37 тавсия дар 37 солаги

Равоншиноси машхур Дон Глускин зодрузи худро тамоман гайриодди тачлил кард.  Бо андешаи солхои сипаригаштаи умраш ба худ савол дод, ки дар 37 соли зиндагиаш аз хайёт чиро омухт? Натичаи он пурсишро дар шакли тавсияхо  холо шумо хам метавонед бихонед:  Читать далее →

Мубориз!

Парвиз Рустамович Холиков, лейтенанти калон, собик навбатдори шуъбаи хадамоти давлатии мухофизаи шахри Норак, собик ваколатдори кофтукови чинои оид ба корхои ноболигон ва чавонони шуъбачаи минтакавии милисаи шахракаи Оби Гарми ШКД шахри Рогун, собик ваколатдори гурухи мубориза бар зидди муомилоти гайриконунии маводи нашъадори ШКД шахри Рогун, маъюби гурухи 1-ум. Читать далее →

16 майи соли 2011

  Имруз ман имтихон месупорам. Имтихон дар БДА! Имруз маълум мешавад, ки баъди  кариб ду мохи тахсил  ман хукук  ва ё ичозати  рондани мошинро дарёфт карда метавонам ё не? Вале новобаста ба ин ман чонибдори он хастам, ки махз дар кишвари мо барои ронандахои бадрафтор чазои «якумри махрум кардан аз хукуки ронандаги» чори карда шавад.  Шумо хам баъди 18-20 «вождение» дар кучахои ин шахр бо мошини дар болояш харфи «Т» дошта хатман ба хамин гуна хулоса меоед!

         Имруз дар мавриди инсонхое, ки дар таърих ва хотираи инсонхо боки мемонанд, зиндагии «сервитамин» ва сари баланди мардуми точику  точикистони навиштаам! Читать далее →

16 октябри соли 2010

       Чанд руз пештар дар кадом сахифаи Интернет хондам, ки фаромуш кардани зодрузи хамсар дар Самоа барои  мардхо чиноят хисобида мешудааст. Аммо занхои мо хамин гуна одати хуб доранд, ки худашон намегузоранд, ки мард зодрузи уро фаромуш кунад —  бо хар бахона ба ёдаш овардан мегиранд (Мисли он, ки ин рузро хамин сахар боз як бори дигар ба ёди ман оварданд!) Инро дар мавриди рузи солгарди туй хам гуфтан мумкин аст. Як латифа ба ёдам омад:  «Зану мард харду дар чойхоб, кахри ва аз хам ранчида пушт  чониби  хам гуё хобанд. Зан фикр карда истодааст, ки ин мардак медониста бошад, ки пагох  туйи мора 15 сол мешавад, ягон тухфа меоварда бошад, наход фаромуш карда бошад..?»  Мард хам хамин вакт фикр карда истодааст, ки «агар ман ин зани шаттоху бефаросатро хамон шаби аввали хонадори буги карда мекуштам, пагох «срок»-и ман буд мешуду ман ба озоди мебаромадам….»

Аммо имруз дар мавриди кудакфуруши, мавчудияти СССР дар боги «Кули Комсомол», кинои точик ва Рузи кино, дарёфти гизо, фочиахои зиндаги ва накши «таги замин»  дар таъсиррасони ба хаёти мардуми  «болои замин» навиштаам.  Читать далее →

22 сентябри соли 2010

   Кадом вакте ки  сар ба Интернет нахалони, дар мавриди руймолу сатру робитаи кадом вазир ба он ва назари мардуми одди,  оид ба кадом рухони ва сухбату икдому овозахо вобаста ба у  як мавод ё хабаре ба чашмат мерасад. Чунин ба назар мерасад, ки хамин чизхо сабаби бадбахти хастанд  ва хам метавонанд, ки боиси хушбахти шаванд.  Ман медонам, ки  ибрози назар озод аст, медонам, ки тартиб дар хама чо бояд риоя гардад,  медонам, ки дресс-код чи аст, медонам, ки салла дигар асту калла дигар, ва хамчунин медонам, ки як нафаре, ки барои мисол сатр дорад, дар миёни чанд андеша хайрон мондааст…Умуман имруз кариб хама хайрон аст…

Ман хам нигох накарда ба хайронихоям имруз дар мавриди аввалин стюардесса, душворихои хамсари футболбоз будан, тафовути рутба ва «дилу чигар», рекламаи бусобуси, кишвари гандатарини дунё, мамониятхо ва зодрузи зеботарину мехрубонтарин зани дунё навиштаам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти