1 октябри соли 2010

    Мохи нав огоз мешавад. Муборак бошад! Ман дар мавриди он чизхое фикр мекунам, ки аслан нав намешаванд, бе бозгашт мераванд, кухна мешаванд, мепусанд, нест мешаванд… Дар дунё чизе бошад, ки баъди  кухна шуданаш  баргашта нав шавад? Хаёлам, ки нест! Ё хаст? Андеша хамин гуна аст ба фикрам!  Кухна буд, нав шуд ва боз кухна мешавад. Зинда бод, андешаи нав ва созанда!

Имруз дар бораи ду гурухи асосии мардум, мусики ва театрхои мазхака, дар мавриди 16 зани як марде,  созмони занони олмонии  «Фрауеншафтен» ва Боки Рахимзода, гол задан, прицепи тракторхо ва будан дар сафи аввал навиштаам.

  • Имруз рузи байналмилалии мардуми миёнсол аст.

         Мардум ба чанд гурух таксим мешавад: кудакону наврасон, чавонон, миёнсолон ва пиронсолон. Аммо аз нуктаи назари дигар онхо хамаги ду гуруханд: онхое, ки зиндаанд ва онхое зиндаги мекунанд! 

Рузи байналмилалии мусики кайд карда мешавад.

         Хамон мусикие, ки баъзехо онро харом мегуянд ва баъзехо аз руи он нон меёбанд. Боре дар эфири «Субхи Ватан» чавоне маро насихат кард, ки  «масалан, агар ту гитара навози,  харом аст, вале агар найнавози куни, халол ва раво аст…»

Ман надонистам, ки дигар ба у чи бигуям…

  • Театри масхакаи Маскав таъсис ёфтааст (1924)

         Холо  театрхо хамаги гуё бастаанд! Мардум хам ба ончо кариб ки намеравад. Шояд барои он, ки холо зиндагии мо худ театр буда,  саросар мазхака ва фочиа аст…

  • Лидери мормонхои амрикои Б. Янг- ро бо гунохи зиндагии якчоя бо 16 зан ба хабс гирифта буданд (1871)

         Ин ба чои он буд, ки ба у ягон тухфа ва ё чоиза бидиханд…

Аввал ин, ки ба боварии он 16 зан даромадан осон нест, дуюм ин ки  тасаввур мекунед, ки он мард чи гуна бояд тансихату бокувват бошад, сеюм ин ки як, ду ва се занро хама хам гирифта метавонад ва хам  дорад…

  • Гитлер созмони натсистии занонаи «Фрауеншафтен» — ташкил карда буд (1931)

         Акнун фахмидед, ки идеяи таъсис додани «Клуби дугонахо»  ба сари Боки Рахимзода аз кучо омада будааст?

Пеле баъди ширкат дар 1363 бози ва задани 1281 гол футболро бас кардааст (1977)

         Машгулият ва кори дустдоштаро, ки боиси дарёфти маблаг мешавад, партофта рафтан, ин кори хама кас нест. Лекин аввал бояд голхои хуб зад ва баъд рафт!!!

  • Дар заводи тракторсозии Харьков ба номи С. Орджоникидзе аввалин трактор сохта шудааст (1931)

         Он вакт ба хаёлам, ки тракторро сохта буданду прицепашро не. Прицеп баъдтар пайдо шудааст.

  • Дания аз миёни давлатхо аввалин шуда ба никохи хамчинсхо ичозат дод (1989)

         Аввалин будан кариб дар хама чо хуб аст. Дар кучо аввалин будан хуб нест?  Ба гумонам, ки  дар майдони чанг ва хангоми харакати калоннаи  мошинхо!  

 

 

комментария 3

  1. Субх ба хайр аки Субхон. Ба Б. Янг бояд чоиза медоданд, чунки на хама мард забони 16 занро ёфта метавонад. Мардхое хастанд, ки аз ухдаи ду хамсар баромада наметавонанд забони онхоро ёфта наметавонанд. Аки Субхон навиштед ки ду се занро хама хам дорад, шумо чанд хамсар доред агар махфи набошад?? ))) Бовар дорам ки барои шумо ёфтани забони ду ва се хамсар хеч душвори надорад! Хаминтавр не?? ))))

    Нравится

    • Салом…Ман якта хамсар дорам, харчанд медонам ки шумо бовар намекунед 🙂 Дар мавриди забони занхо ва духтарон бошад, ман умуман намефахмам…Ба гумонам аз он забон дида ёд гирифтани забони хитои осонтар аст 🙂

      Нравится

  2. Руз ба хайр бародар!
    Бошед акаи Субхон бошед!
    Бисёр бачаи зиндадилед!

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти