30 сентябри соли 2010

        Ин мох хам ба поён мерасад. Ба кавли бузурге  «дили мо пур, ки рузи дигаре хаст»  ва мохи дигаре хаст. Аммо ба хубии рузи дигар ва мохи дигар бовар кардан  холо душвор шудааст. Тасаввур мекунед, ки мардум имруз аз киммат шудани орду нон ва  рохкиро нигарон аст, онхоро чори шудани лимити барк метарсонад, волидони даъватшавандахои мавсими даъват дар тахлука хастанд…….ва боз хазору як ташвишу интизорихои на хубе хар рузи хаётро гаронтар ва пурвохима мекунад…

Аммо имруз ман дар мавриди ихтирои асбоби дуругченкуни, куштани бегунохон, имтихонхои пулаки, шим ва хамсарон, хамшахрихои Исои Масех ва филмхои точики навиштаам.

  • Ханс Гейгер-физики олмони, ихтироъкардаи хисобкунаки сатхи радиатсия таваллуд шудааст (1882)

         Аммо мо бояд акнун сад олими дигар дошта бошем, ки хисобкунакхои ченкунандаи сатхи дуруг, порагири ва  сохтакори созанду ояндаи дурахшонро таъмин кунанд! 

  • Дар ИМА авввалин хукми катл содир  шудааст. Он вакт Чон Биллингтонро барои содир кардани куштор ба дор овехта буданд (1630) 

         Чун тег ба даст ори, мардум натавон кушт,

         Наздики худованд бади нест фаромушт.

         Исо ба рахе дид яке кушта фитода,

         Хайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

  Гуфто, ки киро кушти, то кушта шуди зор,
         То боз ки уро бикушад, он ки туро кушт?
 

  • Дар Чарльстони Амрико табиб – Мортон бори аввал барои карахткуни аз эфир истифода бурдааст (1846)

Табибо, кан зи хар як кандани дандон 5 сомону 10 сомон,
Ки дар хар имтихони пулакии ту гунохи мост…

Ё худ:

«Лаззати дунё зану дандон бувад»,

Бе зану дандон хама хайрон бувад?

Гуфт, Субхон, пул бувад чони хама,
Пул набошад, кору бор вайрон бувад!
 

  • Робин Гивенс-актрисаи амрикои, хамсари Майкл Тайсон ба воситаи ТВ изхор дошт, ки шавхараш уро доим лату куб мекунад. Ин дар холе буд, ки Тайсон дар он намоиш дар пахлуи у нишаста буд (1988)

         Аз хамсар дида барои мард шим мухимтар аст. Барои он, ки бисёр чойхое хаст, ки ба ончо бе хамсар хам рафта мешавад, аммо бе шим ба ягон чо рафта намешавад!!! 

  • Гурчихо Хазрати Исоро хамшахрии худ гуфта буданд (2003)

         Ин тачриба барои баъзе хеле осон аст. Дар таърихи халки точик аз бузургони мо  дида бузургтаре кариб нест, ки мо хам «як бало карда»  уро хамшахрии худ бигирем. Бештари бузургон бе бахс хамватану хамзабони хастанд!  

  • Мавлоно Чалолиддини Руми таваллуд шудааст (1207) 

Ё раб, тавба чаро шикастам?!

В-аз луќма дахон чаро набастам?!

Гар васваса кард гирдпечам,

Дар печиши ў чаро нишастам?!

*******

Он кас, ки гум кунад рах, боаќл бозгардад,

Онро, ки аќл гум шуд, аз ки бувад панохаш? 

  • Борис Кимьягаров – Хунарманди халкии Точикистон, дорандаи Чоизаи Давлатии ба номи Рудаки таваллуд шуда буд (1920)

          Нафаре, ки филмхои «Бехуда хорам мекуни» ва «Афсонаи зиндаги» — ро ягон бор тамошо накардааст!

         

комментариев 5

  1. Субх ба хайр аки Субхон! Ман тахмин мекунам, ки бештар бе хамсар ба кучое рафтани мардхо гуфта кучоро дар назар доред ))) лекин агар хамсар хохад, ба гиребони куртаи шавхараш «жучок» мемонаду хамачи ошкор мешавад )))) лекин занхо ин корро намекунанд ))))

    Нравится

    • Салом….Бе хамсар ба хама чо рафта мешавад, аммо бо у на ба хама чо рафтан мумкин аст!. 🙂
      Аммо дар мавриди «жучок» шумо занхо пули бисёр сарф карда, онро харидори накунед. Шумо хамон пулро ба мардхо бидихед, онхо хар руз худашон мегуянд, ки ба кучо мераванд ва чи накша доранд 🙂

      Нравится

  2. Салому алайк бародар. Чи мисраи хубе аз Мавлоно инчо овардед:

    Гар васваса кард гирдпечам,

    Дар печиши ў чаро нишастам?!

    Саломат бошед!

    Нравится

  3. Агар мардро занаш дар хона рох надихад бо либос шабхоро дар куча руз карда мешавад?

    Нравится

    • Саломалейк….Албатта мешавад….Шумо фикр карда истодаед, ки ман хамин холо бо ноутбукам дар хона нишастаам 🙂 Ачаб хавои тоза аст дар маркази шахр 🙂 🙂 🙂

      Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти