Мо фақат баъди субҳона фаҳмидем, ки моро на 1, балки 2 вохӯрӣ интизор аст. Барои вохӯрии аввал бо ҳам ба идораи рӯзномаи “Rzeczpospolita” омадем. Моро муҳаррири он Isabela Kraj ба ошёнаи 3 роҳнамои кард, дар оғоз бо шарҳи мухтасар моро бо ин рӯзнома ошно кард. Аз душанбе то ҷумъа ин рӯзнома бо бахшҳои хабарӣ, сиёсӣ, ҳуқуқ, молия ва бозор, варзиш нашр шуда, шумораҳои ду рӯзи истироҳатии он тамоман фарқкунанда аст. Аксарияти журналистони ин рӯзнома дипломи журналистӣ надоранд. Бӯҳрон таъсири худро ба ин рӯзнома ҳам расонидааст. 150 нафар ба қариби ихтисор шудаанд. Бояд гуфт, ки ҳамасола беш аз 500 кас факултаи журналистиро хатм мекунанд. Дохилшавӣ ба факултаҳои журналистӣ дар Полша ҳам осон нест. Барои 1 ҷой то 30 нафар мубориза мебаранд. Аммо замони аз кор хориҷ шудан, дар Полша мардум аз он ҷумла журналистон аз баъзе имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд. Масалан, чанд фоизи маоши худро мегиранд. “Rzeczpospolita” ҳоло баъди “Wyborcza” дар Полша дар зинаи дуюм меистад.
Шароити кории онҳо ҳам хеле хуб аст. Мисли ҳама идораҳои дигар онҳо дар толорҳои калон гурӯҳӣ кор мекунанд, навтарин таҷҳизоти кориро доранд, маоши муайян доранд, ки аз он қаноатманд ҳастанд. Ба суоли ман, ки “оё роҳбарон ин ҷо ҳам аз миёни кормандони 1-2 «любимчик» ва ё “хабаркаш” доранд, ин зан ҷавоб гуфт, ки “ман мехостам, ки онҳо набошанд”. Яъне, хеле пӯшида, “бале, онҳо дар ҳама ҷо ҳастанд”, гуфт!
Бояд баргашта таъкид кард, ки журналистон дар Варшава хеле огоҳу бедор ва доно ҳастанд, ҳамаашон қариб масоили сиёсӣ, рақобату талоши аз хоби сиёсӣ ва сиёсатмадорон, мавқеъи ростҳову чапҳоро хеле хуб мефаҳманд ва шарҳ медиҳанд. Мо чанд нафареро, ки дар вохӯриҳоямон бо онҳо сӯҳбат доштем, дар шабакаҳои TV-и маҳаллӣ пайваста медидем.
Барои вохӯрии дуюм мо ба кӯчаи Урсыновска 22/2 омадем. Кӯчаи хеле орому зебо аст он. Тирамоҳ бо рангорангии баргҳо онро зеботар кардааст. Дар ин кӯча идораи Ассотсиатсияи лидерони гурӯҳҳои шаҳрвандии маҳаллӣ ҷоойгир аст. Моро 3 тан духтари ҷавон, кормандони ин ассотсиатсия пешвоз гирифтанд. Ин ассотсиатсия мустақил ва ғайритиҷоратӣ буда, аъзоёни он фаъолияти ҳукумати маҳаллӣ ва марказиро мониторинг ё назорат мекунанд. Мақсади онҳо ин аст, ки ҳама гуна маълумот барои ҷомеаи шаҳрвандии Полша дастрас ва ошкор бошад. Онҳо бо истифода аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ ба мансабдорон пешниҳоди гуногуни ба манфиати мардумро анҷом медиҳанд, роҳҳои эҳтимолии ҳалли мушкилоти ошкоршударо пешниҳод мекунанд ва донишу таҷрибаи худро барои нафарони шавқманд меомӯзонанд.
Ҳоло ин ассотсиатсия аз рӯи 3 лоиҳо кор мекунад:
- Маркази ғайридавлатии ҳуқуқ ва дастрасӣ ба иттилоот
- “Мониторинги пурзӯр”
- Буҷаи шаҳрвандӣ
Онҳо сомонаи худро доранд, ки ҳама маълумоти “ба хубӣ” ва ё “бо судбозӣ” ба даст оовардаи худро он ҷо мегузоранд (www.sllgo.pl ва ё www.watchdog.org.pl).
Дар Полша қонун дар бораи фонди деҳот амал мекунад, ки мувофиқи он сокинони деҳот ҳуқуқ доранд, ки дар ҷаласаҳо барои сарфи маблағҳои буҷаи гмин ё ба қавли мо ҷамоат, ширкат карда, таъсир расонанд. Ин ассотсиатсия амалӣ шудани ҳамин қонун ва сарфаву маблағҳои буҷаро ҳам назорат мекунад.
Хулоса, ман бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Полша хеле фаъол аст ва дастовардҳои хуб ҳам дорад.
Ин вохӯрии охирини мо буд ва мо баъди он ба маркази Варшава омада, баъд ҳар тараф пароканда шудем. Аз ҳамин шаб сар карда “бозгашт ба Ватан” сар мешавад. Мо ба ҳамдигар телефон ва нишонаи электронии худро додем ба умеди ҳамкорӣ ва дӯстӣ.
Ман ва ҳамроҳони ман ҳар рӯз кам-кам ҳар чиз харида, акнун ҳайронем, ки дар сумкаҳои худ чӣ гуна онро ҷо кунем? Ғайри он сумкаҳо боз 1 халтагӣ барои ҳамаи мо мерасад. Тӯҳфа харидем. Кӯдакон инттизоранд, ки дадаашон аз Варшава меояд ва ҳатман бояд ягон тӯҳфаву либосу бозичаву ширинӣ биёрад. Барои онҳо дигар ягон чиз муҳим нест!
Мо барои субҳ то фурудгоҳи ба номи Шопени Варшава рафтан аллакай таксиро ҳам киро кардем. Соати 10:50 аввал ба Франкфурт ва баъди 7 соату 10 дақиқа аз Франкфурт ба Душанбе парвоз хоҳем кард. Ин шо Аллоҳ!
То боздид Варшава, Саломалейк Душанбе, пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Тирамоҳ, Шопен, журналист, рузноманигорон, тӯҳфа, фурудгоҳ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ |












Добавить комментарий