Хамёндузди яке шоеътарин анвои дуздихо дар чахон аст. Онхо бо чунон махорате ин корро анчом медиханд, ки шумо пас аз мутаваччех шудани мочаро ва аз даст додани амволатон бояд соатхо фикр кунед, то бифахмед кай ва кучо ин бало саратон омадааст.
Хамёндуздхо метавонанд бидуни он ки аслихае дар даст бигирад, бо истифода аз бетаваччухии шумо хамёни пулатонро бардорад ва барохати аз махал дур шавад. Бадтарин иттифок замоне меафтад, ки шумо дар холи сафар бошед. У метавонад пулхо ва кортхои эътибории шуморо бардорад ва сафарро бароятон талх кунад ва мутмаин бошед имкони дунбол кардан ва гирифтани дузд дар чое, ки шумо бегонаед, бисёр кам аст. 
Роххои мухталифе дар саросари чахон барои дуздидани хамёни пул ба кор гирифта мешавад, ки рохаттарини онхо ин аст, ки дузд бидуни он ки аз шевае ачиб ва ё василае истифода кунад, барохати даст дар чайб ва ё сумкаатон мекунад ва пулхо ва ё хамёни пулатонро бармедорад.
Бехтарин замон барои дуздидани пул бо ин равишхо замоне аст, ки шумо дар интизори хавопаймо ё автобус ба хоб рафтаед ва васоилатонро бидуни диккат рахо кардаед, ё вакте ки донишомузон ё донишчуён дар махалхои серодам гарми сухбат мешаванд ва ин имконро барои дузд фарохам меоваранд.
Берун овардани хамёни пул аз дохили сумка равиши дигари хамёндуздхост, ки вакти бештар ва хатари бештаре металабад. Фарде, ки касди дузди дорад, мебоист ба сумкаи шумо, ки эхтимол дар дастатон ё бар руи шонаи шумост наздик шавад ва ин хатари бузургест.
Пас бехтарин кор он аст, ки хар гуна тамос миёни дузд ва шахси мавриди назар дида нашавад ва ин кор комилан пинхони сурат бигирад.
Замоне, ки шумо дар метро ва ё истгоххои дигар хастед, маъмулан ба хотири издихоми мардум фишорхои мухталиф ва ламс шудани сумкаатон бароятон оди аст, пас ин бехтарин фурсат аст, ки хамёндузд ба максудаш бирасад. Ба ёд дошта бошед, ки ин афрод маъмулан барои ин ки дастхояшон хангоми дузди дида нашавад як рузнома ё мачалла ва ё либос ба даст мегиранд.
Онхо аз пеш ва акиб шуморо дунбол мекунанд ва дар як лахза касе ки аз пеши шумо рох мерафтааст, ба таври ногахони меистад, то шумо ба у бархурд кунед. Шахси дигаре хам, ки пушти саратон аст, худашро ба шумо мекубад, то шумо комилан дастпоча (саросема) шавед ва ба хотири ин ходиса дасту поятонро гум кунед.
Дар холе ки шумо машгули узрхохи аз фарде, ки назди шумо буда ва бо у бархурд кардаед хастед, шахси пушти саратон барохати даст дар сумкаатон карда ва пулхоятонро медуздад, дар холе, ки шумо мутаваччехи хеч иттифоке нашудаед.
Дар ин равиш аз «парешонхотири»-и шумо истифода мешавад. Дарвокеъ собит шудааст, ки замоне ки инсонхо фикрашон ногахон ба мавзуе машгул шавад, дигар мавзуот хамчун мурокибат аз сумкахояшонро фаромуш мекунанд.
Дар истифода аз ин хусусияти инсон дуздхо аз равишхои бисёр гуногун метавонанд истифода кунанд. Онхо даъвои сохтагии дуруст мекунанд ва дар холе, ки шумо миёнчигари мекунед тавассути афроди дигари гурух, мавриди дузди вокеъ мешавед ва ё ин ки кудаке бо нишон додани наккошиаш хавосатонро парешон карда ва дигар дустонаш аз пушт хамёнатонро бармедоранд.
Равиши дигари хамёндуздхо барангехтани эхсоси «дилсузи»-и шумост. Онхо бо андохтани васоилашон руи замин эхсоси дилсузиатонро барои кумак ба онхоро бармеангезад ва замоне ки шумо дар холи кумак хастед ва таваччухатон ба сумкаатон кам шудааст, фарди дигари гурух суроги сумкаатон меравад.
Хатто вакте шумо дар хавз ва ё дарё машгули шино хастед, яке аз аъзо худашро ба гарк шудан мезанад ва вакте барои кумак ба у васоилатонро тарк мекунед, узви дигар барохати сумкаатонро холи мекунад ва ё васоилатонро бармедорад, пас мурокиби филмхое, ки дуздхо бароятон бози мекунанд бошед.
Мумкин аст шумо дар метро ва ё хиёбони серодаме дар холи рох рафтан бошед ва яке аз аъзои гурухи дузди фарёд бизанад «хамёнамро дуздиданд». Шумо нохудогох таваччухатон ба пулхоятон чалб мешавад ва дастатонро барои ламс кардани хамёнатон ба чайб мебаред. Ин бехтарин кор барои як дузд аст, зеро у дигар дакикан медонад, ки дар кадом чайби шумо ашёи кимататон карор дорад.
Онхо аксар вакт дохили хиёбонхо низ меистанд, то махалли пулхоятонро бехтар шиносои кунанд. Онхо равишхои мутааддиде барои бардоштани пулхоятон доранд, ки мутмаинан донистан ва огохи аз хамаи онхо дар як замон кори осоне нест. Аммо роххое вучуд дорад, ки метавонед корашонро истахр кунед:
— рохаттарин махал барои бардоштани хамёнатон чайби акиби шиматон аст. Харгиз хамёнатонро дар он чайб карор надихед. Метавонед аз чайбхои пеш истифода кунед, аммо боз хам бидонед, ки аз хатари дузди эмин нестед. Бехтарин кор андохтани як хамёни кучаки банддор зери пироханатон аст. Бо гузоштани пулхоятон дар он махал оромиши бештаре доред.
Дуздхо умуман тавваччухашон ба сумкахои занона низ чалб мешавад. Саъй кунед ашёи кимати худро дар онхо нигах доред ва ё дар холи рох рафтан сумкаатонро канори пахлуятон нигах доред ва дастатонро низ руи он бигзоред.
Мухим аст, ки шумо дар холи рох рафтан тавре вонамуд кунед, ки максадатон комилан мушаххас аст. Дуздхо мунтазири афроде хастанд, ки ба назар мерасад гичшуда (саргаранг) ва максадашонро гум карда бошанд.
Агар шумо тавре рафтор кунед, ки онхо шуморо ба унвони туъма интихоб накунанд, бузургтарин хидматро ба худ кардаед, зеро харгиз намехоханд тарафи касе бираванд, ки ба назар мерасад, барои онон мушкилсоз хохад шуд.
Саъй кунед харгиз тамоми пулхо ё ашёи кимататонро дар як чо карор надихед, ки агар мавриди дузди вокеъ шудед, хамаи чизатонро аз даст надихед. Навиштани шумораи кортхои эътибори ва чекхои мусофирати кори бисёр муфиде аст. Харгиз рамзи кортхои эътибориятонро бо худ хамл накунед ва онхоро дар махалле амн нигахдори кунед.
Агар дар сафар хастед ба хусус дар хорич аз кишваратон хамеша гузарномаатонро дар мехмонхона ё махалли мутмаини икомататон нигох доред.
Агар мачбур ба хамли онхо хастед, хатман шумораи гузарномаатонро дар мехмонхона дошта бошед ва нусхаи онро ба дустон ё аъзои хонавода дар кишвари худатон бидихед, ки дар сурати дуздида шудани гузарномаатон имкони «факс» шудани он бароятон вучуд дошта бошад ва дар он кишвар бидуни гузарнома рузхои мутамоди гирифтор нашавед.
Агар дар кишвари худ ё дар мусофират мутаваччех шудед, ки гузарнома ё кортхои эътибориятон гум шудаанд, фавран бо бонки худ тамос гирифта ва хисобро масдуд (баста) кунед ва шикоятеро дар маркази пулис ба сабт бирасонед.
Мумкин аст бо дуздида шудани шиноснома ё корти миллии шумо дуздон бихоханд бо истифода аз кортхоятон корхои хилофашонро анчом диханд, пас фавран гузориши гум шудани онхоро ба пулис ва хамчунин марокизи сабт бидихед.
Ба ёд дошта бошед, ки дар тамоми кишвархои чахон хамёндуздхо вучуд доранд, пас коре, ки шумо метавонед анчом дихед он аст, ки бо хушёри ва диккат худро аз хатари туъма шудан дур нигах доред!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: дузд, кисса, киссабур, конун, наклиёт, пул, хамён |












Салом!
Бехтарин мавод буд акаи Субхон!
НравитсяНравится
салом
хело чолиби дикат аст ки кисабуронро зери тозиёнаи танкид гирифтед
дар оянда боз маводхои хубу хонданиро интизор мешавам
НравитсяНравится
Хеле ачоиб! ))) Акаи Субхон ман фикр мекунам хушёру доно будани шумо шояд аз хамин сабаб бошад ки шумо дар бораи бисёр мавзухо маълумот доред. Хатто дар бораи кадом вакт дуздинаи пул аз киса хам медонед. Ба фикрам шумо ягон вакт пулхоятонро гум накардаед ва намекунед. ))))
НравитсяНравится
Саломалейк…..Вокеан хам ман ягон вакт пулхоямро гум накардаам…Вале медонед барои чи? Барои он, ки ман ягон вакт пул надоштам 🙂
НравитсяНравится
Асалом акаи Субхон. Хушхолем, ки барои хонандахои блоги худ маводхои чолиб ва мухимро чо мекунед. Ва он чизе ки имруз ба дарди мардум мехурад.
Фикр мекунам, ки барои маълумоти гуногун пайдо кардану мавзухои гуногун чизе навиштан захмати бисёр лозим меояд. Каме хам бошад баъди хондани ин матлаб аз макри дуздхо бохабар шудан мумкин.
Саломат бошед!
НравитсяНравится
Асалом акаи Субхон. Рахмат ба шумо, ки дар бораи он чи ки ман донистан мехостам шумо ин чо навиштед. Ба шумо барои навиштахои хубу хонданиатон дар ин сахифа ба кавле дигар гап надорам акаи Субхон. ))) Ташакур!
НравитсяНравится