15 ноябри соли 2010

       Фардо Иди Курбон аст. Иди мардуми «савдогар»  бошад, як хафта пештар сар шуда буд! Имруз мардуми хосу ом аз киммати ва болоравии нархи гизо шикоят мекунад. Бояд гуям, ки хама кору бор ва амалу беамали дар заминаи аклу фаросати комил ва донишу фахмиш сурат мегирад. МАРДУМ!!! Шумо аз нафаре, ки шиками гуруснаи худашу кудаконаш уро точир кардааст, аз нафарере, ки баъди санчидани хама касбу кор ба тичорату ба бозор ру овардааст, аз касе, ки намедонад саноат чи асту истехсолот чи аст, аз касе, ки бояд барои 6-7 фарзандаш дар хобгох ё манзили ичора ва хам барои 7-8 нафар пайвандаш ба деха пулу гизо бифиристад, аз касе, ки пахлуяш будани писар ё духтари мактабхонашро болотар аз дарси мактаб медонад, аз касе, ки дар байни каторхои бозор дар миёни сад чангу гарду инфексия гизои дар номаълуми ва номуайяни омодашударо мехурад, аз касе, ки дар бозор факат газетахои пури афсонаро мехонад, аз нафаре, ки гайр аз чор гушаи зодгохашу ду гушаи ин шахр чои дигареро надидааст, аз касе, ки ба хама овозаву дарвоза бовар карда, онро то кучаву махаллаву хобгохаш  чанд чиз аз худ илова карда мебарад, аз нафаре, ки хангоми доштани пули зиёд хам доим аз бечораги, набудани савдо ва пулу даромад менолад…. чиро интизор хастед???  

Имруз дар мавриди манфиати жилетт  барои занхо, «сабабхои узрнок», чазохо дар миёни рох ва аз даст рафтани бизнесхои пешрафта навиштаам!

  • Кинг Кемп Жилет –тегеро фикр кард, ки то имруз барои занхо зарур аст!

         Нафахмидед,  барои чи гуфтам ки  «барои занхо зарур аст?» Агар ду хафта риш натарошед, дархол мефахмед, ки он ихтирои муйсафеди Жилетт на барои мардхо, балки барои занхо бештар зарур асту даркор аст!

 

  • Дар СССР мувофики кароре, ки имруз кабул шуда буд, хар нафареро , ки бе сабаби узрнок ба чои кораш хозир намешуд, аз кор пеш мекарданд. (1932)        

Агар шароити имрузаро мисол биорем, кудаки раисро то мактабу богча бурдан, барои раис дар вакти кори бозор рафтану харид кардан ва мисли инхо «сабаби узрнок» хисоб мешуда бошад ё не?

  • Дар чараёни маросими дафни Л. Брежнев дар Майдони Сурх тобути уро аз даст  афтонида буданд (1982)

         Яъне, ки ман баргашта бовар мекунам, ки Худованд аллакай аз хамин дуне ба чазо додани баъзехо сар мекунад. Биёед хоксортару мехрубонтар ва  кушодадилу кушодачехра мешавем! 

Имруз туро касри забарчад созанд,

Таъриф кунанд, аз ту Мухаммад созанд.

Чун даргузарему гурхамсоя шавем,

Кабри ману ту баробари кад созанд!

  

  • Аз руи маълумоти Иттиходи сармоядорони Италия дар ончо хар панчумин магоза ва хар хафтумин коргохи истехсоли дар дасти мафиозхо будааст (2000)

Дар Италия, ки хамин холат хукмфармо бошад, бехтар аст, ки барои пешрафти иктисод ва истехсолоту тичорат дар кишвархои кафомонда  ба хамин гуна гуруххои мафиози вазифаву маком ва ичозати сохтани магозаву коргоху заводу сехро бидиханд, то онхо худашон бо сармояи худ аввал созанду баъд онро идора кунанд. Ин тартиб хаёлам, ки ба максад мувофиктар аст, зеро ба хар сурат дер ё зуд онхо он чойхоро зери назорати худ медароварданд-ку?!.

 

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти