Боз дар Душанбе душанбе аст. Боз ба дунболаш сешанбеву чоршанбе …дорад. Онхо хох-нохох бояд биёянд. Мисли он, ки баъзан ба дунболи як кас чандин каси дигар монанд ба сешанбеву чоршанбе…хатто ба хар кучое, ки интизорашон нестанд, меояд ва гуё, ки бояд биёянд.
Имруз дар мавриди вазифаи асосии аксари котибахо, иттилои расми ва гайрирасми, фурухтан ва аз даст додани хонаи бобои ва «хунармандони бе дасту по» навиштаам.
-
Лидия Фотиева – котибаи В.Ленин таваллуд шуда будааст (1881)
Субх котиба ба кор меояд, ки аз утоки кори раис диванхоро бурда истодаанд. Чизеро фикр накарда, аз раис мепурсад:
-Раис, шумо мара ай кор озод карден?
-
Ли Харви Освальд –котили расман эълоншудаи Президенти Амрико Ч. Кеннеди тавлид шуда буд (1939)
Маълум мешавад, ки барои расман эълон шудани нафароне, ки дар вакташ расман эълон нашуда буданд, баъзан садсолахо бояд интизор шуд ва намурд…
-
Сергей Доренко – шорехи сиёси ва собик ровии барномаи иттилоотии «Время» таваллуд шудааст (1959)
Уро хамкоронаш «информационный киллер» мегуфтаанд. Бале, агар «информация» дар дастатон бошад, шуморо хамин гуна ном мебаранд. Вале агар он дар дасти дигарон бошаду рови факат онро хонад, он нашри хабариро бояд чи гуянд: «Информационная трагедия» ва ё «Информкомедия?»
-
Жан Клод Ван Дам таваллуд шудааст (1960)
То кай сармон хам меша?
Гам болои гам меша?
Чашми точик нам меша?
Худо, нигахмон будор!
Кай душмани кам меша?
Ноодам одам меша?
Хама чу Ван Дам меша?
Худо, нигахмон будор!
-
Россия Аляскаро ба амрикоихо бо киммати 7.2 миллион доллар фурухтаааст (1867)
Имруз дар Амрико рузи Аляска хам хаст. Фурухтан шояд он кадар аламовар набошад, аламовар ва гиряовар он аст, ки касе шахрхои сохтаи бобокалонхои туро бепул ба ким каси дигар медихад.
-
Сергей Витальевич БЕЗРУКОВ – «Бригадир» — и калони таваллуд шудааст (1973)
Бубинед, ки актёрхои «бедаст» дар кишвархои дигар чи кор мекунанд? Дар кишвари мо бошад, баъзехоро касдан «бе дасту по мекунанд» ва баъзе «актёр»-хои дигар бошанд, бо чор «ишкел» — и дуруст ва доштани хусурхои пулдор хам кариб ягон кор карда наметавонанд…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Ахбор, актёр, бригада, котиба, фурухтан |











Асалом акаи Субхон. Имруз дар Душанбе душанбе буд, вале дар Субхи Ватан фарзанди якшанбе буд-чи? )))) ба фикрам фахмидед барои чи? )))) хомуши хама???
НравитсяНравится
Салом акаи Субхон. Рузи душанбе барномаи Субхи Ватан барои чи набуд. Ман то соати 08-30 интизор шудам.
НравитсяНравится
Саломалейк….Ман аз рузи чумъа буд, ки каме норохат ва бемор будам…Рузи Душанбе натавонистам, ки эфир равам…
НравитсяНравится