“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (14)

Мо фақат баъди субҳона фаҳмидем, ки моро на 1, балки 2 вохӯрӣ интизор аст. Барои вохӯрии аввал бо ҳам ба идораи рӯзномаи “Rzeczpospolita”  омадем. Моро муҳаррири он Isabela Kraj ба ошёнаи 3 роҳнамои кард, дар оғоз бо шарҳи мухтасар моро бо ин рӯзнома ошно кард. Аз душанбе то ҷумъа ин рӯзнома бо бахшҳои хабарӣ, сиёсӣ, ҳуқуқ, молия ва бозор, варзиш нашр шуда, шумораҳои ду рӯзи истироҳатии он тамоман фарқкунанда аст. Аксарияти журналистони ин рӯзнома дипломи журналистӣ надоранд. Бӯҳрон таъсири худро ба ин рӯзнома ҳам расонидааст. 150 нафар ба қариби ихтисор шудаанд. Бояд гуфт, ки ҳамасола беш аз 500 кас факултаи журналистиро хатм мекунанд. Дохилшавӣ ба факултаҳои журналистӣ дар Полша ҳам осон нест. Барои 1 ҷой то 30 нафар мубориза мебаранд. Аммо замони аз кор хориҷ шудан, дар Полша мардум аз он ҷумла журналистон аз баъзе имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд. Масалан, чанд фоизи маоши худро мегиранд. “Rzeczpospolita” ҳоло баъди “Wyborcza”  дар Полша дар зинаи дуюм меистад.  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (13)

Ҳар субҳ ба худ хосият ва ҷолиб оғозе дорад. Хаёл кардам, ки дар Варшава ҳаво чанд дақиқа пас тағир меёбад. Аммо субҳи ман бо сайругашти пиёда атрофи меҳмонхона сар мешуд. Баъд ба ошхона меравам. Он ҷо ҳар гуна мардумро дидан мумкин аст. Ду рӯз аст, ки кормандони ошхона мардумеро, ки ҳам субҳона кардаву ҳам барои нимарӯзашон ғизо гирифта, аз ошхона баромаданӣ мешавад “дастгир” мекунанд. Тақсимчаи баъзеҳородида кас дар тааҷуб мемонад! То лабрез шуданаш ба он ҳар чизе, ки дар рӯи он мизи шведӣ аст, “бор” мекунанд. Онро дида бовариам комилтар мешуд: “тоҷикон гурисначашму пурхур нестанд!”  Читать далее →

Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе (12)

Имрӯз то соати 14 мо вақти озод доштем. Якҷоя хостем, ки боғи ҳайвоноти Варшавароо тамошо кунем. Боғи ҳайвонот дар майдони 40 га доман паҳн карда, хеле зебо аст. Кам-кам борон меборид. Вале он ба тамошо ва нақшаҳои мо комилан халал нарасонд. Ворид шудан ба ин боғ 13 злот буд. Манзараҳои афсонавӣ, дӯконҳои хеле зебо, майдонҳои мувофиқу тоза барои ҳар ҷонвари он боғ моро ба тааҷуб овард. Ба худам фикр кардам, ки агар 1 журналисти поляк барои тамошои боғи ҳайвоноти мо биёяд, шарманда хоҳем буд. Ғайр аз хонаи гориллаҳои азимҷусса дигар ягон ҷои ин боғ ягон хел бӯи нороҳаткунанда надорад. Хонача ва ҳавличае, ки барои хар сохтаанд…  ман намедонам онро ба чӣ муқоиса кунам…. Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (11)

Ҳаво ин субҳ туман ва гирифта аст. Мо бояд ба шӯрои этикаи ВАО равем. Хатсайр барои мо фаҳмо аст. Илова бар ин ҳар шом гид ва тарҷумони мо Саша истгоҳеро, ки субҳ бояд он ҷо ҷамъ шавем, мефаҳмонаду нишон медиҳад. Вохӯрии мо дар он марказ бо директор Ryszard Bankowicz баргузор шуд. Тибқи одат онҳо аввал дар бораи фаъолияти худ қисса мекунанд ва баъд саволҳои моро интизор мешаванд. Вобаста ба масъалаи нақзи ҳуқуқҳои мардум, шикояти бинандаҳои TV, судбозиҳои ровиёни радио бо як депутати  сиёҳпӯст сӯҳбат сурат гирифт. Мардум дар Полша хеле бедор ҳастанд. Масалан дар ҶТ баъди дар TV нишон додани чеҳраи як нафаре, ки бемории рӯҳӣ дорад, касе ба куҷое шикоят намебарад, дар ҶТ агар касеро бо гумони кадом ҷиноят дастгир кунанд, сураташро бе он, ки симояшро пӯшонанд, дар саҳифаи аввали газетаҳо нашр мешавад. Аммо дар Полша баъди дидани чеҳраи нафари ба қавли мардум “девона”,  ки ба куҷое мебурдандаш, мардум ба ин шӯрои этикаи ВАО муроҷиат кардааст, агар сурати гумонбарро чоп кунанд, то он вақте, ки ҳукми суд содир нашудааст, чеҳраи ӯро дар газета пинҳон мекунанд. Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (10)

Субҳи имрӯз маълум шуд, ки вохӯрии аввали мо, ки бояд соати 11 дар идараи маҷаллат  “Rzeczpospolita”  сурат мегирифт баргузор намешавад. Яъне мо то соати 13 вақти озод дорем. Касе мағозагарди рафту мо чанд кас ба тамошои боғи шохӣ рафтем. Гумонам он ҷо як замон гармобаву истироҳатгоҳу шояд  ҳарамсаройи шоҳӣ будааст. Зебоии он боғро бо сухан тасвир кардан душвор аст. Атрофатон пури санҷобу кабӯтар аст. Ман бори аввал медидам, ки парандаҳои хеле зебо парида дар панҷаи шумо мешинанду нонпораҳоро аз он ҷо гирифта мехуранд. Дар як канори боғ барномаи консерти мегузашт. Хоҳед рақс кунед. Тирамоҳ дарахтони атрофро хеле зебо кардааст. Мурғобиҳо ку дар оби ин боғ худро хаёлам хеле роҳату озод ҳис мекунанд. Дар ин боғ метавонед осорхонаву ёдгориҳои дигари таърихиро тамошо кунед…  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (9)

Субҳ ҳама аллакай дарак ёфт, ки як ҳамватани моро дирӯз дар Прага ғорат кардаанд. Баъди нома ба сафорати Тоҷикистон дар Олмон интизор набудем, ки ба мо дарҳол ҷавоб менависанд. Аз садорат номгӯи ҳуҷҷатҳоро баро тайёр кардани ҳуҷҷати бозгашти Манижа ба ҶТ фиристоданд. Мо онҳоро пагоҳ рӯзи душанбе ҳатман ба Олмон мефиристем. Ним рӯзи мо бо фикру нақшакашӣ ва эҳтимолу пешгӯиҳо гузашт. Имрӯз дар Варшава марафон оид ба дав гузашта истодааст. Роҳҳо аксаран банд ҳастанду нақлиёт бо хатсайрҳои дигар ҳаракат мекунад. Мо қаблан маслиҳат карда будем, ки шаби якшанбе ба сайри шабонаи шаҳри қадимаи Варшава меравем. Ду ҳамроҳи ман тамоман хоҳиши тамошо надоранд. Занги телефонии ман ба утоқи 110 бенатиҷа буд. Ману ҳамхонаам Азамат аз Бишкек роҳ сӯи шаҳри қадима гирифтем…  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Прага – Душанбе” (8)

Соат 22.  Мо 3 нафар ба истгоҳи қатораҳои Варшава омадем. Аҷобат дар оғози ин сафар ҳамин буд, ки зани хазинадор барои гирифтани чипта аз мо на шиноснома талаб кард ва на ҳуҷҷати дигаре. Дар билетҳои қатора низ ягон маълумот дар бораи мусофир нест – на ном навишта шудаасту на насаб. Чанд дақиқа пештар аз оғози сафар дар монитори дохили истгоҳ платформа ва ё қаторе, ки мусофирон ба он ҷо бояд раванд, пайдо мешавад. Барои касе, ки ба ин гуна тартиб одат накардааст, хеле душвор аст, боз агар ақалан забони англисиро ба ҳадди содда надонед, бароятон мушкил хоҳад буд. Қатора фақат 2-3 дақиқа меистад Мо роҳи ҳаракати қатораи худро ёфта ба вагон ворид шудем. Боз 3 духтари гурҷӣ ҳам ба купеи мо ворид шуданд. Онҳо донишҷӯ буданд.  Бояд гуфт, ки таҳсил дар Полша барои мактабиён аз моҳи сентябр ва барои донишҷӯёни макотиби олӣ 1 октябр сар мешавад.  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Прага – Душанбе” (7)

Вохӯрии мо имрӯз баъди субҳона аз идораи як рӯзномаи шаҳрии Варшава бо номи “Poludnic” оғоз шуд. Он рӯзнома бузургтарин шабакаи паҳнкунӣ дошта, бепул ба мардум тақсим карда мешавад. Муассис ва сармуҳаррираш Andrzey Roginski  моро дар идораи худ, ки ҳамагӣ 60 м2  андоза дорад қабул кард. Замони таъсисёбии ин рӯзнома онҳо як компютери кӯҳна, мизу курсӣ ва мошинаи чопии иҷорагирифтае доштаанду халос. Ҳоло 30 корманди ғайриштатӣ ва 3 корманди штатӣ доранд. Чизи аҷоиб он буд, ки онҳо дар рӯзномаи худ маводи навиштаи хонандагони мактабро чоп мекунанду агар муаллим дар бораи мактабу чорабиниҳои он нависад, чоп намекунанд. Ҳудуди 750 нуқта барои тақсимоти ин газетаи 8 саҳифагии бепул фаъол аст. Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (6)

Мо ҳар рӯз дар соати озод аз вохӯриҳо ба мағозаҳо медароем. Ман бештар шӯъба ва мағозаҳои кӯдакона мекобам. Ман бештар шӯъба ва мағозаҳои кӯдакона мекобам. Молу маҳсулоти хушнамуд ва босифат кам нест. Имрӯз вохӯрии аввали мо, ки бояд соати 10 ба вақти Варшава сурат мегирифт, ба вуқӯъ напайваст. Мо то соати 12:40 фурсати озод доштем. Ман ҳамкасбони худро аз Қирғизистон ба яке аз калонтарин мағозаи Варшава бурдам. Ҳайати Тоҷикистон аз дигарон дида “аврупоитар” аст, зеро 1 рӯз қабл аз дигарон ба Варшава расидем.

Тахфифҳои тирамоҳӣ ба бачаҳо форид. Ҳар кадоме бо 1–2 борхалта ба меҳмонхона баргаштем.  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (5)

Вохӯрии мо имрӯз аз Радиои ҷамъиятии Полша сар шуд. То расидан ба онҷо мо ба ҳар бинову кӯчаву роҳрав зеҳн мемонем.

Антенаҳои моҳворавӣ ин ҷо хеле кам аст, хаёлам ба он ҷо зарурат нест, аммо хилофи Душанбе балконҳо ҳамеша тоза ва холианд, бештарашон гулкорӣ шудаанд. Ин ҷо хилофи Душанбе биноҳои маъмурӣ панҷарҳои 3 метра надорад, кушодаву озодаанд. Тааҷубовар ҳамин аст, ки дар қатори мағозаву нуқтаҳои ғизохурии канори роҳҳо дар тамоми идораҳое, ки мо будем 2-3 ва ҳатто 4 нуқтаи ғизохурӣ ҷойи махсуси қаҳванӯшиву чойнӯшӣ ва дастгоҳҳои фурӯши  обҳои нӯшокӣ мавҷуд аст.  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (4)

Ин субҳ аз субҳҳои дигар тафовут надошт. Ҳамон меҳмонхона, ҳамон ошхона ва айнан ҳамон ғизои саҳарӣ. Дар мағозае, ки дар ҳамсоягии мо ҷойгир аст, аллакай бо мо дӯст шудаанд. Мо чанд калимаро аз полякӣ омӯхтем ва онҳо ҳам чанд калимаи дигар аз забони русӣ ёд гирифтанд. Вохӯрии мо аз агентии иттилоотии Полша сар шуд. Корманди ин агенти ба мо ҷойи корӣ, шароиту имкониятҳои онҳо, таҳияи хабар ва масъалаҳои дигарро фаҳмонд.  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (3)

Рӯзи мо аз субҳона оғоз шуд. Ҳарчанд “Atos” меҳмонхонаи якситорадор аст, вале субҳона мизи шведии хеле хуб дорад.

Гурӯҳи мо, ки аз се намояндаи Тоҷикистон, се нафар аз Қирғизистон ва як нафарӣ аз Ӯзбакистону Қазоқистон иборат аст, сӯи парлумон – сейми Полша роҳ гирифт. Парлумон инҷо низ аз ду палата иборат аст.

Атрофи бинои сейм, фаромадгоҳ ва роҳраву толорҳои он имрӯз пури мактабиёну донишҷӯён буд. Маълум мешавад, ки рӯзҳои душанбе, ки ягон ҷаласа баргузор намешавад, мақомоти  гуногун метавонад ба он ҷо хаттӣ муроҷиат карда, иҷозати вуруд ва ошноиро ба онҷо ба даст биёрад.  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти