ИЗХОРОТИ рохбарони ВАО ва созмонхои журналистии Точикистон!

ш.Душанбе                                                                                       

27-уми сентябри с.2010 

Мо, рохбарони воситахои ахбори оммаи мустаќил ва созмонхои журналистии Точикистон аз амали рохбарияти Вазорати мудофиаи Точикистон, ки бо пахши чандинкаратаи як барномаи Маркази матбуотии вазорати мазкур тавассути шабакахои давлатии телевизиони кишвар шоми шанбе, 25-уми сентябри соли равон сурат гирифт, изхори нигарони намуда, онро ѓайриќонуни, ѓайривоќеи, ѓаразнок  ва берун аз ахлоќи афсари мехисобем.

Мо мутмаинем, ки ин барномаи пахшнамудаи Вазорати мудофиа дар ин рўзхои барои Точикистон хеле хассос, аз як тараф нишонаи камсалохияти ва берун рафтан аз хадди ваколат бошад, аз чониби дигар, кўшиши наќзи хуќуќи касбии журналистон ва хуќуќи конститутсионии сокинони чумхури дар дастраси ба иттилооти воќеи мебошад.

Бо арзи эхтиром ба тамоми сарбозон ва афсарони Вазорати мудофиа ва дигар ниходхои ќудратии кишвар, мо пахши ин барномаи Вазорати мудофиаро, ки аз номи хайати шахсии Вазорат сурат гирифт, ва дар он нашрияхои мустаќилро ба иѓвогари айбдор карданд, чун кўшиши рўйпуш намудани камбудихо дар тархрези ва татбиќи амалиёти низомии рохбарияти Вазорат ва ба дўши воситахои ахбори оммаи мустаќил бор кардани масъулияти ходисахои водии Рашт арзёби менамоем. ВАО-и мустаќил рисолати аслии хешро дар доираи ќонунгузории кишвар ва ахлоќи касби ичро намуда, инъикоси воќеии ходисахоро дар Шарќи мамлакат бо услуби хоси худ ба рох мондаанд.

Мо кушишхои таъќиб ва тахќири журналистон аз чониби Вазорати мудофиаи Точикистонро, ки мутаассифона, тавассути хамкасбони мо аз рохбарияти Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Хукумати чумхури амали гардид, ночо шуморида, талаб дорем, ки масъулини ин Вазорат аз тариќи  ВАО узр пурсанд. Дар акси хол, мо аз хуќуќи конститутсионии худ истифода намуда, обрў ва эътибори кории худро хифз хохем кард.   

            Мо бовар дорем, ки рохбарияти сиёсии мамлакат ахамияти ВАО-и мустаќилро дар рушди чомеаи рў ба демократияи Точикистон дарк намуда, ба амали рохбарияти кунунии Вазорати мудофиа бахои воќеи медихад.

Мо аз тамоми маќомоти давлати ва чамъиятии Точикистон,  нерухои сиёси ва ВАО даъват менамоем, ки дар ин мархила  ба ичрои вазифахои хидмати ва рисолати касбии хеш бо масъулияти дучанд муносибат намуда, дар рушди озодии баён хамчун як рукни мухими демократисозии чомеа сахмгузор бошанд. 

Марат Мамадшоев, мухаррири «Азия — плюс»

Акбар Сатторов, директори ЧДММ «Чархи гардун»

Шариф Хамдамов, директори ЧДММ «Оила»

Нурали Давлатов, чонишини сармухаррири «Фараж»

Саймиддин Дўстов, раиси Шўрои мухаррирони «Нигох»

Рустами Чони, директори кулли ЧДММ «Ориёно -медиа»

Рачаб Мараимов, сармухаррири «Имруз- нюс»

Зафари Сўфи, сармухаррири «Озодагон»

Чумъа Толибов, сармухаррири «Пайкон»

Зафар Абдуллоев, сармухаррири «Факты и комментарии» 

Чумъа Мирзо, сармухаррири «Нури зиндаги

Фарангис Набиева, мухаррири «Боргохи сухан»

Нуриддин Каршибоев, раиси НАНСМИТ     

Хуршедчон Ниёзов, дабири кулли «Медиа-Алянси Точикистон»

Кироншох Шарифзода, раиси ТЧ «Журналист»

Мухтор Боќизода, дабири кулли Шўрои ВАО-и Точикистон

Шахло Акобирова, раиси ТЧ «Хома»

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти