Чанд руз пештар дар кадом сахифаи Интернет хондам, ки фаромуш кардани зодрузи хамсар дар Самоа барои мардхо чиноят хисобида мешудааст. Аммо занхои мо хамин гуна одати хуб доранд, ки худашон намегузоранд, ки мард зодрузи уро фаромуш кунад — бо хар бахона ба ёдаш овардан мегиранд (Мисли он, ки ин рузро хамин сахар боз як бори дигар ба ёди ман оварданд!) Инро дар мавриди рузи солгарди туй хам гуфтан мумкин аст. Як латифа ба ёдам омад: «Зану мард харду дар чойхоб, кахри ва аз хам ранчида пушт чониби хам гуё хобанд. Зан фикр карда истодааст, ки ин мардак медониста бошад, ки пагох туйи мора 15 сол мешавад, ягон тухфа меоварда бошад, наход фаромуш карда бошад..?» Мард хам хамин вакт фикр карда истодааст, ки «агар ман ин зани шаттоху бефаросатро хамон шаби аввали хонадори буги карда мекуштам, пагох «срок»-и ман буд мешуду ман ба озоди мебаромадам….»
Аммо имруз дар мавриди кудакфуруши, мавчудияти СССР дар боги «Кули Комсомол», кинои точик ва Рузи кино, дарёфти гизо, фочиахои зиндаги ва накши «таги замин» дар таъсиррасони ба хаёти мардуми «болои замин» навиштаам.
-
Дар Нью Йорк аввалин клиникаи назорати чараёни хомиладори ба фаъолият шуруъ кардааст (1916)
Аммо холо дар Точикистон нуктахое, ки назорат кардани он кариб номумкин аст, хамон таваллудхонахо хастанд. Гардиши пуле, ки дар ончо аст, дар баъзе бонкхо нест!!! Мо холо аз ончо кудакони худамонро мехарем…
-
Чумхурии Шуравиии Социалистии Точикистон таъсис ёфтааст (1929)
Ба ёд меояд истаконхои даруни дастгоххои обнуши, хамсояхои русзабонамон, плани 5 сола, гугирди 1 тина…
Чанд чое хаст, ки бо будан дар ончо ман худро айнан дар хамон замон тасаввур мекунам: устохонахои кафшдузи, тирхонахо ва…. боги истирохатии назди Кули комсомол…
- Бори аввал ба воситаи ТВ Маркази сериали бразилиягии «Рабыня Изаура» намоиш дода шудааст (1988)
Ба ёдатон омад? Анис, Мунис, Нозанин….Хотираатон хеле мустахкам аст!
- Имруз Рузи Кинои Точик аст.
Нигаред ба боло!!! Чи фахмидед?
-
Имруз Рузи байналмилалии гизо аст.
Рузи хамон чизе, ки махз барои он чиз мардум якдигарро мекушанд, чизе, ки дар баъзе анборхо мепусад, аммо дар баъзе хонаводахо дар хасрати руяш мемиранд….
- Оскар УАЙЛЬД (Oscar WILDE) — нависандаи англис таваллуд шудааст (1854)
Дар зиндаги ду фочиа мавчуд аст: аввалинаш амали нашудани орзу ва хохишхоятон асту дуюминаш амали шудани онхо!!!
О. Уайльд
-
Дар Маскав аввалин гузаргохи зеризамини сохта шудааст (1959)
Гулфурушони Душанбе (дар гузаргохи зеризаминии ЦУМ) шояд ягона гурухе бошанд, ки дар зери замин истода холати мардуми болои заминро ба бози дорондани нархи алафхояшон ногувор мекунанд.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Кинои точик, СССР, гузаргох, гулфуруш, зодруз, сериалхо, таваллудхона, фочиа |













Дар Нью Йорк аввалин клиникаи назорати чараёни хомиладори ба фаъолият шуруъ кардааст (1916)
Аммо холо дар Точикистон нуктахое, ки назорат кардани он кариб номумкин аст, хамон таваллудхонахо хастанд. Гардиши пуле, ки дар ончо аст, дар баъзе бонкхо нест!!! Мо холо аз ончо кудакони худамонро мехарем…
Акаи Субхон зана пул дихаму кофта ёбам боз пул дихаму уро хар вакте занг зад ба тарабхона барам боз пул дихаму уро рози кунам БОЗ пул дихаму модари уро рози кунам БОЗ пул дихаму (Килинг) уро аз падараш харам ва БОЗ пул дихаму уро дар тарабхона туй кунам ва БОЗ пул дихаму уро нух мох бони кунам ва БОЗ пул дихаму уро то тавллудхона барам. АГАР АКАИ СУБХОН ЯК БОРИ ДИГАР ПУЛ ГУЕД (гуянд)ИН ДАЪФА ХУДАТОН МЕДОНЕД КА МАН БАЪД ЧИ ТАВР ПУЛХОИ ДОДААМРО БАРМЕГАРДОНАМ. Вагарна Шумо ба духтурхо гуед, ки пул на аз ман балка аз Бобою Бибии модари кудак гиранд. (шухи)
НравитсяНравится