Муваффак бошед!!!!

    Нравится

    • Саломалейк…..Вале ман хаёл мекунам,ки агар ман мачаллаеро барои занхо таъсис бидихам, шояд муваффактар шавад. 🙂 Барои он, ки мард барои худаш хар хафта шояд мачалла намехарад, аммо вакте ки «янга» супориш медихад, «еше как» мехарад.:) Хар хафта мехарад, хатто руйхати мавзуъхоеро хам аз идора омада мехарад, ки хафтаи оянда чоп мешаванд 🙂

      Нравится

  2. Асалом. Акаи Субхон шумо зери хар чумла як чизе менависед. Шумо ин гапхоро як руз пеш фикр мекунед ё бадохатан ба саратон пайдо мешаванд?

    Нравится

    • Саломалейк…..Ман хам мисли Шумо хайрон хастам, ки аз кучо ва чи гуна хамин суханон пайдо мешавад? Ман баъзан хар рузаашро менависам ва баъзан як ё ду руз пештар навишта, дар навбат мегузорам то дар хамон рузи зарури пайдо шавад. Ин идеяи нав аст, ин гуна сахифа набуд дар ин блог ва ман акнун баъди таваччухи мардум онро рассо як сол давом додани хастам…

      Нравится

  3. Бузургвор!Санаи аз хама асосиро фаромуш карди .Дар рузи 6-сентябр МАН ба дуне омадаам МАН!

    Нравится

    • Соли 1968
      Бе пурсиши ман,
      Маро зодаанд.

      Соли 1975
      Бе хохиши ман,
      Маро ба мактаб додаанд.

      Агар озори касе кашидаам
      Ва ё миннати хасеро бурдаам,
      Хохиши зиндаги ин буд!

      Ва аскари,
      ВаДонишгох,
      Ва рох,
      Ва берох
      Бо сукути хохиши ман будааст.

      Ва шеърам,
      Ва ишкам,
      Ва рашкам,
      Гувоханд, ки
      ХАСТАМ!

      Ин навиштаи адиб А. Зевар аст. Рузи 6 сентябр хамкасб ва дусти азизи мо, шоир Абдувохиди Зевар зодруз дошт. Хамеша саломату сарбаланд бошед!

      Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти