17 октябри соли 2010

    Имруз аксарият аз фаромушхотири шикоят мекунанд.  Лекин ман хаёл мекунам, ки ин  кадом фаромушхотирии гайриодди  аст, ки ба холатхои печида ва зиндагии имрузаи мо вобаста аст. Вагарна ин чи гуна фаромушхотири аст, ки он ка  кинаеро, ки ба нафари дигар дошт, фаромуш накардааст? Фаромушхотири хамон вакт аст, ки кинаву баду нек хама баробар  аз ёд меравад…

Имруз дар мавриди рузи мубориза бо камбагали, Бозор Собир ва Истиклоли кишвари мо, сахву хатои зиндаги ва намоиши онхо дар эфири мустакии ТВ навиштаам.

  • Имруз Рузи байналмилаии эътироз бар зидди факири ва камбизоати аст.

         Буд- набуд як гала гусфанд буд. Боре онхо хостанд ба назди сарвари  гургон эътироз баранд. Онхо аз  таъкибу фиребкунии гургон, аз бетаваччухи нисбаташон, аз пешподихии онхо, аз бе пушту панохии худ алам доштанд. Аз хамон вакте, ки онхо шикоят бурдани буданд то имруз 1000 сол сипари шудааст. Холо хам онхо дар ин андешаанд, ки эътироз баранад ё набаранд. Зеро  баранд ё набаранд, медонанд, ки  «кули явмин бадтар аст….»

 

  • Альберт Эйнштейн ба Амрико чун гурезаи олмони ворид мешавад (1933)

         Мисли он, ки як замон Бозор Собир ба хайси панохандаи точики ба ончо рафт.

 

  • Дар Англия нахустин неругохи барки атоми ба фаъолият шуруъ кардааст (1965)

         Солхои шурави: Точикистонро дар Бюрои сиёси баъзехои дигар  муаррифи мекунанд.

 Солхои кариби расидан ба истиклолият: Баъзехоро ороми ва пешрафти Точикистон норохат мекунад.

         Солхои аввали мустакилият: Точикистонро баъзехо ором  будан намегузоранд.

         Солхои баъдии истиклолият: Баъзехо бар зидди сохтмони Неругохи Рогунанд.

         Солхои баъдии истиклол: Баъзехо мушкилоти Аралро бори Точикистон мекунанд.

         Солхои баъдии истиклолият: Баъзехо ягона ва калонтарин заводи Точикистонро чашми дидан надоранд.

         Солхои баъдии истиклолият: Баъзехо «рахбандон» мекунанд.

         Солхои баъдии истиклолият: Баъзехо барои сохтмони неругоххои барки оби, шамоли ва атоми дар Точикистон зид мебароянд.

         Солхои баъдии истиклолият: Баъзехо ба бадкори ва номехрубони одат мекунанд.

         Солхои баъдии истиклолият: Корвон гузашта истодааст……Корвон ба максуд мерасад…

 

  • Дар осорхонаи санъати муосири Нью-йорк мусаввараи А.Матисс «Каик» савхан чаппа овехта мешавад. Инро баъди ду мох мефахманд (1961)

         Холо бисёр холатхои савхе мавчуд аст, ки касе онро дидан намехохад. Масалан, дипломдорони аробакаш дар кишвархои дигар, чавонони болаёкати бе хешу табори пулдор ва пуртъсир, харидории аксарияти хонахои навсохт бо маблагхои хангуфт, заминфуруши, дохилшави ба макотиби оли, гирифтани ихтисос хангоми хатми Донишгохи Тибби ва мисли инхо….

  • Пахши мустакими чаласахои кори Парлумони Канада ба воситаи ТВ ба рох монда шудааст (1977)

         Аммо ман мехостам, ки хама чаласахои кории парлумони Точикистон, имтихонхои дохилшави ба факултахои «серхаридор» ва Донишгохи тибби, кабули раисони шахру навохии кишвар ва боз чанд чизи дигар ба чои хамон обшору кухпорахову кадом лавхахои миллион бор ба намоиш гузошташуда мустакилона пахш шаванд.

 

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти