29 феврали соли 2011

   Кадом вакте мегуфтаанд, ки дар рузи 29 феврал, ки дар чор сол як бор меояд, нафарони сехргару на оди таваллуд мешаванд. Аз тарси он, ки кудакони  дар ин руз таваллуд шударо шояд кисмати на соддае интизор бошад, мардум  рузи таваллуди кудаконашонро дар хуччатхо ё 28 феврал менавишт ва ё 1 март. Нафароне буданд, ки мардуми дар ин руз таваллуд шударо сохибистеъдод ва нобига хам мегуфтанд. Аммо кам нестанд нафароне, ки бовари доранд – ин рузро инсонхо барои дурустии хисобхо фикр кардаанд ва он комилан одди аст, хеч хусусияти фавкулода надорад! Дар дунё расман дар хуччатхои таваллуди  худуди 0,069 % ахолии сайёра, ки тахминан  4 миллион нафарро ташкил медиханд, рузи тавлидашон 29 феврал навишта шуда будааст. Читать далее →

28 феврали соли 2011

    Мо одатхои хуб зиёд дорем. Шояд бештар аз одати нохубамон. Баъди он  ки куфл аз лабхо бо шикастани сохтори шурави шикаста шуд ва кушишхои ошкоро гуфтан аз чониби як -ду босаводу колабшикан анчом дода шуд,  хама гумон кард, ки метавонад хама чиро гуяд ва бо хама кас дар хама мавзуъ бахс кунад. Баъди якчанд сол аксарият, ки доираи фахмиши худро на он кадар васеъ ёфтанд, аз бахсу бе фоида гуфтан  дур шуданд ва хам холо онхое, ки дигар дарк кардан, ки хамсухбатхо аксаран гуфтаи онхоро намефахманд, дигар намегуянд. Аммо онхое, ки фахмиши хеле танг доштанду доранд, холо хам хар кучо, ки ду касро дар сухбат ёфтанд, бахсеро ба миён меоранд ва дар он хама гуна андешаи дигаронро инкор мекунанд. Мушкил ва бадбахти хамин аст, ки барои онхо мавзуъ мухим нест -кайхон аст он, геология аст, чанги шахрвандиву «маршировка»-и донишчуён ё  вазъияти Либияву Миср аст… Аммо он руз андешаи як донишмандро хондам, ки гуфтааст: «Агар хохи ки туро гуш кунанд, хомуш бош!!!»

Имруз дар мавриди «роххои шлагбаумдор», сабаби дар кучахои шахр набудани мардуми мансабдор ва сарватдор, андоз аз хучрахои махбасхона ва духтарони паричехраи точик навиштаам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти