Зиндаги хам варзиш будааст: он мисли футбол аст —хам химояи мустахкам бояд дошта боши ва хам хамла куниву гол бизани, он ба биллиард монанд аст — барои идораи саккохои зиёд хатман бояд таёки росту хубе дар даст дошта боши, он ба бокс монанд аст — хар кучое, ки задан мумкин нест, бояд назани, он мисли шохмот аст — голиб дар он факат шахси боаклу бо фикр аст….
Имруз дар мавриди мавлуди хушбаёнтарин зани шоир, эълони чамъияти нобиноён, рохи осони то мурдан «намурдан» ва малхами дарди мардхои «дардманд»-у «гурусна» навиштам.
-
Шоири халкии Точикистон Фарзона таваллуд шудааст (1964)
Дил, дило, рузу шабу ёсуманият табрик,
Наргиси, нилуфари настараният табрик!
Офтобона барои мачмарагардони кун,
Бог дар бог, чаман дар чаманият табрик…
-
Валентин Гаюи – педагоги фаронсави таваллуд шудааст (1745)
У асосгузори аввалин интернат барои нобиноён дар дунё буд. Хамин руз аз санаи таваллуди у Рузи байналмилалии нобиноён тачлил мешавад.
Эълон дар ким кадом газета:
«Чамъияти нобиноён котибаи хангоми ламс гувороро ба кори доими даъват мекунад!»
-
Би-Би-Си аввалин рекламаи рифоларо ба намоиш гузошта буд (1987)
Барои дусти худ огуш бидар ту,
Ба богаш рафти, то мурдан бичар ту!
Агар хохи намири то ба мурдан,
Барои хар чизе сарпуш бихар ту!
-
Александр Васильевич ВИШНЕВСКИЙ – чаррох, асосгузори мактаби илми, ихтироъкардаи малхам (мазь)-и хамноми худаш хамин руз вафот кардааст (1948)
Чи камрасходу хубу сархами ту,
Каноатпеша бо бешу ками ту.
Занам дорам, вале хар гоху ногох,
Чу Вишневский ба дардам малхами ту!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: варзиш, зиндаги, мазь, малхам, нобино, рифола, шоир |












Cалом акаи Субхон, бехтарин навишта. Зиндагиро ба варзиш хеле оли монанд кардед. Дар асл агар амиктар фикр кунем, зиндаги хамин гуна аст, яъне ба гуфти шумо варзиш хам будааст. Андешаи хеле оли акаи Субхон! Акнун дар мавриди ун мисрахои бо хазл навишта, ба кавле гап надорам. Комёб бошед!!!
НравитсяНравится