Имруз мо дар Департаменти Давлати вохури дорем. Бо дипломати №1-и амрикои — Котиби Давлатии Амрико — Чон Керри! Дар ин вохури хама журналистоне, ки аз руйи барномаи Эдвард Р. Марроу ба Амрико даъват шудаанд, ширкат мекунанд. Вуруд ба Департаменти Давлатии Амрико мисли хама сохтору коргохи мухими дигар, хеле чидди аст. Мо хамрохамон шиноснома дорем. Иловатан номи моро аз руйхати даъватшудахо кофтаву пайдо мекунанд. Баъди ин аз «сканер» гузашта, вориди ин идораи амрикои мешавем. Баъди хамаи ин чараён моро ба толори ба кавле «интизори» рохбалади карданд. Ончо чойи гарму кахва буд. Сухбат сари мавзуъхои гуногун бо намояндахои давлату кишвархое, ки баъзеяшонро мо факат дар харита мехондем, гарм шуд. Ман инчо хам хичолатзада хастам – забони англисиро ба хадди муоширати озод намедонам! Хама дар даст як кути чой ва ё кахва дорад. Айнан хамин гуна куттичахои кахва ва чойро шумо дар Вашингтон сари хар кадам дар дасти мардуми рохгузар мебинед. Онро аз кахвахонаву ошхона ва хатто аз дастгоххои худкори канори роххо хам гирифтан мумкин аст. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Америка, Департаменти Давлатии Амрико, Интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон, Франклин, Эдвард Марроу, гул, сафорати Точикистон дар Амрико | 1 Comment »











