Сафари ман дар доираи барномаи Эдвард Марроу бо дастгирии Департаменти Давлатии Амрико, Бюро оид ба масъалахои маориф ва фарханг ва барномаи байналмиллалии лидерон дар ИМА идома дорад. Портлендро пиёдаву савора чанд руз аст, ки тамошо мекунам. Миёни вохурихо ва баъди соати 16 мо фурсати истирохату тамошо дорем. Ман мисли хар сафари дигарам ба хама чиз таваччух мекунам, мехохам хар чизи бароям шавковарро аз тарчумону аз хамсухбатон бипурсам. Имруз мо се вохури дорем. Субх мо бо Карла Акстман –мухаррири блоги «Blue Oregon» вохурдем. Шакли сухбату вохурии мо одди аст: аввал хамсухбат хар чизе, ки барои худаш ва мо шавковар аст, онро байён мекунад ва баъд мо бо саволу пурсишхои худ ба у мурочиат мекунем. Чун мухтавои аксари вохурихои мо барои нашр нестанд, ман баъзан умумигуйи мекунам. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Департаменти Давлатии Амрико, Марроу, Портленд, Радио ва Телевизион, интихобот, тадкикоти журналисти | Leave a comment »










