24 октябри соли 2010

Имруз гуё, ки истирохат аст. Коргари одди факат хоб аст, донишчу ба деха барои овардани нону кулчаву пиёзу картошка ва (агар бошад!) пул меравад, муаллим дар замини назди хавлиаш кор мекунад, духтури одди  интизор мешавад, ки уро барои дидани ягон бемор даъват кунанд ва ягон чиз «сафеди» бидиханд, баъзехо ба боги хайвонот мераванд, то маротибаи миллионум хамон як чиро бубинанд ва хамон як буйро нафас кашанд… 

Аммо ман дар кучахои покизаи он шахр кадам мезанам, метавонам ба хама театрхо барои тамошо равам, аз намоишномахои кучаги ва хиёбони лаззат барам, дар харакхои гулгашту рохравхои сокиту ором ором бинишинам ва халоват бубарам, ба кору захмати холисона ва содиконаи хадамоти гуногун таваччух кунаму сипосгузори кунам, бе интизори воситаи наклиёт ёбам ва ба кунчи дигари ин шахр биравам….Он шахри хаёлии ман аст ва ман имруз дар ончо истирохат дорам!

Аз хамон чо имруз дар бораи Оржоникидзеобод ва кучаи худамон, пуштноки рафтан ба хотири оромии асабхо, вазирони бочуръат ва камчуръату касалманд ва хакки захмату кору кушишхо навиштаам.

  • Григорий Орджоникидзе – инкилобчии шурави ва наркоми саноати вазнин таваллуд шудааст (1886)

Мисли хамин номи Оржоникидзе то имруз аксарият намедонанд, ки кучахои онхо ба номи ки аст, онхо чи кора буданд, барои кишвари мо чи хизмате кардаанд? Аммо аз суи дигар ёфтани хамватани мо, ки барои кучаашу барои кишвараш вокеан захмат кашидаасту арзандааст, ки он кучаро ба номаш гузоранд, имруз кори он кадар осон нест. 

  • Пленни Вингои амрикои дарозтарин саёхатро пуштноки анчом додаст. У пуштноки аз Калифорния то Стамбул меравад (12875 км) (1932)

Баъзан холате фаро мерасад, ки шахс дар кишвархои хеле дуртар аз Калифорния ва Стамбул хам мехохад, ки пуштноки харакат кунанду хама беадолати, фиреб, дуруг, дасиса ва фасобкориву харобкориро набинад.

  • Екатерина Фурцева – собик Вазири Фарханги СССР худкуши кардааст (1974) 

Бовар мекунам, ки хамон солхо вазирон ва раисони кумитахо хеле бочуръат будаанд.Имруз бошад, онхо пеш аз мачлис ва чаласахои нимсолаву солона худро гум мекунанд:  дар катори баъзе роххои дигари фахмидани мавзуи асосии хамон чамъомадхо мегуянд, ки хатто ба назди кадом муллову  эшон хам мерафтаанд. Ва хам мегуянд, ки як сабаби шухратёб шудани маркази беморихои дил хам хамин будааст, ки ба ончо аксаран мардуми мансабдору вазифадор мурочиат мекардааст! 

  • Актёри амрикои  Ричард БАРТОН ба хамсараш Элизабет ТЕЙЛОР бриллианте тухфа кард, ки вазнаш 69,42 карат ва кимматаш бештар аз 1 миллион доллар буд (1969)

Яъне,  бояд факат шикоят аз бечораги ва бетаваччухи накарда, коре кард, ки бо актёри, шоири, нависандаги ва муаллими хам маблаг ёфт ва хамин гуна тухфакуниро ба худ рово дид. Актёрхои мо ба ин чи мегуфта бошанд?

 

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти