“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (13)

Ҳар субҳ ба худ хосият ва ҷолиб оғозе дорад. Хаёл кардам, ки дар Варшава ҳаво чанд дақиқа пас тағир меёбад. Аммо субҳи ман бо сайругашти пиёда атрофи меҳмонхона сар мешуд. Баъд ба ошхона меравам. Он ҷо ҳар гуна мардумро дидан мумкин аст. Ду рӯз аст, ки кормандони ошхона мардумеро, ки ҳам субҳона кардаву ҳам барои нимарӯзашон ғизо гирифта, аз ошхона баромаданӣ мешавад “дастгир” мекунанд. Тақсимчаи баъзеҳородида кас дар тааҷуб мемонад! То лабрез шуданаш ба он ҳар чизе, ки дар рӯи он мизи шведӣ аст, “бор” мекунанд. Онро дида бовариам комилтар мешуд: “тоҷикон гурисначашму пурхур нестанд!” 

Мо ин саҳар аввал ба Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии шарқ омадем. Моро дар ошёнаи 5 – ум ду корманди ҷавони он Пажӯҳишгоҳ – Aleksandra Jarosiewicz  ва  Krzysztot Strachota  қабул карданд. Ин маротибаи дуюм аст, ки мо худро ба ҳамсӯҳбатамон шинос мекунем. Баъди  шиносои ғайри интизори мо вохӯрӣ характери бараксро гирифт. Он ду кас, ки бо забони руссӣ ҳарф мезаданду ба таҳқиқи Қафқоз, Туркия ва Осиёи Марказӣ машғул будаанд, ба ҷойи ҷавоб додан ба саволҳои мо (мисли вохӯриҳои дигар) худашон ба пешниҳоди саволҳо ба мо сар карданд. Албатта хуб аст, ки касе шуморо гӯш мекунаду шумо имкон доред, ки нуқтаи назаратонро баён кунед, вале бе огоҳӣ ва якбора ба пешниҳоди мавзӯъоти сиёсии муҳим гузоштан дар ҳоле, ки касе аз гурӯҳи мо сиёсатшинос нест, барои ман тамоман шубҳаовар намуд. Он ду нафар комилан дар ҳама маҳалли доғи Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон фикри моро донистан мехостанд. Ҳар кас ба андозаи фаҳмишу дониши худаш фикрашро гуфт. Онҳо, баъзе маълумотро барои худ қайд мекарданд. Берун шудани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, интихобот дар ҷумҳуриҳои мо, вазъияти феълии Бишкек ва Ҷалолобод,  вазъи ВАО-и мустақил дар кишварҳои мо ва мисли инҳо  аз мавзӯъҳои асосии таваҷҷӯҳи он ду ҳамсӯҳбати мо буд.

Хулоса, ҳис кардем, ки баъзеҳо дониставу надониста, бо чашм нодида ва бе далел ҳар чӣ мегӯянд ва табиист, ки он вақт боз нафароне пайдо мешаванд, ки ба он гуфтаҳо бовар мекунанд….

Вохӯрии дуюми мо дар мавзӯи блог ва истифодаи он дар бинои рӯзномаи “Rzeczpospolita” бо муҳаррир Andrzej Talaga сурат гирифт. Бар хилофи кишварҳои мо дар Полша блогерҳо мавқеъ ва нуфузи бештар надоранд. Сабабашро ин ҳамсӯҳбати мо дар он мебинад, ки дар Полша ВАО озод аст ва мардум ҳама гуна маълумотро аз сарчашмаҳои расмӣ ва боваридошта мегирад. Дар кишварҳое, ки на ҳама гуна маълумот дар саҳафоти газетаҳои давлативу хусусӣ нашр мешавад, мардум маҷбур аст, маълумоти заруриашро аз блогҳои блогерҳо, ки ошкуру пинҳон фаъолият мекунанд, пайдо кунанд.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки блогерҳо дар Полша ба вазъи сиёсӣ ва андешаҳои мардум ягон хел таъсир расонида наметавонанд. Идомаи сӯҳбати мо сари мавзӯъи фурӯши хабар, блогнависӣ дар доираи газета, системаи кории онҳо сурат гирифт.

Барои вохӯрии сеюм мо ба идораи хабарии TVP Warshawa омадем. Он дар Варшава ва вилояти он паҳн мешавад. Ду корманди ин TV моро бо студияҳо ва тамзимгоҳҳо шинос карданд. Соати 17 дар оғози бахши хабарӣ нуқсони техникӣ рух дод – якбора вазъи обу ҳаво дар эфир пахш шуд, кулоҳи барнома ба қавли кормандони TV “брак” буду “хвост” – и Ахбор умуман пахш нагашт. Вале духтари ровӣ комилан худро гум накард. Соати 17:03 бахшро сар карду баъди анҷоми нашр аз канори мо, бар хилофи “баъзе наттоқон” – и дигар бе ҳангомаву ғурур гузашту рафт!

Хулоса, дар ин TV бино солҳои 20 – ум сохта бошад ҳам, таҷҳизот ҳамагӣ замонавӣ аст.

Барои ман шавқовар барномаҳои TV Belsat буд, ки студияи он ҳамин ҷо воқеъ аст. Ин TV – и мухолифи режими Лукашенко аз ҷониби Вазорати Умури Хориҷаи Полша маблағгузорӣ шуда, барномаҳои худро бо забони беларусӣ тариқи моҳвора пахш мекунад.

Як вақт ёдатон бошад Лукошенко ҳамаи дипломатҳои Аврупоиро аз Белорусия ронда буд. Акнун онҳо ва ҳар нафари дигаре, ки хилофи ҳукумати Лукошенко ҳарфи гуфтанӣ дорад аз ин минбар истифода мекунад.

Хулоса, ки бесифат пахш шудани ахбори соати 17– и ин TV бо айби мо набуда, нуқсони техникӣ будааст…

Баъди ин вохӯрӣ мо бо ҳамроҳии тарҷумон ва роҳбаландамон Саша ба як ресторани ғизоҳои миллии полякӣ рафтем. Ба таҳхонаи он ресторан фуромадем. Саша таркиби қариб ҳама ғизоҳоро гуфт ва ҳар кас ғизои ба назараш хуштамъро фармоиш дод. Он ҷо муҳим ин буд, ки мо ягон ғизои миллии мардуми Полшаро бичашем ва чашидем. Чӣ ном дошт, фаромӯш кардам, вале тамъаш бад набуд.

Дилам ду ҳафта аст, ки барои оши тоҷикӣ гум мезанад. Паҳ! Тоҷикистонро пазмон шудам. Ҳар рӯз аз  Net хабарҳои навро мехонам, ба як–ду шинос нома менависам. Вале хуморам бо ин намешиканад. Мо субҳи шанбе ба Франкфурт ва аз он ҷо баъди чанд соати интизорӣ ба  Душанбе парвоз мекунем.

Пагоҳ моро фақат 1 вохӯрӣ интизор аст. То пагоҳ!

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти