Маъруфтарин зани чосуси таърих!

      Маргарета Гертруда маъруф ба «Мата Хари». У 7-уми августи 1876 дар шахри Леуварден дар кишвари Голландия ба дунё омад. Аз байни чор фарзанд у дувумин фарзанди Адам Зелле (2 октября 1840 – 13 марта 1910) ва Антье ван дер Мёлен (21 апреля 1842 – 9 мая 1891) буд. Падари у як магозаи кулохфуруши дошт ва бо як сармоягузории муваффакиятомез дар нафт он кадар пулдор шуд, ки тавонист як зиндагии ашрофи барои духтараш эчод кунад.        Читать далее →

Нигох аз толор!

     Чанд руз пештар (29 апрел) Рузи байналмилалии Ракс буд. Барои ман дубора шавковар шуд, ки ин сана ба  рузи таваллуди як марди фаронсавии раккос -Жан Новер (1727) вобаста будааст. Як зани раккос не, як мард! Ва ман баъди ин  дар мавриди ракси мардона боз амиктар фикр кардам.  Маълум аст, ки  на факат точикон ракси мардона доштаанд,  аксари миллату халкиятхои дунё ракси ба худашон хоси мардона доштаанд ва холо хам доранд! Ман албатта  пеш аз хама аз мардхои раккоси точик узр мепурсам, вале мехохам пурсам, ки барои чи ракси мардони мо баъди хама гуна талошу кушишхо хам кариб ки хамон ракси занона аст? Ё ин хамин гуна ба назари ман метобад? Читать далее →

Чаро?-10. «Бедори»

          Онхо хар шом, тахминан соати 20 ба чои корашон меоянд.  Бале, онхо шабона кор мекунанд. Рузона ба чи кор машгуланд, намедонам. Ба гумонам, ки хобанд. Марду зане, ки ин шуглро ихтиёр кардаанд, хеле вафодор ба он ба назар мерасанд. Зеро ман шояд наметавонистам, ки хар руз аз соати 20-21 то кариби субх дар коргох бошам. Гузашта аз ин, онхо бояд дар коргох ором нанишинанд, бояд харакат кунанд, онхо раккос ва раккоса хастанд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти