Имруз Рузи Артиши Милли аст! Барои хамаи онхое, ки мехри ВАТАН дар дилашон хасту кам намешавад — ин руз МУБОРАК бошад! Либоси низоми хам ба бар надошта барои ВАТАН чон нисор кардан мумкин аст. Мисли ин, ба бар либоси низоми доштахоеро хам кам надидем, ки садокати заифе доштаанд. Мехр, садокат ва имону ифтихор аз ВАТАН факат бо либос ва худнамоиву зури бозу нест. ВАТАНро аклхо хифз мекунанд, ВАТАНро ташаббус обод мекунад, ВАТАНро садокат машхур мекунад. Ва хушбахти аст, агар он Артиши аклхо, Артиши ташаббусхо ва Артиши садокатхо бошад!
Имруз дар мавриди рохе, ки онро на хама медонад, майдонхое, ки барои футбол нест, бозии патенти нашудае бо номи «кидатис», аз миён ба дор овехтан ва «мушкили» точир будан навиштаам.
-
Казимир ФУНК /Casimir FUNK/ — биохимики поляк таваллуд шудааст. Калимаи «витамин» -ро у фикр кардааст (1884)
Ташшакур барои он, ки у калимаи «витамин»-ро фикр кардааст. Ва хам мо аз онхое, ки калимахои «доллар», «евро», «мансаб» ва мисли инхоро фикр кардаанд, миннатдорем. Лекин пурсидани хастам, ки мо ба он чизе ки онхо фикр кардаанд, чи гуна дастраси пайдо кунем?
-
Виктор Андреевич ЮЩЕНКО собик Президенти Украина тавалуд шудааст (1954). У солхои 1993 то 1999 сарвари Бонки Украина, аз соли 1999 то соли 2001 нахуствазир буд. Номзади улуми иктисод аст.
Чоркунчаи дорои ду дар МАЙДОН аст,
Гавгову шиору шуру шар МАЙДОН аст.
Майдон набувад факат барои футбол,
Хар гах бикафад ба санг сар МАЙДОН аст!!!
- Майори англис Уолтер УИНГФИЛД барои бозии наве бо номи Sphairistike патент мегирад. Холо он бозиро чун ТЕННИС медонанд.
Бозихо хар хел мешаванд – теннис, гольф, биллиард. Тачрибахо нишон медихад, ки миёни инсонхо вактхо охир гайр аз ТЕННИС бозихои патенти нашудае хам хаст, ки чонибдорони кам надорад. Масалан, «кидатис», «пешпонис», «подставис»…
-
Дар Девоншир (Англия) чинояткор Чон Ли баъд аз маротибаи 3-юм ба дор овехтан хам зинда мемонад. Баъд хукми катли уро ба хабси абад иваз мекунанд (1885). Ин ходиса дар таърих беназир буд.
Хаёлам, ки он замон хам бо пул хама чиро хал кардан мумкин буд. Ва шояд бо пора хамон банди дорро ба гардани он нафар неву ба миёнаш баста бошанд. Гардани «гафс»-и Саддом он бандро токат карда натавониста буду….
-
Дар Чикаго Клуби байналмилаллии точирон – Ротари-Клуб таъсис меёбад (1905)
Точирон зиндагии «рангин»-е доранд: пул бошад, дустдоштахо хастанд, тафтишгарон меоянду хурсанд мераванд, хамсар мехрубон аст. Агар пул нест, дустдоштахо «занято» хастанд, тафтишгарон меоянду намераванд ва хамсар шабу руз «сардард» ва монда аст…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Артиш, Ватан, Рузи Артиши милли, Украина, бози, витаминхо, дор, майдон, садокат, теннис, точирон, хизмати аскари |











Салом акаи Субхон , ба чузъ гуфтани калимаи АХСАН чизи дигаре ба фикрам намеояд. Ин кадар гапро шумо чи хел фикр мекунед. Дар вокеъ рузи Артиши миллии ЧТ муборак бошад. Саломату комёб бошед!!!
НравитсяНравится
Шумо саломат бошед, ки ба блоги ман ворид мешаваед 🙂 Хамин одати худро тарк накунед 🙂
НравитсяНравится
yes
НравитсяНравится
Салом Субхон, бовар кун хамаи чизе навишти, асоси вокеи дошта, дар баробари хамаи он боз вокеахои таърихи дар пеши чашмам гуё зинда гузаштан …дар масалаи лицензияи «кидатис «ту бояд аз тарафи гастарбайтерис ва шахсони бепулис ба чоизаи НОБЕЛИС пешниход шави-ссс )))))))) зинда боши брати ман…..)))))))))
НравитсяНравится