Изхороти Вазири Мудофиаи Точикистон (Бознашр аз TojNews)

     Имрӯз вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев зимни пахши як изҳорот рӯзноманигорони матбуоти мустақили Тоҷикистонро ба яктарафа инъикос намудани ҳодисаҳои води Рашт гунаҳкор кард. Матни пурраи изҳороти мазкур, ки аз ҷониби вазорати номбурда ба TojNews ирсол гардид, чунин аст:

«Миёни ду тан ҷанг чун оташ аст,

Cуханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

Бо таассуфи зиёд бояд арз намуд, ки аз аксари нигоштаҳои матбуоти мустақили Тоҷикистон оид ба ҳамлаи ваҳшиёнаи террористони зархарид ба қатори мошинҳои Вазорати мудофиаи мамлакат бӯйи пуштибонӣ аз ин амали нангини он қотилони бераҳму шафқат меояд. Оё рӯзноманигорони мӯҳтарами мо андеша намекунанд, ки пуштибонӣ аз террористон худ мусоидат ба терроризм аст ва дастгирӣ аз терроризм худ ҷинояти сангин аст. Агар чунин набошад, пас чаро ин ҳодисаи даҳшатоварро яктарафа инъикос мекунанд? Аз хатою камбудиҳои Вазорати мудофиа ва фармондеҳони он, сарбозон ба гунае, ки худ гӯё коршиносону мутахассисони аршади улуми ҳарбу зарб бошанд, муфассал ёдовар шуда, боре ҳам напурсиданд, ки асосан кӣ ба чунин амали нангин даст зад, чаро, бо амри кадом худобехабар? Охир он террористон ҳам, ба фикри худ, инсонанд, роҳбар доранд, раҳнамо доранд, фармондеҳ доранд, дар пушташон ҳатман қувваи сиёсие ҳаст. Кӣ ва бо кадом рӯ амр дод, ки «Аллоҳу акбар» гуфта, он навҷавонони мӯъмину мусулмонро бо гранатомёту дигар аслиҳаи оташфишон тирборон кунанд? Ба кадом равияи дини мубини Ислом ин амали онҳо рост меояд, ки бо номи Худо даст ба қатлу куштори мусулмонон мезананд?

Мутаассифона, чунин маҳкумсозии аъмоли зишти террористони хунхор дар бисёр нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ба мушоҳида намерасад. Ба ҷуз аз бархе рӯзномаҳое, ки ангуштшуморанд. Агар, тавре дар изҳорот қайд намудаанд, «барномаи пахшнамудаи Вазорати мудофиа барои Тоҷикистон дар ин рӯзҳои бисёр ҳассос як нишони камсалоҳиятӣ, берун рафтан аз ҳадди ваколат» ва ғайраҳо бошад, пас мӯҳтарам рӯзноманигорон нигоштаҳои яктарафаи Шуморо бояд чӣ гуна арзёбӣ намоем? Зимнан бояд қайд кард, ки мутобиқи моддаи 43-юми Конститутсияи ҶТ хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Шумо, ки имрӯз аз ин Конститутсия пуштибонӣ мехоҳед, пас чаро дар мақолаҳоятон ба мавзӯъҳои баландбардории рӯҳияи мардум, хизмати содиқона ба халқу Ватан, ҳимояи марзу буми кишвар даст намезанед? Мардуми сулҳхоҳу ташнаи тинҷиву амонӣ, ки хушбахтона, тавассути ҷонбозиву меҳнати фидокоронаи ҳазорҳо ҳамватанони мо имрӯз истиқлолияти комил ва ҳаёти осоишта насибашон гаштааст, бояд хуб дар хотир дошта бошанд, ки баъзе аз нашрияҳои озод ва як қатор рӯзномаҳои солҳои аввали истиқлолият воқеан нақши ҳезумкаши алангаи оташи ҷанги шаҳрвандиро мебозиданд.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки мақолаҳои матбуоти ба таврашон «озод»-у «ҳақиқатнигор»-и онвақта аз имрӯза то чӣ андоза фарқ менамоянд? Оё дар ҷомеаи имрӯза чунин рӯзномаҳо таскинбахши дили мардумони ин сарзаминанд ё баръакс васвасакунандаи аҳли ҷомеаи навбунёд? Зеро муаллифони ин гуна матбуоти ба қавлашон «озод» шояд гумон менамоянд, ки аз мушкилоти ҷомеаи имрӯза танҳо онҳо воқифанду роҳбарияти давлату ҳукумат, масъулини вазорату идораҳои кишвар, мақомоти давлативу қудратии ҷумҳурӣ ва мардуми шарафманди ин сарзамин, ки аз ибтидои истиқлолият то имрӯз бо гузоштани хиштҳои аввалин дар роҳи музаффариятҳо ва баҳри ободии Тоҷикистони азиз чӣ хизматҳое кардаанду чӣ корҳоро бояд ба анҷом расонанд, гӯё намедонанд. Ва тавре мебинем, бо ифтихору худнамоӣ изҳор медоранд, ки бо фалониву фалонӣ қаблан сӯҳбат доштаанду аз террористу ҷинояткор чеҳраҳои сиёсиро эҷод мекунанд. Ва боз ҳам боиси таассуф аст, ки баъзе аз рӯзноманигорони мо кӯшиш доранд, ки аз он қотилон мазлум бисозанд. Дуюм ин ки, оё масъулини баъзе аз нашрияҳои имрӯзаи моро озод шумурдан мумкин аст? Озодиашон шубҳаангез аст. Зеро ҳар як нашрия бешубҳа муассису сарпараст дорад ва ё аз нафареву гурӯҳе вобаста аст.

Месазад ёдовар шуд, ки моҳҳои июл, август ва ҳам сентябр мавсими рухсатиҳо асту хабарҳо ҳам кам мешаванд ва барои рӯзноманигорони корбайъ мавсими камдаромад аст. Шояд аз ин хотир бошад, ки мутаассифона дар навиштаҳои аксари рӯзноманигорони нашрияҳои мустақил як навъ оҳанги хурсандӣ ҳам аз ҳодисаи пурдаҳшати Камароб эҳсос мешавад. Яъне ба гуфташон «хайрият нон зиёд шуд». Бо шиори «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» кор кардани рӯзноманигорони мӯҳтарами мо, ки бешак аз аҳли зиёи кишвар ба шумор мераванд, аз рӯи инсоф нест. Ба болои ин ҳама бемасъулиятӣ боз бешармона талаб доранд, ки Вазорати мудофиа аз онҳо узр пурсад. Узр шумо бояд бипурсед, қаламкашони мӯҳтарам, агар виҷдону масъулият дошта бошед!

Мутаассифона ба ҳамин монанд вокунишҳо аз ҷониби роҳбарияти як зумра ҳизбҳои сиёсӣ ва сиёсатмадорони маъруфи мамлакат низ ба назар мерасанд. Онҳо дар оғоз ба таври хушку бетаъсир ин амали террористиро маҳкум намуда, ҳамзамон дар рух додани он ҳукумати мамлакатро гунаҳгор медонанд. Онҳо дар ҳамин ҳолат талаби муколамаю гуфтушунид доранд. Пурсида мешавад, муколама бо кӣ? Бо террористону қотилон ё бо шумо роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ? Агар муколама бо террористонро талаб доред, ин ғайри қобили қабул аст. Агар бо худ, боз суол ба миён меояд: Чаро маҳз ҳозир, маҳз дар ҳамин шабу рӯз? Агар бо шумо гуфтушунид кунанд, талабу дархости шуморо қонеъ гардонанд, он террористон ором мешаванд? Он гоҳ хулоса метавон кард, ки онҳо нерӯҳои мусаллаҳи ғайриқонунии шумоянд ва ба амри шумо гӯш медиҳанд. Аз ин хотир, андеша бояд кард. Беҳуда нагуфтаанд «аввал андеша, баъд гуфтор».

Бо арзи ин андешаҳо Вазорати мудофиа ва ҳайати шахсии он, ки дар натиҷаи ҳуҷуми ваҳшиёнаи террористони мусаллаҳ 25 нафар афсарону сарбозони худро талаф додаанд, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат талаб мекунад, ки ба изҳороти сиёсӣ ва ба мақолаю нигоштаҳои дигари рӯзноманигорону сиёсатмадорон баҳои ҳуқуқӣ дода, дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои ҷиноӣ гунаҳкорон ба ҷавобгарии қонунӣ кашида шаванд.

Шералӣ ХАЙРУЛЛОЕВ, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник

Ёдовар мешавем, ки 27-уми сентябри соли ҷорӣ роҳбарони васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ба нишони эътироз аз як барномаи пахшнамудаи Вазорати мудофиа тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар, ки ба расонаҳои мустақил дар мавриди қазияи водии Рашт айб мебаст, изҳороте паҳн намуда буданд. Дар изҳороти рӯзноманигорон ин барнома мавриди норозигӣ қарор гирифта, ғайриқонунӣ, ғайривоқеӣ, ғаразнок ва берун аз ахлоқи афсарӣ ҳисобида мешуд.

комментария 2

  1. Дуруд! Акаи Субхон, журналистони мухтарам биёед якдигарро хафа намекунем ва аз якдигар хафа намешавем! Чи лозим як касро хафа кардан? Хамин тавр не аки Субхон? )))

    Нравится

  2. Хар як инсон бояд аз гапи хак хафа нашавад,балки худро ислох намояд ё хатогиашро ба гардан гирад!!!

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти