28 октябри соли 2010

  Навакак ман як андешаи ачоибро аз Гельман хондам:  «Адолат ва хакикат он нест, ки  хама чиро хама миёни худ  баробар таксим кунанд, адолату хакикат хамин аст, ки хама чи набояд миёни хама баробар таксим шавад!»   Ин хаёлам, ки бехтарин сухане буд, ки ман дар  ин хафта хондам. Набояд хама чи баробар миёни хама таксим шавад — оне, ки захмати бештар ва азоби сангинтар дорад, бояд хакки захмати арзанда ва бештаре ба каф орад. 

Имруз дар мавриди тафовути сарватмандии точики аз хоричи,  натичаи зиёдшавии донишгоххо,  номи ОЗОДИ ва подоши кору амал навиштаам. 

  • Билл Гейтс хамин руз таваллуд шудааст (1955)

Руйхати мардуми сарватманди дунёро дида, ман хамеша хайрон мешавам: чи гуна онхо рози мешаванд гуянд, ки фалон микдор пул доранд, онхо чи гуна миллионхо доллари худро барои кумак ба ниёзмандон ва корхои тадкикотиву илми сарф мекунанд. Хамин гуна пусишхо гумонам 200 соли охир дар Точикистон номуваффак мемонад, зеро, ки ягон сарватманди мо ошкоро намегуяд, ки чи микдор пул ва дорои дорад, ягон нафари онхоро ман то хол нашунидам, ки барои кадом кору тачрибаи илми пул дода бошад. Инчо пулёби, сарфи пул, сарватманди, нигохдории сарвату дорои ….хулоса, ки кариб хама чиз аз кишвархои пешрафта ва озод фарк мекунад.  Сарватмандии инчо ким чи хел шубхаовар аст… 

  • Донишгохи Гарвард – аввалин таълимгохи оли дар Амрико таъсис  дода шудааст (1636) 

Дар кишвари мо хам шумораи макотиби олии давлати ва хусусиву хоричи зиёд мешавад. Баъди чанд сол хама донишчу мешаванд. Ин ду натича дода метавонад: 1. хизмат баъди донишгох барои хама хатми мешавад ва  аскарони мо лоакал баъди тачрибаи донишчуи ба хизмат сар мекунанд ва ё 2. барои мустахкамии артиш хизмати шартномави ва тибки карордод чори карда мешаваду  факат мардони тачрибадору тануманд дар артиш хизмат мекунанд.

  • Дар Нью Йорк мучассамаи «Озоди» кушода шудааст (1886)

Озоди- чизе, ки  дар дунё ба номи он хазор амалу харакат вобаста аст. Баъзехо барои озоди банди мешаванд, баъзехо озодиро бо бандаги иваз мекунанд. Аммо баъзехои дигар «озоди»  гуфта,  гранти зиёдро гирифта, зиндагии худро тинч мекунанд ва ба он ду гурухи болои кор надоранд… 

Аскар Акаев аввалин Президенти Киргизистон интихоб шудааст (1990)

Аскарбачча дар ёди Ватан дилхун аст,

Лайлист Ватан, ту гуи у Мачнун аст.

Гар пурсида буд зи холи бечораву лол,

Имруз пурсанд, ки холи зорат чун аст?

 

 

комментария 3

  1. Салом Субхон!
    Хамин андешаи Гельман ба ман хам писанд омад ва навори якуматон (амалиёти начот) хуб буд.

    Нравится

  2. Салом акаи Субхон!!!. Андешахои ачибу таъсирбахш доранд, Гельману, Гётеву, Чехов, Толстой ва дигару дигар. Вале чи хел мехостам ки чунин андеша ва гуфтахои пурмазмунро нафарони шинохтаи мо хам бигуянд…Дар мавриди сарватмандони дигар кишвархо -онхо кори хуб мекунанд, ки дар бораи дороиашон икрор мешаванд. Гумонам аз чизе тарс надоранд. Аммо сарватмандон-хамватанони мо бошанд дар ин бора чизе хам намегуянд. Шояд тарс аз он доранд, ки баъди икроршавии хамин микдор маблаг дорам…дигар хобашон набарад, боз ки медонад…
    Комёб бошед!!!

    Нравится

  3. Асалому алайк бародар! Ин сафхаатон бад набуд каме хондам. Мегуфтед ки агар шумо сарватманд мебудед пулхоятонро барои кадом кор сарф мекардед???

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти