Мох аз ним мегузарад. Маро хама корам нимкора асту накшахоям парешону амали ношуда… Аз чи бояд сар кард? Аз ки бояд кумак хост? Аз ки бояд гурехт? Бо ки бояд хамрах шуд? Хазон хушдор медихад, ки умр кутах аст, хушдор медихад, ки аз нуги дарахти баланд хам осон ба зери по омадан мумкин аст…
Имруз дар бораи дорусозон ва бухрони мардум, дар мавриди киммати гушт ва каду, номхои туфону вулкону гирдбод ва вазорати лухтакхо навиштаам.
-
Имруз дар Украина рузи ихтироъкорон ва кормандони сохаи дорусози тачлил карда мешавад.
Мо дар мавриди ихтироъкорони точик ягон вакти дигар менависам, аммо дар мавриди кормандони сохаи дорусози бошад, бояд гуфт, ки дар бартарафсозии окибатхои бухрон ба воситаи кам кардани сафи мардум накши онхо низ «беандоза мухим» аст. Раисони хукуматхои махали метавонанд бо намояндагони ин гуна ширкату коргоху фабрикахо хамкори карда, нохияи худро аз мардуме, ки бо як ариза барои як гушаи замин миллион бор меояду рохати онхоро халалдор мекунад, покиза кунанд!
-
Дар Онтарио (Канада) фуруши маводи спирти махдуд карда шудааст (1916)
Хаёли ман, ки мо бояд фуруши гуштро махдуд кунем. Хам барои он, ки кассобон тамоман мустакил ва назоратнашаванда шудаанд ва эхтимол, ки ягон руз хизби худро таъсис бидиханд ва хам барои он, ки муаллифони барномаи «Сабох» (ТВС) чанд руз пештар исбот карданд, ки каду метавонад, ки чои гуштро бигирад!
Кассобони азиз! Муносибататонро бо кормандони ТВ вайрон накунед, ки… оооо ….ааааа….
-
Мерседес ЙЕЛЛИНЕК таваллуд шудааст (1889). Ин хамон духтарест, ки мошинхои тамгаи Мерседес номи уро доранд.
Бояд хамин гуна бошад. Яъне, бояд мошину туфону вулкону хар чизи дигаре, ки одамро, махсусан мардхоро мекушад, номи занона дошта бошад
-
Дар Маскав Театри Марказии Лухтак таъсис дода шудааст (1931)
Аммо холо бошад «вазорати лухтакхо», «корхонаи муштараки лухтакхо», «маркази тичоратии лухтакхо»….таъсиси ёфтаву амал мекунанд.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: бухрон, вазорат, гушт, каду, лухтак, мошин |













Салому алайк. Бале акаи Субхон, як касе корхояш нимкора асту дигаре аз бекори намедонад, ки чи кор кунад…
Аз Бисмиллох бояд сар кард. Аз Худованд бояд кумак хост. Аз инсонхои шайтонсифат бояд гурехт. Бо инсонхои пархезгору, хуб ва дустони вафодор бояд хамрох шуд! Хазон хам аз умри кутохи инсонхо хабар медихад… Ашк хам….
Ашк як лахза ба мижгон бор аст
Фурсати умр хамин микдор аст…
НравитсяНравится