Хар руз дар атрофи мо ходисахое рух медиханд, ки касро ба хайрат меоранд. Аксарияти онро мо намефахмем. Вале ман мехостам, ки дар мавриди вобастагихои хаводис бо якдигараш боре фикр кунем. Як вакт нафаре ба ман гуфт, ки аз мавчудияти кадом диско- клубе норохат аст, ки оромиашро халалдор мекунад, каси дигаре пурсида буд, ки ба кучо арз кунам, ки аз дасти мизочони хамон клуб ба чонам расидаам, яки дигаре аз такдири ояндаи духтарони точик нигарон буд… Аммо дируз субх шунидам, ки хамон чо таркиш рух додааст. Дар шаби Лайлат-ул-кадр рух додани таркиш шуморо ба хайрат намеорад?
Аммо дар ин сахифа ман имруз дар бораи суруди милли, ширкати безебхо дар озмуни зебои, «Интерпол»-и дохили, почта, «точикони нав» ва растанихои чашмдор навиштаам.
- Матни суруди нави миллии Точикистон тасдик шудааст (1994)
Хамон Суруди Милли, ки дар аксарияти коргоху муассиса ва ташкилот нест!!! Хар сари чанд вакт намояндагони коргоххои гуногун ба Радио занг зада, оханги хамин сурудро мепурсанд. Шумо лоакал дар компютери худ хамин сурудро доред?
- Маргарет Горхэм голиби нахустин озмуни зебоии Амрико шудааст (1921)
Тачрибахои чанд соли охир исбот кардаанд, ки барои хатто маликаи зебои шудан хам, зебои накши асоси надорад, кофист, ки биби ва ё бобои шумо нафари шинохтае бошад!
- Интерпол таъсис дода шудааст (1923)
Аммо мо бояд «Интерпол»-и дохилии худамонро дошта бошем. Он бигзор факат барои пайдо кардани кадрхои хуб ва шоиста барои ишголи мансабхои баланд ва мухиму зарури кор кунад. Бовар кунед, ки идеяи хуб аст ва нашавад, ки то фикру хулосабарории мо дигарон онро амали кунанд…
- Хадамоти почтаи Канада иброз дошт, ки огоз аз хамин руз хар кас бояд дар руи конверт гайр аз шахру ному насаб боз номи куча ва раками хонаашро хам кайд кунад (1951)
Ин -яъне монанд ба он, ки шумо ба хамсаратон ному насаб ва кучаву раками бинои дустдоштаатонро, ки ин шаб ба хонаи у рафтани хастед, бояд навишта бидихед…
-
Бори аввал газетаи «Коммерсант» ибораи «новые русские» -ро истифода бурдааст (1992)
Ибораи «точики нав»- кай истифода шудааст, худо медонад. Аммо ман хамин кадарашро медонам, ки «точикони нав» хамон гурухи точикони «кухна»-анд, ки аз андозсупорихои точикони кухнаи бокимонда ва «синфи бечораи миёнахол» ба ин дарача расиданд ва рохат мекунанд….
-
Ботаники англис — Гарольд ВЕЙДЖЕР /Harold WAGER ногахони ва гайриинтизори хама эълон дошт, ки растанихо чашм доранд (1908)
Аммо ин барои мардуми точик он кадар ногахони набуд, зеро мо аз баъзе газетахо кайхо боз медонем, ки «кактус одамро мехурад», «бо бало оиладор мешаванд», «духтар ба падараш никох баст»…..
Кай хамин гуна газетахо дар шакли рулон ва бе матн нашр мешуда бошанд-а?
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: газета, диско-клуб, интерпол, почта, суруди милли, шаби кадр |












Салом акаи Субхон. Ман хам дар компютер суруди миллиро надорам. Аммо хамин чумларо нафахмидам? Кай хамин гуна газетахо дар шакли рулон ва бе матн нашр мешуда бошанд-а? Максад чист?
НравитсяНравится
Саломалейк….Он чумла агар росташро гуям, маъно надорад 🙂
НравитсяНравится
Салом аки Субхон… Мучиби ин гуфтахотон шояд он газетахоро шабехи «туалетная бумага» меангоред ва ё хостори онед, ки чун айни хол онхо танхо ба чунин амал кор меоянду бигзор хамин гуна истехсол шаванд ки арзандаи рисолатшон? ХА?
НравитсяНравится