Ман чанд вакт аст, ки дар бораи хамин мавзуъ фикр мекунам. Ба назари баъзеатон шояд ин тамоман мухим ва зарури набошад, аммо хаёли худам, ки он барои тарбияи насли наврас ва «ояндагони миллат» чизи хеле мухим аст. Агар он чиз набошад, пас, метавон гуфт, ки зехни кудак ва наврас инкишофи хуб намеёбад, кобилияти фикр ва хулосабарори дошта наметавонад, эхтимоли даст ба амалхои ношоиса заданаш меафзояд…
Шояд бо хамин як сабаби хеле ночиз сафи наврасони чинояткор ва дар оянда чинояткорони хавфнок зиёд мешаваду хамин гуна- мисли имруз мо гофил мемонем? Шумо дар ин маврид фикр мекунед?
Фикр кардаед, ки чаро кудакони мо имруз ягон бозии хуб надоранд? Бовар кунед, ки ман махсусан рузхои истирохат факат ба кудакони бинои худамон зехн мемонам ва хайрон мешавам, ки аз субх то шом ва хатто то шаб онхо дар куча, дар атрофи бинои истикоматиашон намедонанд, ки ба чи кор машгул шаванд ва чи гуна бози ташкил кунанд! Ва хам бо ин тафаккур ва хаёлу завке, ки кудакону наврасони имруз доранд, ба гумон аст, ки бозихои замони кудаки ва наврасии моро онхо «ба калла» гиранд.
Ман то хол надидам, ки махз дар бинои мо падару модарон бо бачахои худ ягон бози ташкил карда, саргарм бошанд. Албатта телевизиони кудакона хам дорем, аммо бози чузъи чудонашавандаи хаёти кудаку наврас аст. Онхо дар руи асфалту рохи пурчанге баъзан ба футболбози машгул мешаванд, ки бо дидани туби онхо хамон киссаи туби аз латтапораххо сохташудаи Ленин ва ё бо грейпфрут бози кардани Пеле ба ёди кас меояд. Вокеан хам, чаро кариб ки бозии шавковару саргармкунандае надоштани баччахои мо дар вакти дар хона буданашон касеро ба ташвиш намеорад? Як бор дар кучахои худатон таваччух кунед, ки кудакону наврасон гайр аз хамон «кеткабози» (ки аз руи замин нишастану даст ба руи хоку гарду чиркини задан бозии гайрисанитари ва номакбуле аст!) дигар бозие доранд? Бовар кунед, ки надоранд!
Замони кудакихои мо бозихои шавковар буд, ки хам моро аз кучаву рохи мошингард канор мегирифт ва хам боиси фарогату саргами мегашт. Он замон хам футбол буд, аммо дар баробари он, бозихои дигар буданд, ки мо наврасон ба он машгул мешудем. Факат ба ёд овардани хамон «Бустон-бози» кофист, ки завки наврасону кудакони имруз ва чанд соли каблиро мукоиса кунем. (Мо бештар бози ва озмунхои зехни ва эчоди доштем. Масалан, мисли кудакони макотиби мусики хор мехондем!) Баъзехо шояд фикр мекунанд, ки кудакону наврсони имруза хеле пешрафта хастанд, аммо ман бо дидани баъзе манзарахо аз хаёти кудакону наврасони имруз, ба хулосае меоям, ки баъди чанд сол этимоли зиёд аст, ки наврасони имруз ба сари мо саду як мушкили ва проблемаро биоранд. Худо он рузро наорад!
Як вакт ман ба хотире, ки дар богча интеренет несту шояд мураббияи богча дар фикр кардани бозихои нав ва шавковар азият мекашад, ман чанд сахифа бозихои кудаконаи шавковарро барои мураббияи писарам бурда будам. То чое завки кудакони мо дар богча бояд бедор карда шавад. Он вакт кудак, ки аз ончо ба хона омад, хатман бо дустони худаш аз миёни хамсояхо хамон гуна бозиро ташкил мекунад. Аммо холо мушохида мекунем, ки кудакон аксаран ба богча аз ин су нолон мераванду аз он тараф дав-давон меоянд.
Биёед, фикр мекунем, ки дар шароити имрузи Душанбеву бо назардошти вазъи молиявиамон ва хам имконоте, ки мо дар назди хавлихои истикомати ва баландошёнахо дорем, барои кудаконамон чи бозиро
фикр карда метавонем? Онхо ба чи гуна бозихои саргармкунандаи хамзамон барои сихативу рухия ва хам саводнокиашон манфиатовар бояд машгул шаванд? Ки хамин гуна бозихоро бояд фикр кунад-волидон, муаллимон, муассисоти беруназмактаби (ки бовари дорам ба андешаи ман дар бораи бози надоштани наврасону кудакони имруз тамоман рози нестанд!)…? Шумо ба фарзандонатон савол бидихед, ки дар богчаву мактабу кучо чи гуна бозихро ташкил мекунанд?
Кудакону наврасони имруз то ин андоза аз бозихои хуби кудаки ва навраси дур хастанд, ки дигар хаёл мекунанд, кудаки ва навраси бояд хамин гуна бошад. Мавзуъхои сухбати онхо хам комилан хароб асту бе чозиба! Дар мавриди бахсхои бемантик, дуруггуи ва вохимачигии онхо ман ягон вакти дигар менависам. Шумо ва кудаконатонро Худованд нигохбону кумакрасон бошад!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: бозихои кудакона, куча, мактаб, наврасон, чинояткори |











Cалом Субхон! бисёр мавзуи ба гуфти олимон «актуали» -ро интихоб карди. Дар хакикат вакте аз тиреза берунро назора мекуни, кудакони мо ба гайр аз хакорату дашном ва бозихои бемаънии ифлос, дигар коре надоранд. вакте ман сохиби кудак шуда будам ба завчаам як китобча номаш «Тарбияи кудакони то 5 сола» фиристода будам. лек унчо маслихатхо замонави набуданд. педагогхои мо ва тарбиятдихандагон метавонанд чунин маводхоеро омода созанд, ки ба ташакули кудаки точик мусоидат кунад. дар он хар гуна бозихо, сухбатхо, суханхои аввалин ва гайраву ва хо казоро метавон чамъ овард, ки хоси менталитети точикон бошад ва кудакони мо онро кабул карда тавонанд. истифодаи он бигзор бар души хар волидайн гузошта шавад. агар ба ояндаи кудаки худ бетараф набошанд истифода мебаранд. … баъд нагуфтед ки мурабия аз хамон маводи интернетии шумо истифода бурд ё не?…..
НравитсяНравится
Cаломалейк…Ман гайр аз он маводи аз интернет гирифтаам ба мураббия як CD бо афсонахо хам , ки бо садои худам тахия шуда буд ва ман онро банду баст карда будам, дода будам. Шумо чи фикр доред? Ба фикри Шумо мураббияи богча хамин чиро дуруст фахмидааст?
НравитсяНравится