Имрузхо гумонам касеро, ки комилан аз каси дигар ва ё кадом холате шикоят надошта бошад, пайдо карда намешавад. Бо хар нафаре, ки ру ба ру шави, аз чизе ё касе шикоят дорад. Баъзехо, ки худро донотар мехисобанд, кушиш мекунанд, ки ин холати рухии худро пинхон кунанд, яъне вонамуд мекунанд, ки гуё бе мушкили ва комилан хушбахтанд. Аммо шахс хис мекунад, ки кадом нафар то чи андоза хушбахту аз зиндагиаш рози аст. Инро аз сухан, нигох, либос, рох гаштан, хандидан, хамрахон, аз куча…..хулоса кариб аз хама чи (шояд аз руи блог хам 🙂 !) фахмидан мумкин аст…
Имруз дар бораи Чукайша ва Чан Кайши, чову макому вазифаи баланд, футболи фурухташуда ва сарфаи бехудаи ранги сафед дар гузаргоххои руизамини навиштаам.
-
Имруз дар Тайван Рузи Генералиссимус Чан Кайши аст.
Як руз як дуруггу гуфт, ки хамин номи Чукайша дар нохияи Вахдат шакли вайроншудаи хамин номи Чан Кайши аст. Рост гуфта бошад?
- Часади Сталин аз Мавзолей бароварда шудааст (1961)
Чо бахри ману туву хама даркор аст,
Аз бахри макону чо факат «разбор» аст.
Гох каср бувад макону гах дар куча,
Чо бозор аст, гох банди дор аст…
- Дар Итолиё якбора 8 футболбоз дар фурухтани бози гунахкор шуданд. Он бози миёни тимхои дивизиони аввал ва дуюм — Аталанта ва Пистоэзе баргузор мешуд (2000)
Ман хап мекунам! Хап!
-
Дар Лондон аввалин гузаргоххои руизамини – «зебрахо» пайдо шудаанд (1951)
Хамин гуна гузаргоххо дар Душанбе хам хастанд. Дар онхо (ба истиснои чанд тоашон, ки дар марказ асту дар назди бинохои маъмури ва мухим!) ягон мошин намеистад. Як руз ба ёдам хаст, ки дар назди хонаи мо як ронанда, ки мушаххас буд дар замони пеш аз мустакилият хуччати ронандаги гирифтааст, дар гузаргох истод. Бовар мекунед, ки ду мошини дигар аз пушти у ба хамдигар бархурданд…
Яъне, аксарияти ронандахо хаёл мекунанд, ки он хатхои сафед руи муми сиёх «барои базеби» аст ….
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Чукайша, вазива, гузаргох, мавзолей, мансаб, футбол, шикоят |













Салом бародарон!!! Шеьри навиштаатон бисёр хуб буд. Кош сафи чунин нафарон зиёд бошанд!!! Вале бо ин хама Субхонро бародар гуфта эхтиром дорам ва аз эшон хохиш мекунам ки ШЕЬРхои ШУХро зиёдтар навишта ЧОЙ НАМОЯНД!!!
НравитсяНравится
Шеьрхои ХУБ вокеьан хам хуб!!! БравВВооооооо! Субхон!!! Зиёдтар нависед!
НравитсяНравится