15 сентябри соли 2010

    Ман аз рафтани рузу моххо ва рафтани умр дар тааччубам. Вокеан хам ба андешаи як марди доное бовар мекунам, ки гуфтааст  «аз хама дахшатовартар ин садои тик-тики соат аст…»   Вокеан хам он дахшатовар аст, аламовар низ хаст. Мехостам, ки як мард хамин гуна зиндаги кунад, ки дар пеши фарзандаш хичолат накашад- хичолат аз бепули,  хичолат аз камтаъсири, аз имконоти махдуд…

Ин дафъа дар мавриди мошинхои точики, «маликаи неругоххо»,  ранги осмони ва хабси бештар аз 150 кас, чойи кабуд ва депутати навиштаам. 

  • Этторе БУГАТТИ мошинсози итолиёву фаронсави таваллуд шудааст (1881)

         Бугатти холо тамгаи мошинхои машхур аст, ки онро хар кас харидори карда наметавонад.  Кай замоне фаро мерасида бошад, ки мардуми кишвархои дигар  барои харидории мошинхои точикии тамгахои машхури  «ГУЛ»,  «Шер» ё худ «Зайд» кушиш кунанду пул чамъ кунанд?

  • Агата КРИСТИ –нависандаи англис таваллуд шудааст (1890).  Уро маликаи детектив хам мегуянд.

Аз хамин нуктаи назар мо метавонем, аз миёни чанд тан зан-шоири точик якеро  «Маликаи ГЭС-хо», дигареро «Маликаи нозу нуз», сеюмиро «Маликаи  Ванчи боло» гуем?

  •  Нарком Генрих ЯГОДА ба Сталин хабар медихад, ки дар Ленинград онхо як «чамъияти осмонрангхо» («общества педерастов») -ро ошкор кардаанд. Он вакт бештар аз 150 нафарро ба хабс гирифта буданд  (1933)   

         Наход ягон рохи барои чамъият манфиатовар кардани онхо вучуд надошта бошад-а…?  Ман гайр аз шоу-бизнес гуфтани хастам.

  • Дар Чопон чашни Кейро-но-хи баргузор мешавад-рузи эхтироми муйсафедон.

Яъне, бо точики- рузи умумиточикии чойи кабуд ва катхои чуби!

  • Ба Гитлер барои депутат шудан ичозат надоданд. Ба у гуфтанд, ки вай шахрванди Австрия аст. (1930)

Кахри одамонро овардан даркор нест!  Агар он вакт рози мешуданду уро депутат мекарданд, дигар хама ГУЛ мешуд. Кай дигар дар ёдаш гапу кору ба гушаш садои дигаре мерасид…

Фаркаш чи аст, ки номзад ба депутати аз кучо асту  чи кора буд ва чи тачрибаву шинохту  истеъдоду савод дорад?  Факултаи депутат тайёркуни нест-ку дар ягон чо !?

комментария 2

  1. Салом акаи Субхон. Шумо одами ачибед будаед да. Маликаи нозу нуз хам мешудаст? )))

    Нравится

    • Саломалейк….Хар кор шуда метавонад… 🙂 Барои пешгуи ва дарки онхо тавре, ки шумо гуфтед, бояд «одами ачиб» буд 🙂

      Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти