10 нуктаи мухим барои як рохбари муваффак!

   Рости гап, ман чанд муддат аст, ки дар мавриди симои рохбари точики  як чизе навиштани хастам. Чи навиштани хастам, хозир хатто барои худам мушаххас накардаам. Аммо менависам. Хатман! Менависам, ки чаро гурусначашмтарин, берахмтарин, магруртарин ….рохбару рохбарчахо факат хаминчо хастанд? Чаро? Чаро агар гуи, ки аз кор мерави, душманат мешаванд? Чаро агар маошатро талаб куни, бадат мебинанд? Ва боз дар мавриди хазор чарои дигар менависам. Агар насиб бошад! Аммо холо ин чо баргардони як маводеро аз хатти форси  дар хамин мавзуъ  мегузорам. Умедворам, ки ба он таваччух мекунед! Читать далее →

8 ноябри соли 2010

     Ман маърузаву хисоботро дар мавриди бехтар шудани зиндагии мардум кам намешунавам. Он дар ТВ хам хасту дар Радио ва дар  баъзе газетахо хам. Аммо чанд бор бештар аз он  дар мавриди ин мешунавам, ки ким кадом сарватманду доранда ва ё вазорату агенти барои фалон шумора фарзандони оилахои камбизоат туй ташкил карду кумак кард. Як бор шумо хамаи хамон ракамхоро чамъ кунед, ки чанд нафар мешаванд, ки ким каси дигар туйи онхоро баргузор мекунаду ба хонахояшон лампаву орду равган мебаранд? Яъне, ки он чизе, ки дар огози хамин матлаб гуфтам, гуфтаи охири маро инкор кард.Хамин тавр не? Пас, чанобони сарватманд ва кормандони вазорату агенти ва коргоху ташкилот! Кумакхои худро бе даъваткунии  кормандони ВАО, махсусан  ТВ  ба мардуми эхтиёчманд расонед! Худованд худаш мебинад ва подоше хам барои ин гуна амали шумо ваъда додаст (агар ба он касе шуморо мачбур накарда бошад!). Он вакт хам маърузаву хисобот «дуруст» мешавад ва хам чанд литр бензини кормандони ТВ сарфа!

         Имруз дар мавриди «кушиш» -хои як аскар, мавкеъи баландтари хамсари дуюм, курбони барои шод шудани арвохи ихтироъкардаи нурхои рентгени, «киссахои таърихи» -и вазиру раис, чангу хандаву курсии мансаб навиштаам. Читать далее →

31 октябри соли 2010

     Имрузхо гумонам касеро, ки комилан аз каси дигар ва ё кадом холате  шикоят надошта бошад,   пайдо карда намешавад. Бо хар нафаре, ки ру ба ру шави, аз чизе ё касе шикоят дорад. Баъзехо, ки худро донотар мехисобанд, кушиш мекунанд, ки ин холати рухии худро пинхон кунанд, яъне вонамуд мекунанд, ки гуё бе мушкили ва комилан хушбахтанд. Аммо шахс хис мекунад, ки кадом нафар то чи андоза хушбахту аз зиндагиаш рози аст. Инро аз сухан, нигох, либос, рох гаштан, хандидан, хамрахон, аз куча…..хулоса кариб аз хама чи (шояд аз руи блог хам  🙂 !) фахмидан мумкин аст…

Имруз дар бораи Чукайша ва Чан Кайши, чову макому вазифаи баланд, футболи фурухташуда ва сарфаи бехудаи ранги сафед дар гузаргоххои руизамини навиштаам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти