8 ноябри соли 2010

     Ман маърузаву хисоботро дар мавриди бехтар шудани зиндагии мардум кам намешунавам. Он дар ТВ хам хасту дар Радио ва дар  баъзе газетахо хам. Аммо чанд бор бештар аз он  дар мавриди ин мешунавам, ки ким кадом сарватманду доранда ва ё вазорату агенти барои фалон шумора фарзандони оилахои камбизоат туй ташкил карду кумак кард. Як бор шумо хамаи хамон ракамхоро чамъ кунед, ки чанд нафар мешаванд, ки ким каси дигар туйи онхоро баргузор мекунаду ба хонахояшон лампаву орду равган мебаранд? Яъне, ки он чизе, ки дар огози хамин матлаб гуфтам, гуфтаи охири маро инкор кард.Хамин тавр не? Пас, чанобони сарватманд ва кормандони вазорату агенти ва коргоху ташкилот! Кумакхои худро бе даъваткунии  кормандони ВАО, махсусан  ТВ  ба мардуми эхтиёчманд расонед! Худованд худаш мебинад ва подоше хам барои ин гуна амали шумо ваъда додаст (агар ба он касе шуморо мачбур накарда бошад!). Он вакт хам маърузаву хисобот «дуруст» мешавад ва хам чанд литр бензини кормандони ТВ сарфа!

         Имруз дар мавриди «кушиш» -хои як аскар, мавкеъи баландтари хамсари дуюм, курбони барои шод шудани арвохи ихтироъкардаи нурхои рентгени, «киссахои таърихи» -и вазиру раис, чангу хандаву курсии мансаб навиштаам. Читать далее →

Изхороти Вазири Мудофиаи Точикистон (Бознашр аз TojNews)

     Имрӯз вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев зимни пахши як изҳорот рӯзноманигорони матбуоти мустақили Тоҷикистонро ба яктарафа инъикос намудани ҳодисаҳои води Рашт гунаҳкор кард. Матни пурраи изҳороти мазкур, ки аз ҷониби вазорати номбурда ба TojNews ирсол гардид, чунин аст: Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти