Гугуш! Сиришта бо мусики ва наво!

    Фоика Оташин мулаккаб ба Гугуш дар 18-уми бахмани соли 1329 дар хиёбони Сарчашмаи Техрон ба дунё омадааст (5-уми майи соли 1950 http://ru.wikipedia.org). Аз хамон кудаки Гугуш садояш карданд. Номи Фоикаро бар асоси номи модараш, яъне Фоиза интихоб кардаанд. Аввалин фарзанди хонавода буд ва дорои як бародар ба номи Фаридун буд, ки як солу хашт мох аз Гугуш хурдтар буд ва дар синни 24-солаги бар асари як бемори даргузашт. Читать далее →

Бакои зиндаги!

Бахшида ба 80 солагии доктори улуми иктисод, профессор –

Облокул Тошев

Огоз:

            -Инсонхои бузург шабехи ситораанд, ба онхо замони афтиданашон таваччух мекунанд. 

-3 сол аст, ки он донандаи хуби улуми иктисод, доктор ва профессор миёни мо нестанд. Он кас ними умри бобаракати худро барои тарбияи насли чавон сарф карда буданд. Устод дар  чанд муассисаи олии таълимии Точикистон бо эхсоси баланди масъулиятшиноси чанд насли мутахасисро  ба воя расонидаанд. Зери назари у ва бо рохбариашон чандин нафар рисолахои номзади ва доктории худро химоя кардаанд. 12 феврал профессор Облокул Тошев мебоист 80 сола мешуданд… Читать далее →

Либос нишони одамият?

       Давраи донишчуии ман ба охири солхои  90-ум рост омад. Холо хам ба ёд дорам, ки чи гуна аз манзиле ба манзил, аз махаллае ба махалла мекучидем. Дар махаллахои Чашмасор, Рудаки, Гоголь, Фурудгохи кухна, кучаи П. Сулаймони, Тунис, И. Сомони ва  Бадахшон ичоранишин будем. Аз як манзил агар худамон рафта бошем, аз дигараш моро пеш кардаанд: гох хонаашонро фурухтани мешуданд, гохо ичоранишини серпултаре меёфтанд ва гохо ба чои мо, ки чанд чавонписар будем, духтарони зеборо ба ичора мегирифтанд.  Читать далее →

Рафтанду равему боз оянду раванд…

     Бадхох ё накуем, Имруз ру ба руем,

      Чои чудоии мо дар дузаху бихишт аст…

                                                                                           (Мухаммад Гоиб)

Чанд руз пештар як барномаеро телевизиони NTV-и Руссия ба намоиш гузошт, ки дар он  гап сари кисмати русхое мерафт, ки дар Точикистон таваллуд шуда, то ин дам  зиндаги кардаанду акнун мехоханд, ба Руссия бикучанд. Дар он чанд оиларо нишон доданд, ки гуё инчо холати нохубе доранд ва аз чониби точикон тахкир мешаванд. Гуё мардуми мо онхоро «одам» хисоб намекарда бошанд. Ин барнома тахминан чанд руз пас аз изхороти беасоси В. Жириновский пахш гашт, ки дар бораи «геноцид» -и мардуми рус дар солхои чанги шахрвандии Точикистон  буд. Ба Жириновский аллакай  расман аз ВУХ чавоб гуфтанд. Ва хам мардуми огох хуб медонад, ки ин гуна «изхороту андешахо»  кай ва бо кадом максад баён мегардад? Читать далее →

Маъруфтарин зани чосуси таърих!

      Маргарета Гертруда маъруф ба «Мата Хари». У 7-уми августи 1876 дар шахри Леуварден дар кишвари Голландия ба дунё омад. Аз байни чор фарзанд у дувумин фарзанди Адам Зелле (2 октября 1840 – 13 марта 1910) ва Антье ван дер Мёлен (21 апреля 1842 – 9 мая 1891) буд. Падари у як магозаи кулохфуруши дошт ва бо як сармоягузории муваффакиятомез дар нафт он кадар пулдор шуд, ки тавонист як зиндагии ашрофи барои духтараш эчод кунад.        Читать далее →

Писари асилзодаи муфлисшуда — Шохсутуни илм!

    Олими забардасти итолиёви Галилео Галилей яке аз шохсутунхои зархалини касри илми чахони ба хисоб меравад. Офарандаи физикаи классики Исаак Ньютон коил шудааст, ки у ба шарофати осори илмии Галилео Галилей ва дар такя ба китфони хузарби ин олими итолиёви ба кашфиётхои тозаи илми сохиб гаштааст. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти