Рафтанду равему боз оянду раванд…

     Бадхох ё накуем, Имруз ру ба руем,

      Чои чудоии мо дар дузаху бихишт аст…

                                                                                           (Мухаммад Гоиб)

Чанд руз пештар як барномаеро телевизиони NTV-и Руссия ба намоиш гузошт, ки дар он  гап сари кисмати русхое мерафт, ки дар Точикистон таваллуд шуда, то ин дам  зиндаги кардаанду акнун мехоханд, ба Руссия бикучанд. Дар он чанд оиларо нишон доданд, ки гуё инчо холати нохубе доранд ва аз чониби точикон тахкир мешаванд. Гуё мардуми мо онхоро «одам» хисоб намекарда бошанд. Ин барнома тахминан чанд руз пас аз изхороти беасоси В. Жириновский пахш гашт, ки дар бораи «геноцид» -и мардуми рус дар солхои чанги шахрвандии Точикистон  буд. Ба Жириновский аллакай  расман аз ВУХ чавоб гуфтанд. Ва хам мардуми огох хуб медонад, ки ин гуна «изхороту андешахо»  кай ва бо кадом максад баён мегардад? Читать далее →

Мухочирон ва мухочират!

         Ба хама маълум аст, ки мухочират кардан ба кишвархои дигар барои кор, хусусан ба Русия чанд сол аст, ки давом дорад. Сабабхо хар гуна мешаванд, вале агар хато накунам, аксари мардуми точик, хатто занхо хам  бештар ба хотири пайдо кардани чои кор ба Русия мераванд. Мутаассифона, баъзехо гирифтори фиреби корфармо мешаванду хакки кори худро ногирифта бармегарданд, баъзеи дигар бошад бо сабабхои гуногун ё саломатии худро аз даст додаанд, ё ин ки чисми бечони онхоро ба ватанашон меоранд.     

Маълумоти поёниро ман аз сахафоти гуногуни интернет чамъ овардам, ки шояд барои шумо шавковар бошад. Читать далее →

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (3)

      Канорат гарму осудаам, харчанд аз канори сарду ноосудаи хазор мухочират гам дорам, шабхоят орому сокит аст, харчанд хазор оиларо андешаи бозгашти фарзанде ноором мекунад, гулу гиёхат доруву дармон аст, харчанд сад нафар аз бедоруиву бедармони мемирад…

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти