9 марти соли 2011

 Ман як вакт киссаи мардеро шунида будам, ки омодааст барои кудаконаш «муаллими ханда» киро кунад. У ба ин назар будааст,  ки кудакони забондону замонави ва аз хар чихат таъмин хам бе доштани завки шухикуни ва дарки хазлу зарофат, яъне шухтабиат набуда,  наметавонистаанд, ки комил бошанд. Шумо чи фикр мекунед: он мард хеле зиёд пул дораду чои сарфкуниашро намеёбад ? На!  Харчанд маълум аст, ки истеъдодро бо пул ба кудак додан номумкин аст, аммо он мард кушиш мекунад. Ин сад фоиз мукобили амалу беамалии нафаронест, ки ба будани кадом чавхаре дар калби тифлонашон хатто бовари надоранд. Хамин гуна  орзухо мемиранд ва пайвандон бегона мешаванд! Кудаконро бо орзуву имкону шароиташон набояд инкор кард!!!

        Имруз дар мавриди баробарии хавфи парвози аввал бо аввалин тангенсавори, будан ва бошидан, имтихонхои пулаки, пули манзили ичораи нафарони зебову дидани ва аз муд рафтани рубоиёту шеъру газал навиштаам. Читать далее →

Ханда хам доруст…

     Ханда  амре аст, ки ба таври тасодуфи рух медихад. Мумкин аст ханда дар асари шунидани як матлаби хандадор бошад ва ё мумкин аст дар асари дидани тасвирхои хандадор буда, аз чашмхоямон огоз шавад. Андешахо дар мавриди ханда гуногун хастанд, яке мегуяд ки афроди тахсилкарда камтар механданд, дигаре мегуяд ки бо рафтани синну сол хам одамон камтар механданд. Акнун андешахои дигаронро дар ин маврид ин чо метавонед бихонед, ки онхо дар ин бора чи назар доранд: Читать далее →

Чи гуна чаззоб, фиребанда ва дилрабо бошем?

      Фиребандаги, яъне ин ки битавонед дигаронро ба суи худ чазб кунед. Ин хислати ахлоки ба мурури замон ба даст меояд, аз он чое хар як аз афрод дар замони таваллуд ба мизони мухталифе чаззобият по ба ин дунё мегузоранд, метавон гуфт, ки дарсади бисёр зиёде аз чаззобият иктисобї аст ва бо каме тамрин ба рохати кобили дастраси хохад буд. Харчи бештар талош кунед, муваффактар хохед буд. Талош ва таваччухи тамом ва камол ба ниёзхо ва хостхои дигарон метавонад ба шумо ин итминонро бидихад, ки ба чехраи як фарди чаззоб табдил шудаед.  Читать далее →

8 ноябри соли 2010

     Ман маърузаву хисоботро дар мавриди бехтар шудани зиндагии мардум кам намешунавам. Он дар ТВ хам хасту дар Радио ва дар  баъзе газетахо хам. Аммо чанд бор бештар аз он  дар мавриди ин мешунавам, ки ким кадом сарватманду доранда ва ё вазорату агенти барои фалон шумора фарзандони оилахои камбизоат туй ташкил карду кумак кард. Як бор шумо хамаи хамон ракамхоро чамъ кунед, ки чанд нафар мешаванд, ки ким каси дигар туйи онхоро баргузор мекунаду ба хонахояшон лампаву орду равган мебаранд? Яъне, ки он чизе, ки дар огози хамин матлаб гуфтам, гуфтаи охири маро инкор кард.Хамин тавр не? Пас, чанобони сарватманд ва кормандони вазорату агенти ва коргоху ташкилот! Кумакхои худро бе даъваткунии  кормандони ВАО, махсусан  ТВ  ба мардуми эхтиёчманд расонед! Худованд худаш мебинад ва подоше хам барои ин гуна амали шумо ваъда додаст (агар ба он касе шуморо мачбур накарда бошад!). Он вакт хам маърузаву хисобот «дуруст» мешавад ва хам чанд литр бензини кормандони ТВ сарфа!

         Имруз дар мавриди «кушиш» -хои як аскар, мавкеъи баландтари хамсари дуюм, курбони барои шод шудани арвохи ихтироъкардаи нурхои рентгени, «киссахои таърихи» -и вазиру раис, чангу хандаву курсии мансаб навиштаам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти