Чахоршанберо муборак мегуянд. Ман мехостам, ки хар рузи Худо муборак бошад ва бароятон шодиву саъодат биорад. Ба назари ман, ки хатто хамон рузе хам муборак аст, ки дар он ношоди ва гам набошад! Холо хамин гуна ба назар мерасад, ки баъзехо шоди ва вокеоти «фарахбахш»-ро барои худашону наздиконашон «месозанд!» Биёед, лоакал, дар мавриди аввал ба хотири тасалло ва омодаги ба рузхои вокеан хам шодиовару гуворову хуш барои худамон лахзахои хубу хотирмонро «месозем».. Чи гуфтед?
Ман имруз дар мавриди рузи савод, хамраъии журналистон ва дарвозахои давлат, ба души Вазорати саноат ва энергетика вогузоштани назорати мачаллаву хафтаномахо, тартиби ба кор кабул кардани котиба дар чамъияти нобиноён, аввалин зан-сафир, аввалин зан кахрамони Иттифоки Шурави, низомномаи мактаби ва мавлуди Далер Назаров навиштаам.
- Имруз рузи байналмилалии савод аст.
Барои саводнок шудани мардум ичрои чанд кор манфиат дорад- таксим кардани китоб, таксим кардани пул, таксим кардани …не.. рифола не!..Таксим кардани мансаб…
- Имруз рузи байналмилалии хамраъии журналистон аст.
Хамкасбони азиз! Биёед, лоакал дар имруз танхо шароб нанушем ва аз журналисте, ки холо хона надорад, нишонии хонаашро напурсем! Агар идеяхои хамдигариро дуздида пиёда накунему хамкасбони собики худро барои ба кори дигар гузаштан пинхону ошкоро чазо надихем, хамраъи як чанд фоиз таъмин мешавад!
-
Лев Яшин бори аввал дарвозаи тимии мунтахаби СССР-ро хангоми бози бо тими Щвеция химоя кард (1954; СССР-Швеция – 7:0 )
Онхо он вакт намедонистанд, ки факат дарвозахои майдони футболи Шурави баста аст, дигар хама дару дарвозахои дигари он давлат кушода аст. Ин барои Л. Ящин вокеан хам холо аламовар мебуд…
-
Дар Руссия коидахои муваккатии аз чониби Вазорати Корхои Дохили назорат шудани газета ва мачаллахо чори гашт (1882)
Ба андешаи Шумо барои назорати газета ва мачаллахи мо кадом вазорату коргох ва ё идораро муваззаф кунанд, ки хам шавковар мешавад ва хам кор пешрафт мекунад? Ба фикри ман, ки бехтарин вариант- ба души Вазорати саноъат ва энергетикаи чумхури гузоштани назорати газета ва мачаллахо аст!
-
Чамъияти умумируссиягии нобиноён таъсис ёфтааст (1923)
Як вакт дар кадом газетаи русси хамин гуна эълонро дидаанд: «Чамъияти нобиноён котибаи хангоми ламс гуворо ба кор кабул мекунад!»
Ачиб, шарти ба кор кабул кардан дар чамъияти нобиноёни кишвари мо чи гуна бошад-а?
-
Александра Коллонтай-инкилобчизани рус сафир дар Щвеция таъин гашта, хамин гуна аввалин зан-сафир дар дунё гашт (1924)
Он замон большевикон хуб медонистанд, ки дар дипломатияи чахони баъзе кору боре хаст, ки онро дипломат-мардхо тамоман ичро карда наметавонанд. Яъне, имконоти онхо махдуд аст…
-
Аз махбаси Торонтои Канада як гурух гораткардахои бонкхо фирор кардаанд. Баъди чанд руз онхоро аз Ню-йорк дастгир карда буданд. (Дар мавриди ба истеъфо рафтани Вазири амнияти он кишвар дар сарчашмахо чизе оварда нашудааст)
Ба гумонам, ки мо хамин сол ба Торонтои соли 1952 баробар шудем.
-
Дар СССР низомномаи мактабхои миёна тасдик карда шудааст (1970)
Он вакт ба гумонам дар бораи пули мактаб, чойпулии директор ва рохбари синф, пули «краска»-ву кулфу калид ва пули аттестат…касе фикр хам намекард. Ё мекарду хомуш буд?
-
Зоя КОСМОДЕМЬЯНСКАЯ таваллуд шудааст (1923)
Аввалин зан дар замони Чанги Дуюми Чахон, ки баъди маргаш (16.2.1942) ба у унвони Кахрамони Иттифоки Шурави додаанд.
Гумонам, ки дар зинда буданаш тарсидаанд, ки ба у ин унвони баландро бидиханд. То мардхои «оханин»-и даврро маслихату насихат надихад. Ба ёдатон омад латифае, ки «Аз нафаре мепурсанд, ки чаро Худованд аввал мардро офариду баъд занро? У чавоб медихад, ки «барои он ки зан дар офаридани мард ба Худо маслихату тавсия надихад, ки ин хел созеду он хел созед …. »
-
Ситораи санъату хунари точик Далер Назаров таваллуд шудааст (1959)
Далер Назаров! Оне, ки унвону чоизааш мухаббату ихлоси миллионхо нафар якбора аз чанд кишвари собики Шурави ва чанд кишвари хоричаи дур аст. Зодрузи марди хунармандтарин ва беунвонтарини санъати точик муборак бошад!!!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Далер Назаров, вазорати саноат ва энергетика, газета, журналист, пули мактаб, сафир |












Салом акаи Субхон! Ба рости бехтарин аст ва бояд икрор кунам, ки аз навиштахоятон хеле хушам меояд. Дар мавриди овозхони нотакрор Далер Назаров….ман хайронам ки чаро ин сароянда то хол бе унвон аст, наход Далер Назаров бо ин кадар махбубият доштанаш лоики як унвон набошад??? …
НравитсяНравится
Асалом акаи Субхон! Барои босавод шудани мардум чанд варианте ки шумо овардед дуруст аст, лекин хамон рифола чи бошад?
Аммо ман фикр мекунам, ки мухимтар аз хама хамон муаллимаш хам бояд босавод бошад, ки ба саволхои хонанда чавоб дода тавонаду «Чим шин! Инкадар ту сергап!» нагуяд! ))) Хаминтавр не, акаи Субхон??? )))
НравитсяНравится
Саломалейк…Дар мавриди саводи устодон ман бо шумо мувофикам,шумо дуруст мегуед, аммо дармаънии рифоларо ба Шумо фахмонидан камтар душваотар аст. Ба хар сурат ман кушиш мекунам.
Рифола-ин ихтироъи кадом олими ба сохтакори одат накардаест, ки дар андешаи ороми дар сайёра буд ва аз мушкилии холо бар сари Хитой буда ким кайхо дарак ёфта буду савдо ва кабули духтурони беморихои венерикиро аз хамон вакт бемазмуну хароб карда буд 🙂
НравитсяНравится