Фиребандаги, яъне ин ки битавонед дигаронро ба суи худ чазб кунед. Ин хислати ахлоки ба мурури замон ба даст меояд, аз он чое хар як аз афрод дар замони таваллуд ба мизони мухталифе чаззобият по ба ин дунё мегузоранд, метавон гуфт, ки дарсади бисёр зиёде аз чаззобият иктисобї аст ва бо каме тамрин ба рохати кобили дастраси хохад буд. Харчи бештар талош кунед, муваффактар хохед буд. Талош ва таваччухи тамом ва камол ба ниёзхо ва хостхои дигарон метавонад ба шумо ин итминонро бидихад, ки ба чехраи як фарди чаззоб табдил шудаед.
Марохил
1. Тарзи истодани худро тасхех кунед
Агар шароити бадании шумо дар хадди матлуб карор дошта бошад, гуёи ин матлаб аст, ки як фарди боэътимод ба нафси боло (итминон аз худ), хастед хатто агар аз дарунатон хам як чунин эхсосе надошта бошед. Дар замони рох рафтан бояд махкам ва собит кадам бардоред. Камаратон комилан соф бошад, ва шонахо ба самти акиб гироиш дошта бошанд. Шояд дар ибтидо замоне ки як чунин вазъиятеро тамрин мекунед, бароятон кадре ачиб ва душвор бошад, аммо пас аз сипари шудани чанд руз ба он одат пайдо мекунед.
2. Иртибот баркарор кунед
Хангоме, ки бо фарди дигаре ру ба ру мешавед, бо чашмхои худ бо у иртибот баркарор кунед, саратонро ба нишонаи таъйид такон дихед, лабханд бизанед ва шодии худро ба у интикол дихед. Аслан нигарони аксуламали фарди мукобил набошед ва албатта, дар айни хол бояд ба ёд дошта бошед, ки дар ин кор зиёдарави накунед.
3. Номи афродро ба хотир биспоред
Замоне ки барои аввалин бор касеро мулокот мекунед, саъй кунед, ки номи уро ба хотир биспоред. Ин кор барои хеле аз афрод душвор аст. Замоне ки номашонро мегуянд, онро чандин мартаба бо худ такрор кунед, то номашон дар зехнатон боки бимонад ва сипас номи худро низ ба онхо бигуед. Замоне хам, ки бо онхо худохофизи мекунед, боз хам саъй кунед чанд мартабаи дигар номи онхоро такрор кунед, то ба таври комил дар зехнатон боки бимонанд. Хар кадар бештар номи онхоро такрор кунед, бештар ба ёдатон мемонад ва тарафи мукобил хам эхсос мекунад, ки уро бештар дуст медоред ва эхтимоли ин амр, ки бо шумо бештар гарм бигирад афзоиш пайдо мекунад.
4. Ба дигарон алокаманд бошед
Агар шумо яке аз ошнохои кадимиро мулокот кардед ба унвони мисол як хамкор, хамсинф, дусти яке аз дустон ва … дар мавриди хонавода ва алокамандихои чадиди онхо суолоте матрах кунед. Исми афроди наздик ба онхоро бипурсед ва номи онхоро ба хотир биспоред. Матрах кардани як чунин масоиле, мавзуоти чадиде барои сухбат кардан дар ихтиёри шумо карор медихад ва он вакт мачбур нестед, ки танхо дар мавриди кор ва синфхои дарси бо хам сухбат кунед. Метавонед то худуде дар мавриди худатон низ сухбат кунед. Дар тамоми тули бахс худатонро алокаманд нишон дихед ва нишон дихед, ки тамоил доред ба гуфтугуи худ бо у идома дихед.
5. Гуфтугу дар мавриди мавзуоти муносиб
Бояд дар мавриди мавзуоте сухбат кунед, ки тарафи мукобил ба онхо алока дорад, хатто агар худатон хам алокаи шадид ба онхо надоштед, боз хам ин корро идома дихед. Ба унвони мисол агар дар як чамъи варзиши карор гирифтед, дар мавриди бозии дишаб, ки дар мавриди кадом бозии варзиши буд, сухбат кунед. Агар бо касоне хастед, ки ба саргармихои мухталифе алокаманд хастанд, метавонед дар мавриди саргармихои мавриди алокаи онхо аз чумла мохигири, кухнаварди ва гайра сухбат кунед.
Хеч кас аз шумо интизор надорад, ки дар тамоми заминахо як мутахассис бошед, бояд ба онхо бигуед, ки факат ба далели алоики шахси аст, ки тамоил доред дар мавриди мувзуоти мухталиф бо дигарон ба бахс ва гуфтугу биншинед. Зехни худро боз кунед, ичоза дихед, то дигарон тавзехоти лозим дар мавриди мавзуоти мухталифро барои шумо бозгу кунанд. Рурост бошед ва ба онхо бигуед, ки донишатон дар мавриди бархе чизхо махдуд аст ва бадатон намеояд, ки чизхои бештаре дар мавриди он мабхас ёд бигиред.
6. Ба чои гайбат кардан дигаронро такрим кунед
Агар дар чамъе дар холи сухбат кардан хастед, ки хама афрод ба нахве дар мавриди як шахс бахусус дар холи гайбат кардан хастанд, бад нест шумо чизе дар мавриди он бигуед, ки дуст медоред. Гуфтани чизхое, ки дар дигарон дуст медоред метавонад сад дар сад шуморо табдил ба як фарди чаззоб кунад. Дар айни хол бо ин кор метавонед хисси эътимоди дигаронро низ ба худ чалб кунед. Хамаи атрофиён ба ин натича мерасанд, ки шумо хеч вакт фикри баде нисбат ба дигарон надоред. Хама ба ин натича мерасанд, ки обруяшон дар дасти шумо махфуз хохад буд.
7. Дуруг нагуед
Шояд ба далоиле дуруг бигуед, аммо шавохиде вучуд дорад, ки бар хилофи гуфтахои шумост. Агар ба Марям бигуед, ки Отифаро дуст доред ва ба Насим бигуед, ки Отифаро дуст надоред, мутмаин бошед, ки Марям ва Насим бо хам сухбат мекунанд, харфхои шуморо бо хам дар миён мегузоранд ва бо ин кор эътиборатонро назди онхо аз даст хохед дод ва аз он ба баъд хам дигар хеч кас харфхои шуморо бовар нахохад кард.
8. Бо садокат аз дигарон таъриф ва тамчид кунед
Ин кор хусусан дар иртикои иззати нафси дигарон накши мухимеро бози мекунад. Аз чизхое, ки аз он хушатон меояд интихоб кунед ва дар хар шароите ба онхо ишора дошта бошед. Агар аз коре ва ё аз касе хушатон меояд рохе барои баёни он пайдо кунед ва фавран ба он ишора кунед. Агар барои анчоми ин кор беш аз андоза сабр кунед, мумкин аст харфхои шумо кадре риёкорона чилва кунанд. Замоне ки эхсос мекунед бо ташвикхои худ метавонед заминаи пешрафтро барои онхо фарохам оваред, хатман ин корро анчом дихед ва аз онхо таъриф кунед. Агар эхсос мекунед, ки чизе дар мавриди фарде тагйир пайдо кардааст (ба унвони мисол тарзи либос пушидан ва…) ба он таваччух кунед ва чизеро, ки дар мавриди он хушатон омада, ба забон биёваред. Агар мустакиман саволе мепурсед, бо хушхуи онро баён кунед ва сипас саволи худро бо як таърифи бачо ба поён бирасонед.
9. Дар пазириши таъриф ва тамчид мехрубон бошед
Ин фикрро, ки бархе аз таъриф ва тамчидхо хадафи хосеро дар паси худ доранд, аз зехн берун кунед. Дар кабули хар навъ таъриф ва тамчиде пурхарорат ва алокаманд зохир шавед. Хеле бештар аз гуфтани як «хеле мамнун» сода пеш биравед ва онро бо чумалоте назири: «хушхолам, ки хушат омада» ва ё «хеле мехрубони, ки ба ин маврид ишора карди» хамрох кунед. Ин иборот худашон метавонанд ба унвони навъе таъриф ва тамчид дар чавоби таърифхои фарди мукобил ба шумор раванд. Дар айни хол бояд диккат дошта бошед, ки бардошти баде аз таърифхои дигарон накунед. Ба унвони мисол агар касе ба касди таъриф аз шумо гуфт: «намедони чи кадар дилам мехост, ки ман хам ба андозаи ту … будам» шумо набояд дар чавоби у бигуед «ман аслан хам як чунин хусусиятеро надошта ва надорам ва эхсос мекунам, ки бардошти ту дар ин маврид галат буда ва казовати нодурусте дошти».
10. Оханги садои худро контрол кунед
Яке аз нукоти зарури, ки бояд хамвора ба хотир дошта бошед, мохияти сухбат кардан аст. Бархе аз афрод хастанд, ки дар даруни худ эхсоси ноамни мекунанд ва ба рохати наметавонанд таъриф ва ташаккури дигаронро пазиро шаванд. Дар мавриди як чунин афроде бештар бояд диккат кунед ва равон бо онхо сухбат кунед. Агар тамоил доштед ба онхо бигуед, ки «имруз зебо шудаед» оханги садоятон бояд хамон тавре бошад, ки мегуед: «имруз рузи зебое аст». Хар гуна тагйир дар оханги садо ва нахваи баён кардани он, ин шакро дар онхо ба вучуд меоварад, ки гуфтахои шумо аз сари сидк ва дурусти нест. Метавонед барои тамрин, садои худро руи навор сабт кунед ва чанд мартаба онро гуш кунед, то мутаваччехи хар гуна тагйире бишавед. Аз худатон суол кунед, ки садои шумо нишон медихад, ки аз руи садокат сухбат мекунед? То замоне, ки ба як иборати холисона ва содикона нарасидаед, ба сабт кардани садои худ идома дихед.
Чанд нукта
Хамеша хунсард (ором) боки бимонед. Касди шумо хушхол кардани дигарон аст ва набояд ба ин мавзуъ фикр кунед, ки мумкин аст онхо дар киболи шумо чи вокунише нишон дода ва чи хаёлбофихое дар зехни худ анчом диханд. Агар ин корро анчом дихед, он вакт тамоми таъсири ин кор бар руи сурати шумо намоён хохад шуд, ва табдил ба фарде мешавед, ки факат дар паи рози кардани атрофиёнаш аст. Касе ки ниёзхои шахсиашро зери по мегузорад, то дигарон дусташ бидоранд. Бояд хамеша ба хотир дошта бошед, ки мардум он кадар корхои гуногун доранд, ки наметавонанд, ки хамвора ба шумо фикр кунанд. Бештари авкот дар мавриди худашон ва корхое, ки бояд анчом диханд, фикр мекунанд.
Мизони чаззобияте, ки метавонед ба даст оваред, ба мизони тавоноии шумо дар тахсин кардани дигарон бастаги дорад. Таърифхо ва тахсинхои худро бо лахне котеъ, аммо дар айни хол шоирона баён кунед. Хеч душвори надорад, ки чанд китъа аз кабл омодашударо дар зехн дошта бошед, то дар замони тахсин кардан аз фарде баён кунед, аммо афроди чаззоб касоне хастанд, ки битавонанд дар хамон лахза чизеро эчод кунанд ва навовари ба харч диханд. Агар зехни шумо халлокият (эчод кардани чизи нав) дошта бошад ва доиман эчод ва навовари кунед, дигар нигарони такрори мукаррарот хам нахохед шуд.
Гохе авкот мачбур мешавед акоидеро баён кунед, ки шояд камтар иттифок меафтад дигарон назари мусбате нисбат ба он дошта бошанд. Дар чунин шароите метавонед ин корро бо кадре шухи биёмезед. Шухи ва ханда монанди кошуки пур аз шакаре хастанд, ки ба бемор кумак мекунанд доруро рохаттар фуру бибарад.
Хамдили яке аз малзумоти бечунучарои чаззобият аст. Бояд бидонед, ки чи чизхое атрофиёнатонро хушхол мекунанд ва чи мавориде мучиботи норохатии онхоро фарохам меоваранд, он вакт метавонед бехтарин интихобро дар мавриди онхо дошта бошед.
Хушдор
Аз бахсу чадал бипархезед. Хатто агар ниме аз афрод бо шумо мувофик бошанд, боз хам шумо наметавонед чаззобияти сад дар сад пайдо кунед. Чизхое, ки бар забон меоваред бояд барои тамоми афрод хушоянд бошанд. Замоне ки эхсос кардед дилатон мехохад дар як бахс ширкат кунед, аз худатон бипурсед, ки: «оё вокеан лозим аст, ки дар хамин лахза, назари худамро матрах кунам?» Агар эхсос мекунед, ки хеч гуна илзоме дар ин кор вучуд надорад, бинобар ин кадре базлагуи кунед ва матрах кардани назари худро бигзоред барои як вакти дигар.
Хеч гох ба хазлхое, ки худатон таъриф мекунед, нахандед. Ин кор симои кашанге надорад. Метавонед лабханд бизанед; хамин кифоят мекунад, аслан хам норохат нашавед агар хеч кас ба он нахандид. Гохе авкот афрод мутаваччехи шухихо намешаванд. Ин амр бояд барои худи онхо норохаткунанда бошад, ки мутаваччехи манзури шумо нашудаанд. Хадафи шумо сирфан хушхол кардани онхо будааст.
Хеч гох дар мавриди масоили мухталиф тавзехи беш аз андоза надихед, чун сирфан арзиши гуфтахои худро аз байн мебаред. Ин кор нишондихандаи ин матлаб аст, ки шумо аз эътимод ба нафси поини бархурдор хастед ва ба сахти метавонед бовар кунед, ки дигарон харфхои шуморо мутаваччех шудаанд. Замоне ки нукоти гайризаруриро аз гуфтахои худ хазф (дур кардан) мекунед, мардум бо иштиёки бештар ба харфхои шумо гуш медиханд. Бо ин кор мумкин аст, ки барои касби иттилооти бештар низ вориди бахс шуда ва суолотеро матрах кунанд.
Бархе аз афрод хастанд, ки макулаи (сухани) такаббур ва чаззобиятро иштибох мегиранд. Дар хакикат бояд донист, ки такаббур нуктаи мукобили чаззобият аст. Чаззобият хисси ризояти дигаронро бармеангезад, аммо такаббур факат мехохад хисси ризояти фардиро барангезад. Такаббур афродеро чазб мекунад, ки дар вучуди худ ноамнихое доранд, аммо чаззобият тавоноии чазби тамоми афродро дорад.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: бахс, гайбат, гуфтугу, дилрабо, дуруг, магрур, муваффакаият, одамон, таъриф., ханда, хоксори, чаззоб |













Асалом акаи Субхон. Ман гумон дорам ки барои фиребанда ва дилёб будан аксари мардхо овозашонро хар гуна ки бихоханд мекунанд. Бо як оханге гап мезананд ки кас бовар мекунад. Онхо дар ин кор тачрибаи кофи доранд ба фикрам. ))) Хамин тавр не акаи Субхон???
НравитсяНравится
Саломалейк…..Он чизе, ки Шумо навиштаед, ин аллакай СОХТАКОРИ аст, ки хаёлам на дилрабои дорад он ва на чаззоби! Аз суи дигар, бояд як нафари хеле доно ва бохуш бошем, ки моро натавонанд, ки на ба садо ва на ба хилла фиреб кунанд! Хамин тавр, не Суман 🙂 ?
НравитсяНравится
Асалом акаи Субхон. Бале хамин тавр. Аммо ба гумонам ки мисли шумо донову хушёр шудан бисёр душвор аст. ))) Барои хушёру доно шудан ба фикрам шояд ягон курси алохидаи дигар хондан лозим меояд. Хамин тавр не акаи Субхон? ))))
НравитсяНравится